Мақолаҳо

ЭРАЗМУС+ : Низоми байналмилалӣ дар масоили эътироф, баробарарзишӣ, интиқол ва табодули фаромарзии донишҷўён

Дар ҷаҳони муосир ва раванди ҳамгироии байналмилалӣ рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ зарур мебошад. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм пеш аз ҳама ҳамкориро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалие, ки ба дастовардҳои ҷадидтарини илмӣ комёб гардидаанд,  ба роҳ мондааст.

Аз ин рў, ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм бо созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО, ЮСАИД ва Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Ба вижа бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, Эразмус+, ки ҷиҳати ислоҳот ва таҷдиди самти маориф ва илм хоссатан дар таҳсилоти олӣ ҳамкории густурда дорад.

Ин аст, ки дар доираи барнома Эразмус+  рўзҳои 10-11 июни соли 2019 дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова семинари омўзишӣ дар мавзўи «Эътироф: таъсирнокӣ ҷиҳати дастрасӣ ба табодули фаромарзӣ дар самти таҳсилоти олӣ» баргузор гардид.

Дар кори семинари омўзишӣ беш аз 20 кишвар аз ҷумла, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Костарика, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Латвия, Дания, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Босния ва Герсоговиния, Ҷумҳурии Албания, Украина, Тунис ва ѓайра  иштирок намуданд.

Дар кори семинари мазкур, мутахассисони Барномаи Эразмус+, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва масъулони вазорату идораҳои марбути кишварҳои фавқулзикр ҷалб  гардиданд. Бояд тазаккур кард, ки кори семинари омўзишӣ ду рўз идома ефт. Дар ифтитоҳи кори семинари мазкур мутахассис Михейл Гайбел вобаста ба мавзўи «Эътироф: конвенсияҳои минтақавӣ оид ба эътироф ва Конвенсияи ҷаҳонии оянда» баромад намуда, авлавият ва ҷанбаҳои зарур будани онро ба ҳозирин ироа намуд.

Дар семинари мазкур масоили муҳимми низоми таҳсилоти олӣ пеш аз ҳама эътироф, баробарарзишӣ, тарз, методҳои муайян намудани дониши донишҷў, низоми интиқол ва табодули фаромарзии донишҷўён баррасӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир масоили эътироф ва методҳои муайян намудани дониши довталаб муҳим ва бориз мебошад, зеро аз таҷрибаи давлатҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Арабии Сурия бармеояд, ки бинобар сабаби ҷангҳои дохилӣ бисёре аз шаҳвандони ин кишвар ба давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Лубнон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гуреза гардиданд. Дар натиҷа, шаҳрвандони кишвари мазкур  ҳамагуна ҳуҷҷатҳои таҳсилӣ ва дараҷаҳои илмиро бинобар нооромӣ аз даст додаанд. Зимни муроҷиат ва иддаои онҳо, ки дорои таҳсилоти олӣ ва дараҷаҳои илмӣ мебошанд, аз ҷониби масъулини Вазоратҳои таҳсилоти олии кишварҳои қабулкунанда, саволнома ва тестҳои махсус, ки сатҳи дониши ин шаҳрвандонро муайян менамояд, таҳия гардид. Дар натиҷа, баъд аз санҷиш ба ин гурезарон ҳуҷҷат мутобиқ ба зинаи бакалавр, магистратура ва ё доктор PhD дода мешавад. Аз ҷумла, ин таҷриба, дар Ҷумҳурии Лубнон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, алалхусус дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, низоми интиқолдиҳии довталабон дар асоси низоми муайян намудаи (ECTS – European Credit Transfer System), ки донишҷў метавонад, бе мамоният тариқи онлайн дар асоси муроҷиат аз як донишгоҳ ба дигар донишгоҳ интиқол ёбад.

Инчунин, масъалаи сертификатсиякунонии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки баъд аз хатми донишгоҳ бояд ҷиҳати муайян намудани қобилиятнокӣ, маҳорат ва саводнокии онҳо сертификатсия гузаронида шаванд, то ин ки барои фаъолияти минбаъда дар муассисаҳои  давлатӣ ва ё шахсӣ иҷозат дода шавад. Зеро, танҳо мутахассисони баландихтисос ва қобилиятнок метавонанд, ҷиҳати рушди соҳа таъсир гузоранд.

Зимнан, намояндагони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Фаластин, Ҷумҳурии Костарика, Ҷумҳурии Урдун ва Ҷумҳурии Молдова вобаста ба  таҷрибаи донишгоҳҳои кишварҳояшон дар масоили табодули фаромарзӣ, эътироф ва баробарарзишӣ  маълумот доданд.

Дар мисоли низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон, ки дар раванди ислоҳот ва гузариш ба низоми Балонӣ қарор дорад, таҷрибаи кишварҳои болозикр хеле муҳим мебошад. Зеро, феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми интиқол ва барқароркунии (ECTS – European Credit Transfer System), эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилӣ, сертификатсиякунонӣ, саволнома ва тестҳои махсус, ки сатҳи дониши ин шаҳрвандонро месанҷанд ба таври пурра ба роҳ монда нашудааст. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми баробарарзишӣ ҳуҷҷатҳои таҳсилӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ мегардад. Метавон ба таврӣ намунавӣ ёддовар гардид, ки эътирофи бевоситаи (ё автоматӣ) ҳуҷҷатҳои таҳсилӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси созишномаҳои дуҷониба ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла :

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии унвонҳо ва дараҷаҳои илмӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии унвонҳо ва дараҷаҳои илмӣ.

Масъалаи табодули донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар дохили кишвар ба таври анъанавӣ бо розигии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Вазорати маориф ва илм сурат мегирад. Ҳамзамон, бо назардошти аз аккредитатсияи байналмилалӣ нагузаштани муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ва истифода нагардидани низоми (ECTS – European Credit Transfer System) табодули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар мушкил мебошад.

Феълан, Вазорати маориф ва илмро мебояд ҷиҳати ворид намудани низоми байналмилалӣ дар самти эътирофи бевосита “ё автоматӣ”, ворид намудани низомӣ интиқол ва барқароркунӣ (ECTS – European Credit Transfer System), сертификатсиякунонии хатмкунандагон ва мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олӣ  тадбирҳои амалӣ андешад.

HERE  

National Erasmus+ Office in Tajikistan

 

Log in

create an account