Мақолаҳо

Ақидаҳои таҳрибкорона ва зиддимиллии ТЭТ ҲНИ

Вақтҳои охир саркардаҳои ТЭТ ҲНИ барои амали намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷиашон ба таври ошкоро фаъолияти зидди миллиро ба роҳ монда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ, актҳои террористӣ ва таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломиро ба роҳ мондаанд.

Онҳо бо амалҳои даҳшатафкани худ дар руҳияи ҷомеаи ҷаҳони тарсу ваҳмро ҷори сохта, барои фароҳам овардани ҳадафҳои ғаразнокашон ташвиқотҳои зидди миллиро ба роҳ монда истодаанд. Саркардагони ин ташкилоти террористӣ дар шабакаҳои интернетