Мақолаҳо

«Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таърихии он барои халқи тоҷик»

Чанде қабл мардуми шарифи Тоҷикистон иди муқаддасу тақдирсоз 22-юмин солгарди Рӯзи «Ваҳдати миллӣ»-ро ҷашн гирифт. Ин беҳтарин ва арзишмандтарин санае мебошад, ки устувории сохти давлатдории дунявӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ, рушди нумуми минбаъдаи кишвари азизамон Тоҷикистон ба он марбут аст. 

 Мафҳуми ваҳдат дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба маънои ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ, ваҳдати маънавӣ ба маънои ягонагӣ аз ҷиҳати фикру ақида, як будани мафкура омадааст.

Ваҳдат алоқамандии предметҳо, равандҳои муайян мебошад, ки системаи пурраи ҳамкории аз дохил устуворро ташкил медиҳад.

Калимаи ваҳдат дар луғати Ожегов ба маънои умумият доштан, монандӣ, мувофиқати пурраи ақидаҳо, ягонагӣ, яклухтӣ, муттаҳидӣ, муттафиқии миллат, мустаҳкамӣ, робитаи мутақобила, робитаи дутарафа омадааст.

Дар луғати Ушаков ваҳдат маънои ягонагӣ, яклухтӣ, тақсим нашудан, ягонагии давлат, ақидаҳо, манфиатҳо, умумият, ҳамфикрӣ, ҳамраъйиро дорад.

Уинстон Черчилл (1874-1965), ходими давлатӣ ва сиёсии Англия, рӯзноманигор, нависанда гуфтааст: «Кадом мақсад ҳамаи моро муттаҳид кардааст? Моро ақида, эътиқод муттаҳид ба он кард, ки ҳаёти Британияи кабир, шӯҳрати вай, вазифаи (миссия) вай дар ҷаҳон танҳо тавассути ваҳдати миллӣ ба даст меояд ва ваҳдати миллӣ танҳо бо мақсади боз ҳам бузургтар аз худи миллат ба даст меояд».

Умуман, дар бораи ваҳдат, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ олимону нависандагон, шоирон, ходимони сиёсӣ ва давлатии ҷаҳонӣ суханҳои бисёр баланд ва таъсирбахш гуфтаанд.

 

Ваҳдати кишвар – шиору матлаби хурду калон:

«Пешвои Тоҷикистон зинда бошу ҷовидон!»      (Ниҳонӣ)

 

Сабабҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

 

Раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар охири солхои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ — Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократӣ, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ овард. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ муқобили Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар воқеахои 11-14 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе бо задухӯрди намоишчиён бо сохторҳои давлатӣ анҷомид.

Бо парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ муборизаи дурудароз барои ҳокимият оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кӯҳнаи шӯравӣ ва иттиҳоди мухолифини исломиҳо, баъзе аз зиёиёни дурӯя, доираҳои тиҷоратию соҳибкорӣ ба муборизаи гурӯҳҳои минтақавию маҳаллӣ барои ҳокимият табдил ёфт. Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани марҳум Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун Президенти ҶТ (аз 29 ноябри соли 1990), паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ.Аслонов, С.Кенҷаев, А.Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти Тоҷикистонро баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеологӣ, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Баъди ба вазифаи Президенти Тоҷикистон интихоб гардидани Раҳмон Набиев (58,8 % овозҳо) нерӯи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд. Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои моҳи май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолиф ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.

Гузаштаи миллати тоҷик, ба истиснои давраи муайяни ҳукмронии сулолаи Сомониён ва ду даҳсолаи ахири замони нав фоҷиабор буд.

Агар ба таърих воқеъбинона назар андозем, дар ҳар ду ҳолат, маҳз бо саҳву хатоҳои алоқаманд бо ҷоҳталабӣ, кӯтаҳназарӣ ва судҷӯии баъзе ҳамтаборон, ки шароитро барои сӯистифодаи аҷнабиён муҳайё гардонид, миллати тоҷик амалан аз давлат ва дар ҳолати дуюм аз ҳокимияти марказонидашуда маҳрум шуд. Тоҷикистон ҳамчун мафҳуми ҷуғрофӣ (мамлакат) боқӣ монд, на дар доираи истилоҳи ҳуқуқӣ (давлат).

