Мақолаҳо

Найрангбозиҳои саркардагони ТЭТ «ҲНИ»

Ҷаласаи САҲА, ки дар моҳи сентябри соли равон дар Варшава  гузашт, саркардаи  ТЭТ «ҲНИ»  Кабирӣ эълон дошта буд, ки аз роҳбарии  ТЭТ «ҲНИ» даст мекашад. Мащсад аз ин амалу хост бо дигар хоинони миллат ба мисли Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Темур Варщи, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигарон наздиктар шавад.  Ҳамин тавр Кабирӣ 15-20 авбоши дузди ғоратгари фирориро дар гирдаш ҷамъ намуда, «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис дод ва худро ҳамчун роҳбар эълон кард. Дар замоне, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон фаъолияти ғайрищонуниашро пинҳонкорона ба роҳ мемонд саркардаи он Кабирӣ ҳамеша иброз медошт, ки арзишҳои дини мубини исломро боло мегузорад ва аз руи он фаъолият менамоянд. Аз руи мушоҳидаҳои он замон маълум буд, ки саркардаи ТЭТ ҲНИ на арзишҳои дини мубини исломро ҳимоя мекарду на ба он таваҷҷуҳ мекард. Балки Кабирӣ ва пайравони ӯ аз номи дини мубини ислом истифода мебурд ва дар доираи арзишҳои ин дин ғаразҳои шахсӣ ва ҳизбии худро амали мекард. Ҳатто суйистифода аз арзишҳои исломӣ ҷавонони ноогоҳу шахсони гумроҳи саводу маърифати диннӣ надоштаро ба ТЭТ ҲНИ  аъзо мегардонид. Таърих гувоҳаст, ки ТЭТ «ҲНИ» ҳануз соли 1973  дар давраи Иттиҳоди шуравӣ дар маркази вилояти Хатлон пинҳонкорона  аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои хориҷа таъсис ёфта буд ва он  пас аз муддате бо номи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсии кишвар ошкоро шуд. Баъди расман фаъолият намудани ин ҳизб  дар кишвар ҷанги шаҳрванди сар зад, ки сабабгори асосии он маҳз саркардагони ин ҳизб буданд. Саркардагон, фаъолон ва пайравони ин ҳизб суистифода аз дини мубини ислом дар суханрониҳояшон дар гузашта чунин иброз медоштанд, ки «Наҳзати исломӣ бо ҳамин ном бощи хоҳад монд»,  «мо тасмими иваз кардани номро надорем ва зарурат ҳам нест». Гуфтаҳою амалҳои саркардагону фаъолони ин ҳизби мамнуъ бори дигар муайяну ошкор гашт, ки онҳо маҳз бо суйистифода аз номи дини мубини ислом мехоҳанд ба амалҳои разилонаю палидонаи худ идома диҳанд. Зеро, ки дар руҳияву ҷисми ин танг назарони курдии наҳзатиён нопокиву разолат ҷой дошт ва ҳамоно бощи мемонад. Саркардагону фаъолони ТЭТ ҲНИ аз таҷрибаи талхи таърих ибрат нагирифта, соли 2015 боз ба амалиёти мусаллаҳонаи зидди миллӣ даст заданд. Кабирӣ, ки яке аз ташкилкунандагони асосии ҳамлаи мусаллаҳона бар зидди сохти кониститутсионӣ буд,  пешаки ба хориҷи кишвар фирор кард ва бо дасти хоини бисёр ҳам машҳур ҳоҷиҲ алим Назарзода алангаи оташро даргиронд. Хушбахтона алангаи оташи разилонаи саркардагони ТЭТ ҲНИ дер давом накард ва он зуд хомуш карда шуд. Ҳамин тарищ моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар кишвар ҳамчун ташкилоти экстремистӣ террористӣ манъ карда шуд.

Саркардаи ТЭТ «ҲНИ» Кабирӣ бошад дар хориҷи кишвар даъвои ҳимоят ва пуштибонӣ аз наҳзат гуё ба хотири ислом дифоъ мекард. Аз руи амалҳои риёкоронааш аз хоҷагони хориҷиаш маблағба даст меовард.Таҳлилу мушоҳидаҳо чунин нишон медиҳанд, ки Кабирӣ на парвои наҳзат ва ҳатто на парвои ислом дошта, барояш на наҳзат ва на ислом ҳеҷ арзише надоранд, балки барои ӯ аз кадом хоҷаи хориҷие бештар маблағи муфт ба даст овардан аст.

Ҷ.Сатторӣ, таҳлилгар

Log in

create an account