Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ ДАР НИҚОБИ ИСЛОМ

 Дар охири асри XX ва ибдидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Экстремизм – ифротгароӣ ва Терроризм даҳшатафканӣ ин падидаҳои мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳи намуда, решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Бо тариқи мисол – дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида, гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни амалӣ намудани мақсадҳои худ одамони бегуноҳ қурбони мешуданд. Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву техналогияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолиятӣ давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари таъсири омилҳои айни ва зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гуруҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Гуруҳои ифротии таъсисшуда, аз ҷумла ҲНИТ аз шикасти идеологияи коммунистӣ истифода намуда, дар муҳити холигии ба миён омада, идеологияӣ исломиро пур намуд. Ин гуруҳои таъсисшуда дини исломро баръало истифода намуда, барои мустаҳкам намудани мавқеъи худ идеологияи исломро пеш гирифтанд. Дар асл бошад, ҳизбу гурӯҳҳои бо истифодаи дини ислом манфиатҳои худро амалӣ менамуданд.

Ҳаминтариқ, байни сокинони кишвар ҷудоҳихоҳӣ ба вуҷуд омада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангӣ шаҳрванди рӯх дод. Дар ҷараёни ин ҷанг майдоннишиниҳо ба вуҷуд омада, боз ҳамон гуруҳои ифротӣ истифода аз дини ислом ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба ҷараёни кори Парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони боломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб даст заданд, ки рафтори онҳо аз амалҳои террористӣ фарқият надошт. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гуруҳи осебпазир пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфтанд, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд.

Фақат хирадии мардум, сиёсати сулҳҷуёна ва инсонпарваронаи Роҳбари мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон миллат ва ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва истиқлолияти давлатиро боз ҳам комил гардонад.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақомоти дахлдори далатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ гашта истодааст. Вале як сохтор ё мақомӣ давлатӣ наметавонад ба танҳои кулли ҷомеаро тағийр диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ ватани азизамонро обод намоем.

Баҳромзода О.О, сокини шаҳри Душанбе

 

Log in

create an account