Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БА ИНСОНИЯТ

Саҳифаи таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набуда, террору одамкушӣ, дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногӯн аз худ дарк додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошанд. Аслан бояд қайд кард, ки терроризм зуҳуроти мураккаб буда, мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ фарҳангӣ сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайванди дорад.

Имрӯз хатари терроризм ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳама давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи созмонҳои террористӣ тораф васеъ шуда, фаъолияти онҳо ба ҳама кишварҳои ҷаҳон хатар эҷод намуда истодааст. Амалҳои ваҳшатангезе, ки гурӯҳои террористӣ солҳои охир дар Афғонистону Покистон ва берун аз он содир карда истодаанд, на танҳо Осиёи Марказӣ, балки мардуми дигар қитъаҳоро низ ба ташвиш оварда, хеле мутаассир гардонидаанд. Аъзоҳои ин гурӯҳои террористӣ ҷонибдори ба вуҷуд омадани нооромӣ, хунрезӣ ва ҷангу ҷидолҳои ваҳшатангезанд. Онҳо ба хотири расидан ба мақсад ва ҳадафҳои харобкоронаи худ роҳҳои мусаллаҳонаро пеш гирифтаанд.

Воқеаҳои ахире, ки дар сарзамини як қатор давлатҳои араб, аз ҷумла Сурияву Ироқ рух доданд, дар бераҳмӣ, зулм, бедодгарӣ ва камоли ваҳшоният дар ҳаёти инсон мебошад. Амал ва ақидаҳои номатлуби террористон солҳои охир ба мардуми кураи замин бисёр бадбахтиҳоро оварда истодааст, ки чунин ҳолат ба насли ояндаи инсон зарари бузург оварда мерасонад. 

Терроризм аз зумраи мушкилоти тезутунди замони муосир ба шумор меравад. Боиси нигаронист, имрӯз шахсони алоҳида ва гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки бо мақсади халалдор сохтани оромии давлат ва ҳаёти мардум бо роҳу воситаҳои гуногун, ба монанди ҳуҷуми мафкуравӣ, пешниҳоди маблағи зиёд ва ё дигар усулҳои ҷалбнамоии эътибори одамон барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки хеш кӯшиш мекунанд. Роҳи асоситарине, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ барои ба худ моил сохтани ҷомеа истифода карда истодаанд, ҳуҷуми фикрӣ ё равонӣ маҳсуб меёбад. Террористон дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон, ки байни онҳо ашхоси аз ҷиҳати иродаву шуурнокӣ ноустувори ҷамъият бештар мебошанд, такия менамоянд. Ҷавонон, ки нисбатан аз нигоҳи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинӣ заъф дорад, идора кардан осон аст. Аз ҳамин сабаб ҷавонон нишону ҳадафи асосии гуруҳҳои ифротӣ маҳсуб меёбад. Шомилшавии як қисми ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро аз сабаби паст будани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинӣ, надоштани дониши мукаммали сиёсиву динӣ, бо таври кофӣ дарк накардани моҳияту ҷавҳари аслии дини ислом ва бо ин сабаб тақлидҳои кӯр-кӯронаи ноогоҳона ба баъзе аз афрод, беиттилоӣ аз моҳияти аслии афкору идеологияи ҳаракатҳои ифротгароӣ сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ, сулҳу субот, роҳ надодан барои сар задани ҳар гуна ҳаракатҳои дорои хусусияти ҷангҷӯёна кӯшиш намоем, зеро мубориза алайҳи терроризм вазифаи ҳар фарди ватандӯст мебошад.           

            Соҳибназарзода М,сокини шаҳри Хуҷанд

 

Log in

create an account