Мақолаҳо

«Истиқлолияти давлатӣ – дарки масъулияти ватандорӣ»

Бингар ба Ватан, Истиқлол омадааст,

Ба халқи Ватан чи иқбол омадааст.

Бигзашт ҳама хорию нокомиҳо,

Як зиндагии поку ҳалол омадааст.    (Ниҳонӣ)

 

Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки ҷашни Истиқлолият бо ифтитоҳи чархаи дуюми НОБ «Роғун» рост омад, ки он боз як қадами устувор баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад.

Мову шумо шоҳид ҳастем, ки бо роҳбарии Пешвои миллат дар даврони истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамон гузошта шуда, барои таҳкими он бо заҳмати фидокоронаи мардуми сарбаланди кишварамон Тоҷикистон обод ва рушду нумӯъ карда истодааст.

Истиқлолият, давлат, ватандорӣ, манфиатҳои миллӣ мафҳумҳое мебошанд, ки маънои онро бояд ҳар як фарди ҷомеа дуруст дарк намояд.

Истилоҳи Истиқлолият дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиро дорад.

Тибқи маълумотҳои расмӣ аввалин давлатҳое, ки истиқлолият ба даст овардаанд, ин Ҷопон (соли 660 то милод), Сан-Марино (соли 301), Фаронса (соли 486), Маҷористон (с. 1001), Таиланд (с. 1238), Андорра (с. 1278), Швейтсария (с. 1291) ва баъдтар дигар кишварҳо. Охирин давлате, ки истиқлолият ба даст овардааст, ин Ҷумҳурии Черногория (с. 2006) мебошад.

Яке аз маъноҳои Давлат дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ чунин аст: ташкилоти сиёсии як ҷомеа, ки созмонҳояш умури онро идора менамояд; мамлакате, ки ба чунин ташкилот соҳиб аст: давлати марказиятёфта (мутамарказ), давлати мустақил.

Томас Гоббс, файласуфи англис нисбати давлат гуфтааст: «Агар одамҳо метавонистанд, худро идора ва ба тарзи табиӣ зиндагӣ кунанд, онҳо ба давлат ва ҳокимияти маҷбурӣ ниёз надоштанд».

 

Доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С. дар мақолаи худ «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат» овардааст:

“Баъди шикасти давлати мутамаркази Сомониён (819-999), сарфи назар аз он, ки тоҷикон дар қаламрави муайян зиндагии дастаҷамъӣ мебурданд, аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум буданд. Истиқлолият надоштанд. Тоҷикон аз «муайян кардани муҳтаво, мақсад, маром ва самтҳои фаъолияти давлатдорӣ» дар канор нигоҳ дошта мешуданд. Чунин ҳолат – яъне надоштани давлат, адами имкони тасмимгирӣ ва вобастагии сиёсӣ ба хислат, характер, ғурур, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ наметавонист, бетаъсир монад. Ҳатмист, ки ин нуктаро мо донем. Эътироф кунем. Ба хотири дарки ҳақиқати таърих - сарчашмаи хатоҳо, бохтҳо, омилҳои аслии фоҷиаҳои ҳазорсола». 

 

Давлати соҳибистиқлоли мо дар тӯли таърих бисёр фоҷиаҳоро аз сар гузаронид, аз ҷумла шикасти давлати Сомониён ба манфиати хулафои араб, падидаҳои босмачигарӣ ба манфиати сулолаи манғитиҳо, хатари аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол дар солҳои навадуми асри гузашта.

 

Ҷабри таърих аз қазо тоҷикро паҳну парешон кард,

Тоҷики бечораро безор аз ҷон кард.

Минбари бахти баландашро ба хоки роҳ яксон кард,

Душманаш ҳар кина дар дил дошт гар он кард.

(Давлат Сафар)

 

Аз ин рӯ, имрӯз мо бояд дар ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ҷасорат, матонат ва садоқат нишон дода, фарзандони худро дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Зеро ҳоло ҳам қувваҳои бадхоҳ, бахусус тавассути шаҳрвандони худи мо кӯшиши ноором сохтани давлати ҷавони моро доранд.

 

То ҳанӯзам оташи хашми рақиб,

Дар нигоҳи фитнаи чашми рақиб,

Ҳар замон дорад хурӯш.

Косаи равған ба ҷойи об дар дасташ,

Мезанад бар рӯйи оташ.

 

Хоҷагони Ғарб, ғарқи фитнаву шар,

Хоҷагони Шарқро гӯё, ки хуршед аст минбар,

Домани тоҷики раҳгумкардаро пур карда аз зар,

Медиҳандаш як камингаҳ дар лаби ҷар.

 

Эй адоватпешагони роҳи бенангӣ!

Шоҳроҳи мумфарши меҳр бошад,

Беҳтар аз пайроҳаи сангӣ.

Дар Ватан бошад зуҳури зиндагонӣ,

Дар Ватан бошад ҳузури зиндагонӣ. (Давлат Сафар)

 

Масъалаи дигаре, ки дар баробари истиқлолият, ватандориву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ арзиши муҳим дорад, дарк ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар ин росто доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С. дар мақолаи худ «Идеология ва манфиати миллӣ» қайд мекунад: «…принсипҳои маъмулии манфиатҳои миллӣ аз мавқеи назариявии Ғарб дар шарҳи зер аст: «консепсияҳои ба худ хос ва бағоят универсиалӣ, ки барои давлат ҳаётан муҳим мебошанд, ба монанди: худмуҳофизаткунӣ, мустақилият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти ҳарбӣ ва шароити хуби иқтисодӣ. Бо он сабаб, ки ҳеҷ кадоме аз мафҳумҳои зикрёфта наметавонанд, истисно ва ё дар алоҳидагӣ бартарӣ дошта бошанд, дар маҷмӯъ онҳоро бо тафсири «манфиатҳои миллӣ» ифода мекунанд».

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия шуд ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

Истиқлолияти давлатӣ, инчунин ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

 

Чист истиқлолият?

Сарбаландиву сарафрӯзӣ ба ҷон,

Қадри худ бишнохтан, то ҷовидон.

Қасри бунёди саодатмандӣ аст,

Насли ширинмеваи пайвандӣ аст.  (Давлат Сафар)

 

Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози барқарорсозӣ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ шӯравӣ дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд.

Қувваҳои бадхоҳ тавассути ашхоси гумроҳу нодон бо нақшаву дастури сармоягузорону сарпарастони хориҷӣ, ки бар хилофи иродаи мардуми тоҷик саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор карданд.

Мутаассифона, дар он айём ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси кишвар фирефтаи мафкура ва нақшаҳои харобкоронаи Ҳизби наҳзати ислом гашта буданд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз панҷ сол идома ёфта, рушди Тоҷикистони тозаистиқлолро даҳсолаҳо боздошт ва ба иқтисодиёти кишвар зарари ниҳоят калон расонид.

Воқеъбинона бояд баҳо дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо Сарвари хирадманд дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, бо меҳнату заҳмати содиқона ва азму иродаи қавӣ сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ кард ва ободу пешрафта гардонид.

Доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С. дар мақолаи худ “Аристотел: давлат ва сиёсат” қайд намудааст: “Боиси ифтихор аст, ки даврони истиқлолият сабк, шева ва усули давлатдории миллати тоҷикро воқеият бахшид. Он тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мудофиавиро дар бар мегирад. Мактаби давлатдории миллӣ усулан созмон ёфт. Бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад».

 

Барои насли ҷавони кишвар ва наслҳое, ки ба дунё меоянд, донистани ин ҳақиқат бисёр муҳим ва зарур аст, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҳз бо таҳрики қувваҳои беруна ва хиёнати ҷонибдорони онҳо, бахусус рӯҳониёни ифротӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки оташи онро бо роҳбаладии ҷавони қавиирода ва садоқатманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хомӯш карданд.

Корномаи Пешвои миллат ба навиштаҳои Низомулмулк, ки дар асараш «Сиёсатнома» овардааст, мувофиқ аст:

«… дониши ӯ ҳамчу шамъ бошад, ки бисёр рӯшноӣ диҳад ва мардумон бад-он рӯшноӣ роҳ ёбанд ва аз торикӣ берун оянд..»

Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Ҳарчанд ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо дастгириву пуштибонии самимонаи сокинон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилӣ хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд.

Вобаста ба ҷонфидоиҳо, заҳматкашиҳо ва меҳнатдӯстии тоҷикон олими рус Попов гуфтааст, ки «Миллати тоҷик чун мурғи самандар аз хокистар бармехезад».

Дар идомаи барқарорсозии ҳокимият, татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созандаи роҳбарияти кишвар вусъат пайдо карданд. Замина барои рушди босуботи Тоҷикистон гузошта шуд. Ҳамин тариқ, се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик шудааст. Дар натиҷаи таҳлилҳои асосноки роҳбарияти давлат, айни замон ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ шудааст.

Қадр созам обу ободию рушду равнақат,

Шукр гӯям аз фазои амну ҳам ороми ту.    (Ниҳонӣ)

 

Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он, ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад.

Доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С. дар мақолаи худ «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» вобаста ба масъулиятшиносӣ ва масъулиятнок будан қайд мекунад: «Маълум аст, ки мутафаккири бузург дар иҷрои вазифаи падарӣ худро ниҳоят ҷиддӣ ва масъулиятнок мешуморад: «Ман бояд фарзанди худро ба он одат кунонам, ки чӣ гуна вай ба маҳдудияти озодии худ одат кунад, онро паси сар намояд. Ҳамзамон, аз ҳамин гуна маҳдудиятҳо хуб истифода карда ҳам тавонад. Агар ин тавр нашавад, ҳама корҳо беҳудаанд. Фарзанде, ки аллакай аз тарбияи падару модар берун рафтааст, наметавонад аз озодии худ истифода кунад».

Яке аз омилҳои расидан ба қадри истиқлолият ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси ватандӯстиву ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва масъулиятшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре Пешвои миллат дар рӯзи «Иди дониш» таъкид карданд, маҳз дарк накардани қадру қиммат ва арзишҳои мафҳумҳои зикршуда аз тарафи ҷавонон яке аз сабабҳои ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон гардид.

Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ороми сайёра аз байн рафтааст.

Ҳар як ҳаводис ва воқеа, ки ба ҳаёти инсон ва рушди давлат зарари моддиву маънавӣ расонида, суботи кишварро ноором месозад, тақозои онро мекунад, ки сабабҳои сар задани онҳо мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор гирифта, минбаъд барои роҳ надодан ба чунин бесарусомониҳо чораҳои муассир андешида шаванд. Аз ин рӯ, мо, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилиро дорем, бояд дар ташаккули мафкураи насли наврас ва ҷавони кишвар ҷиҳати устувор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ бештару беҳтар масъулиятшинос бошем.

Бори дигар рӯ меорем ба мақолаи дар боло зикршудаи доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С., ки вобаста ба масъулиятшиносӣ қайд мекунад: «Масъалаи ҷолиби таваҷҷӯҳи махсусе, ки И.Кант мехоҳад диққати хонандаро ба худ ҷалб кунад, вазифа, масъулият ва уҳдадорӣ аст. Талаби онро дорад, ки марди ҷавон ба он сарфаҳм равад: «Амал, кор, фаъолият барои ман қиммат аст, на барои он ки мувофиқ ба хоҳиши ман аст, балки барои он, ки бо иҷро кардани ин кор ман вазифаи худро адо мекунам».  

Воқеият он аст, ки барои шинохти худ, миллат ва таърихи гузаштагони худ, дарки бошууронаи ҳар як фард чун падидаи зинда зарур ва муҳим аст. Дар ботинамон муҳаббат ба Ватан, ба миллат, ба сарзамини биҳишосо ва арзишҳои миллиамонро амиқ дарк ва бошуурона эҳсос намудан, раванди давомнокеро мемонад. Онро доимо, аз нигоҳи илмӣ ба тарзи системавӣ наомӯхтан, сарфи назар кардан, бо ҷузъиёт ба инобат нагирифтан, такмил надодан, оқибати ногувор дошта, ин ҳиссиётро ҷиддан зери суол мебарад.

Мақсади ҳама гуна назарияҳо, аз ҷумла донишҳои илмӣ дар масъалаҳои матраҳшуда иборат аз он аст, ки тавассути ин шакли шуур маълумоти баробар бо воқеият дастрас гардад. Зеро дониши мукаммал дар масъалаи худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ рӯҳи моро дар самти пайдо намудани ҳақиқат қонеъ мегардонад. Муҳимтарин вазифа муайян кардани муносибати тафаккури инсон ба воқеият, ба ҳақиқат аст. 

Оиди хизматҳои бузургу шоиста ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат баҳри рушду нумӯ, беҳсозии сатҳи зиндагии мардум, устувор намудани мавқеи кишвар дар арсаи байналхалқӣ, ибратомӯзӣ аз хислатҳои самимии ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, масъулиятнокӣ ва дигар хислатҳои накӯи Сарвари давлат бисёр мақомдорони сатҳи ҷаҳонӣ сухан гуфтаанд.

Аз ҷумла, собиқ Президенти Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷа гуфтааст: «… Мо ба он мақсад омадаем, то ба Пешвои асри XXI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст…».

 

Дарвоқеъ ҳар барнома аз муайян намудани ҳадафҳои асосӣ сарчашма мегирад ва Пешвои миллат консепсияи худро дар сохтмони давлат таҳия намуд, ки он пеш аз ҳама, муттаҳид намудани тамоми афроди ҷомеа ва ба даст овардани ваҳдату ягонагии мардуми кишвар аст. Пешвои миллат ба эъмори чунин давлате замина гузошт, ки фалсафаи асосӣ ва баёнгари мазмуну мундариҷаи он ваҳдату ягонагии сокинони он мебошад.

Бубинед, бештарин гузоришҳо ва ахбори расонаҳои дунё аз хунрезиҳои ваҳшиёна, куштор, одамрабоӣ, таркиш ва дигар даҳшатафканиҳои ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва ифротгароён иборат аст.

Хушбахтона, дар Тоҷикистон ҳаёти осоиштаи сокинон ва рушди бомароми давлат таъмин аст. Ба ин васила мо ба наслҳои оянда дастоварди бебаҳои таърихиро армуғон мебарем. Ин ҳам бошад, давлати миллӣ - ормони ҳазорсолаи ниёгонамон, ки пас аз суқути Давлати Сомониён барои эҳёяш ҷонбозиҳо ва ҷонфидоиҳо мекарданд.

 

Хуш биҳишти рӯйи дунё Тоҷикистони ман аст,

Сар ба сар сарсабзу зебо кӯҳсорони ман аст.

Дар ҷамоли поки Исмоили Сомонӣ нигар,

Рӯҳи ӯ шод асту гӯяд мулки Сомони ман аст.

(Бекмурод Зираков)

 

28 соли истиқлолияти давлатӣ ҳаёти ҷавонеро мемонад, ки ба зиндагии мустақил қадам мениҳад. Мо дарк кардем, ки дар тӯли даврони истиқлолият сулҳу суботро аз коми оташи ҷанг наҷот бахшидем ва ин роҳ, ки бисёр хатарнок буд, моро роҳбалади дурбин, матин, қавиирода, боғайрату содиқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят мекард.

Корномаи сиёсии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи равшани бархурдории миллати тоҷик аз ҳунари давлатдорӣ, мардумсолорӣ, ростқавлӣ ва садоқатмандӣ мебошад.

Меликов М.Э.,

сардори Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ

 

Log in

create an account