Муқовимати сиёсӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ дар замони сиёсати «бозсозии» Горбачёвӣ сар шуда, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт. Ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон ва умуман воқеаҳои фоҷиавии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардиданд. Чуноне Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат бенизомиҳои он даврро ба риштаи назм кашидааст:

 

Чунин разми беназмро кас надид,

Ва тасвири онро набояд кашид.

Зи тифлони гаҳвора то пири кор,

Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор.   

 

Ҷанги ба вуқӯъомада сабабҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Аввалан, дар рафти бозсозӣ чӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани маош, зиёд шудани теъдоди бекорон торафт норозигиро бештар мекард. Сониян дар ибтидои солҳои 90-ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифта, мардуми баъзе ноҳияҳо аз хӯрок, либос, пойафзол мӯҳтоҷӣ мекашиданд.

 

Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг...

                                                                                            (Ниҳонӣ)

 

Ҳамчунин сабабҳои дигари саршавии ҷанги шаҳрвандӣ ин:

 

  • афзалияти тафаккури қавмию маҳалгароӣ нисбат ба миллӣ байни аҳолӣ (бо сабаби маҳдуд будани робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии байни минтақаҳои ҷумҳурӣ);
  • реша давондани мазҳабҳои гуногуни исломӣ ва баланд гардидани нуфузи пешвоёни дини ислом дар байни аҳолии деҳот ва шиддат ёфтани зиддияти дохилимазҳабӣ ва маҳалгароӣ байни пешвоёни дин;
  • дастгирӣ ва таҳрики нерӯҳои мухолиф аз ҷониби сарпарастони хориҷӣ.

 

Бо мақсади хотима додан ба ин фоҷиаҳо, ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ)-и ба ном «Ҳукумати муросои миллӣ» 14 майи соли 1992 ташкил ёфт. Вале ин ҳукумат аз ӯҳдаи хомӯш кардани воқеаҳои сиёсӣ баромада натавонист ва мутаассифона, моҳи июли соли 1992 амалиёти ҷангӣ дар вилояти Қурғонтеппа сар шуд. Ҳамин тавр, оташи ҷанги дохилӣ, ё худ шаҳрвандӣ аланга зад. Ҳазорон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷои иқомати худро тарк карда, ба давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Россия ва дигар кишварҳои хориҷ фирор карданд. Муҳоҷирони иҷбории дохилӣ тахминан 1 млн нафар ва дар давлатҳои ИДМ 195 ҳазор нафарро ташкил мекард. Ҷанг ба ҷомеа ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ зарар расонида, 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Зарари иқтисодии ин ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Беш аз 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда, биною иншоот, корхонаю фабрикаҳо, муассисаҳои тиббӣ, маориф ва идораҳои давлатӣ хароб гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдак ятим монданд.

Ҳамаи мо суханони таърихӣ ва ҷавонмардонаи фарзанди бузурги халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки он давра ҳамагӣ чил сол дошт, дар ёд дорем, ки ба мардуми ранҷкашида ва аз ҷангу кашмакашҳо хаставу ноумедгашта чун Исмоили Сомонӣ эълон кард:

 «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё ман дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Сарвари давлат ба қавл устувор будани худро дар амал исбот намуда, ҳамаи муҳоҷирони иҷбориро ба Ватани аҷдодӣ, ба назди фарзандон, хешу таборонашон баргардонид.

 

Худододе барои сулҳ буд ӯ, аз хатар нагрехт,

Ба марзи мулки афғон рафт, бар каф ҷон-ш бинҳода.

                                                                                              (Ниҳонӣ)

 

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ

 

Моҳҳои ноябр ва декабри соли 1992 дар мӯҳлати 16 рӯзу 384 соату 23040 дақиқа дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии ҶТ доир шуд. Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии ҶТ буд. Ба ин вазифаи олӣ беш аз ҳама шахси далеру нотарс ва ҷасуру дурандеш, тавоно, устувор, хирадманд, оқил, ташкилотчии моҳирро интихоб кардан зарур омад.

19 ноябри соли 1992 бо пешниҳод ва ҷонибдории 186 нафар аз 197 вакилон дар иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии ҶТ интихоб гардид.

 

Будану нобудани давлат, яқин буд дар хатар,

Тинҷию амни Ватан вобаста буд, аз ҳар нафар.

Ҷаҳди қисматсоз андар Маҷлиси Арбоб шуд,

Раҳбари давлат як шахсияти ноёб шуд.   (Ниҳонӣ)

 

Соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукуматхои маҳаллӣ машғул шуда, ба пояҳои аввали давлати мустақили Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ эҷод кард.

Тавре доктори илмҳои сиёсӣ С.С.Ятимов дар мақолаҳои худ “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат”, “Илм ва амният”ишора кардааст:

Давлат падидаи ҷамъиятӣ аст. Он дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар давраи муайяни таърихӣ арзи ҳастӣ кардааст. Аз нигоҳи онтологӣ, давлат дар марҳилаҳои пайдоиш ва ташаккули хеш зинаҳои ниҳоят мушкил ва пуртазоди таърихиро аз сар гузаронидааст.

Муҳимтарин вазифаҳои давлат, дар ҳама шаклҳои он, таъмини истиқлолият, тамомияти арзӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон маҳсуб мегардад. Мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте зимоми сиёсиро ба даст гирифт, ки қувваҳои худхоҳ, воқеан, низоми мутамарказонидашудаи давлати тоҷиконро, ки бо амри тақдир истиқлолият касб карда буд, пора-пора карда буданд. Дар Тоҷикистон давлат ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ вуҷуд надошт.

Аллома Бобоҷон Ғафуров ҷараёни ба сари давлат омадани Исмоили Сомониро чунин шарҳ медиҳад: «Исмоил тахтро аз Наср кашида нагирифт, зеро ӯ… чунин даъво надошт. Ӯ фақат барои истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсии Бухоро ва ба мулки хосса… табдил додани он мубориза мекард ва дар соли 888 ба ин нияти худ расид ва мулки хоссаи ӯ Бухороро пойтахти давлати Сомонӣ эълон кард».

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбари ҳокимияти сиёсӣ интихоб гардид, ки воқеан пойтахти мамлакат имкони таъмини иҷрои вазифаҳои конститутсионии худро аз даст дода буд. Ва он бояд барқарор карда мешуд.

Исмоили Сомонӣ ба мардуми бухоро сулҳ, оромӣ ва осоиштагӣ овард. «Ин ғалаба ба Исмоил аз он сабаб муяссар гардид, ки ӯро оммаи халқ-мардуми авом ва пешварон дастгирӣ карданд». Ва ӯ эълон кард: «То вақте ки зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд карданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».

 Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набудаанд, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд.

 

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ

ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

 

Бояд воқеъбинона иқрор шуд, ки маҳз бо ҷаҳду талош ва хоҳиши Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон додани ҷавонмардӣ, ақлу заковати баланд, дарку эҳсоси оқибати даҳшатбори ҷанг ва албатта хоҳишу мароми бевоситаи аксарияти мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии кишвар имконият ва шароит фароҳам оварда шуд, ки барои хотима додани ҷанги дохилӣ ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ дасту остин барзананд. Чунин ният дар рафти кори иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд соли 1992 оғоз гардида, дар давоми музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ солҳои 1994—1997 ва амалӣ шудани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (аз 27 июни с. 1997) зоҳир гаштааст.

 

Сулҳҷӯён рафт Машҳад, Тошканд, Ашқобод,

Сулҳи тоҷикон самар фарҷом дар Маскав бидод.

                                                                                              (Ниҳонӣ)

 

Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ

 

Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 давом карда, дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва мухолифин, 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва роҳбарияти мухолифин баргузор гардидааст. Дар рафти музокирот 9 асноди асосӣ, ки асоси «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро дарбар мегирифт, қабул шуданд.

 

Давраҳои музокироти миёни тоҷикон

 

Музокирот ва машваратҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мухолифин оид ба ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон ва расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (с. 1994—1997):

  • Даври 1: 5-19 апрели 1994 дар Маскав
  • Даври 2: 18-28 июни 1994 дар Теҳрон
  • Даври 3: 20 октябр - 1 ноябри 1994 дар Исломобод
  • Даври 4: 22 май −1 июни 1995 дар Алма-Ато
  • Даври 5:

Марҳалаи 1 — 30 ноябр - 22 декабри 1995 дар Ашқобод

Марҳалаи 2 — 26 январ - 18 феврали 1996 дар Ашқобод

Марҳалаи 3 — 8 - 21 июли 1996 дар Ашқобод

  • Даври 6: 5-19 январи 1997 дар Теҳрон
  • Даври 7: 26 феврал - 8 марти 1997 дар Маскав
  • Даври 8:

Марҳалаи 1 — 9 - 16 апрели 1997 дар Теҳрон

Марҳалаи 2 — 22 - 28 майи 1997 дар Теҳрон

  • Музокироти ҷамъбастӣ — 24-27 июни 1997 дар Маскав

 

Инчунин се даври машваратҳои тарафайн байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин  дар рафти музокирот шуда гузаштаанд:

  • даври 1 — дар Теҳрон, 12-17 сентябри соли 1994;
  • даври 2 — дар шаҳрҳои Маскав, Душанбе, Исломобод, Теҳрон, феврали соли 1995;
  • даври 3 — дар Маскав, 19-26 апрели соли 1995 баргузор гардиданд.

 

Мулоқот ва музокироти Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ ва роҳбарони мухолифин

 

  • Мулоқоти 1 — 17-19 майи 1995 дар Кобул. Изҳороти муштарак.
  • Мулоқоти 2 — 19 июни 1995 дар Теҳрон. Изҳороти муштарак.
  • Мулоқоти ғоибона — августи 1995 дар Душанбе-Кобул. Протокол «Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 17 августи соли 1995 (дар алоҳидагӣ ба имзо расидааст).
  • Мулоқоти 3 — 10-11 декабри 1996 дар Хусдеҳ (Афғонистони Шимолӣ). Изҳороти муштарак. Протокол «Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат» аз 11 декабри соли 1996.
  • Мулоқоти 4 — 23 декабри 1996 дар Маскав. Созишномаи Президенти ҶТ ва роҳбари ИНОТ. Протокол «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 23 декабри соли 1996.
  • Мулоқоти 5 — 20-21 феврали 1997 дар Машҳад. Изҳороти муштарак. Протоколи иловагӣ ба протокол «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997. Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ.
  • Мулоқоти 6 — 16-18 майи 1997 дар Бишкек. Ёддошти Бишкек. Протокол «Дар бораи масъалаҳои сиёсӣ» аз 18 майи соли 1997.

 

27 июни соли 1997 дар ин рӯзи таърихии тақдирсоз барои мардуми Тоҷикистон дар ш. Маскав санадҳои зерин ба имзо расидаанд.

  • Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.
  • Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва роҳбарияти ИНОТ.
  • Изҳороти Маскав — аз ҷониби Президенти ҶТ Э.Раҳмон, роҳбарияти ИНОТ ва намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Г.Д.Мерем ба имзо расидааст.

 

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.         (Лоиқ Шералӣ)

 

1 ноябри соли 1999 ҳангоми вохӯрии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Дабири кулли СММ Кофи Анан таъкид, шуд ки дар Тоҷикистон СММ дар кори ҳалли низоъҳо таҷрибаи нодире пайдо кард. Ва ин таҷриба ҳам аз нигохи тарзи дахолат, усул ва роҳҳои ҳалли танзими вазъ ва ҳам аз ҷиҳати ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар «нуқтаҳои доғ» шоистаи омӯзиш мебошад.

 

Новобаста аз ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардида буд, ҳоло ҳам мухолифон аз ниятҳои душманонаи хеш даст накашида, бо дастгирию пуштибонии сарпарастони хориҷии худ фаъолияти зиддиҳукуматиашонро идома медоданд. Зеро онҳо ниятҳои хоҷагонашонро амалӣ карда натавониста, онро бояд ҷуброн мекарданд.

Оиди наздикӣ ва ҳамкории роҳбарони ТЭТ ҲНИ бо роҳбарони ташкилоти байналмилалии террористӣ дар рӯзномаҳои даврӣ даҳҳо маводҳо нашр шудаанд.

Айни замон роҳбарону аъзоёни фирории наҳзатӣ ҷаҳду талош ва тамоми кӯшиши худро ба он равона намуда истодаанд, ки иртиботи амиқи ин ҳизби экстремистӣ-террористиро бо ташкилотҳои дигари террористии байналхалқӣ ба мисли «Толибон», ДОИШ, «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва дигарон пинҳон карда, ташкилоти ифротии худро дар шакли дунявию демократӣ ва либералӣ нишон диҳанд. Бахусус роҳбари кунунии он М.Кабирӣ кӯшиш кард, ки худро шахси озодихоҳу либерал нишон дода, дар доираҳои аврупоӣ эътироф ёбад ва аз грантҳои ғарбӣ бенасиб намонад. Номбурда ҳатто номи ТЭТ ҲНИ-ро тағйир дода, худро раиси ташкилоти сунъии «Паймони миллии Тоҷикистон» муаррифӣ менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки далелҳои раднопазир оид ба робитаи бевоситаи ТЭТ ҲНИ бо ташкилотҳои байналхалқии террористӣ, маблағгузории наҳзатиён тариқи нишондодҳои роҳбарону аъзоёни боздоштшудаи ТЭТ ҲНИ расонаӣ шудаанд.

 

Эй хиёнатпеша, эй хоин!

Пас магӯ ҳарфе дигар аз расму оин.

Аз раҳи номусу нанги Тоҷикистонӣ бурун шав!

Хонаи тоҷикро оташ мазан аз нав.

Ин сухан аз ҷону дил бишнав:

Мо ваколатпарвари панди бузургонем,

Тоҷикистонро касе, ки сохт бо онем.

Сарвари мо, Сарвари номусу нанги мост,

Шаҳсутуни меҳри мо бо номи ӯ барҷост!

                                                                                   (Давлат Сафар)

 

Даврони рушди Тоҷикистон

 

Бо барқарор кардани ваҳдати миллӣ, низоми устувори давлатдорӣ, побарҷо шудани ҳокимият дар Марказ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, Пешвои миллат ба марҳилаи дигари фаъолияти пурсамари худ, яъне беҳтар намудани вазъи некӯаҳволии халқи азияткашида ва меҳнатқарини тоҷик камари ҳиммат бастанд.

  • 30 октябри соли 2000 - ба муомилот баромадани пули миллӣ - «сомонӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 15 июни соли 2001 – аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • солҳои 2005 – 2009 – сохтмон ва ба истифода супоридани НБО Сангтӯда – 1 (670 МВТ).
  • соли 2008 – оғози корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун бо иқтидори 3600 мВт.
  • солҳои 2006 - 2011 - таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Айнӣ – Шаҳристон – Истаравшан – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак (сарҳади Ӯзбекистон), ки 411 км дарозӣ дорад;
  • роҳи автомобилгарди Душанбе – Ҷирғатол - Саритош (Қирғизистон);
  • нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб, "Шаршар" ва "Шаҳристон", ки ноҳияҳои шимолу ҷануби ҷумҳуриро ба ҳам пайвастанд;
  • сохтмони хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЕП – 500 кВт) бо дарозии 350 км.;
  • сохтмони хати баландшиддати барқии «Лолазор – Хатлон» (ЛЕП – 220 кВт);
  • 20 феврали соли 2006 - оғоз гардидани сохтмони НБО Сангтӯда–2 бо иқтидори 220 мВт;
  • 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 мВт ба истифода дода шуда, корҳо барои мавриди истифода қарор додани агрегати дуюм аллакай анҷом ёфтааст.

 

Бинои НОБ-и Роғун арсаи номӯсу нангат шуд,

Аз ин ҷовид дар таърих мемонӣ, ту меарзӣ.    (Ниҳонӣ)

 

То инҷониб дар мамлакат корхонаҳои зиёди саноатӣ сохта шуда, боғҳо бунёд, заминҳо барои кишт азхуд ва истифода шуда, ҷойҳои кории зиёд ташкил гардид. Давлат ду ҳадафи стратегӣ -  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро муваффақона анҷом дод ва ин раванд идома дорад. Айни замон ҳадафи чоруми роҳбарияти кишвар саноатикунонии кишвар роҳандозӣ шуда истодааст, ки ба амалӣ шудани он низ мо итминони комил дорем.

Дар ин замина бояд иқрор шуд, ки пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати кӯтоҳи таърихӣ маҳз бо ҷаҳду талоши пайгирона ва мақсадноки Пешвои миллат ва ваҳдати тамоми тоҷикистониён имконпазир гардид. 

Омӯзиши таърихи навтарини миллати тоҷик нишонгари он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути Ақл, Хирад, тадбир ва тавоноии Сухан, ки аз ҷавҳари маънавиёти бузурги ӯ сарчашма мегиранд, тавъам бо рафтори ҷавонмардонааш тавонист дар дилу дидаи мардум ҷо шавад, ба кишвар сулҳ биёрад ва суботу амниятро дар Ватани азияткашидаи мо барқарор созад.

 

Агар гӯям, ки ҳарфат гавҳару тиллост, меарзӣ,

Бигӯям сурататро зиннати дунёст, меарзӣ.     (Ниҳонӣ)

 

Аҳамияти таърихии ба даст овардани ваҳдат дар он ифода меёбад, ки давлат аз нобудшавӣ, миллат аз парокандашавӣ ва дар маҷмӯъ аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани Тоҷикистон пешгирӣ гардида, пойдории сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷомеа минбаъд ба рушду инкишофи мунтазами кишвар, афзун гардидани дастовардҳои иқтисодӣ, беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маънавии он мусоидат намуд. Бо талоши Пешвои миллат ва меҳнати  шабонарӯзии ин марди бузург кишвар обод ва нуфузу эътибори аздастрафтаи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ барқарор гардид.

Таърих гувоҳ аст, ки чунин таҷриба дар дунё назир надорад. Бешубҳа, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби давлатҳои дунё ва тарафҳои даргир ҷиҳати расидан ба сулҳ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст, ки заминагузори ин дастовард Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба даст омадани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати ҷавони мо шароит фароҳам овард. Ба шарофати он дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омаданд, ба мо имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузорем. Муҳимтар аз ҳама раванди худогоҳиву худшиносӣ такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ пояҳои истиқлолияти кишварро мустаҳкам, муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Дар андешаи Сарвари давлат истиқлолият аз бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик тафсир карда мешавад.

 Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АИ ҶТ Ятимов С.С дар мақолаи «Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ» менигорад: «Боиси таассуф аст, ки барои баъзе ашхос мафҳуми истиқлолият хосияти ҳошиявӣ, номуайянӣ ва космополитӣ дорад. Заминӣ, мантиқӣ нест. Аз панди «зи баҳри бару буму фарзанди хеш, зану кӯдаки хурду пайванди хеш» (Фирдавсӣ) сарчашма намегирад. Ин ашхос аз рӯи мантиқи «он ҷо, ки ҳасиб аст, он ҷо насиб аст» амал мекунанд. Вориди бозиҳое мегарданд, ки дар онҳо имкони эҷоди хатар ба истиқлолияти Ватан мавҷуд аст ва чунин рафтор барояшон ба ҳайси навъе аз «пешаи ифтихорӣ» қабул шудааст».

 Бояд зикр кард, ки самараи меваи ваҳдат буд, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷавони даҳшатҳои ҷангро пасисаркарда дар муддати кӯтоҳ рушду инкишоф ёфт. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор касб карда, ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти давлат дар соҳаи таъминот бо оби нӯшокӣ қабул гардиданд. Ҷашнҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ аз қабили Наврӯз, Шашмақом ва чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд.

Маҳз сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ба рушду инкишофи кишвар, бунёдкориву созандагӣ, эҳёи миллат ва давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Меликов М.Э.,

сардори Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ

Log in

create an account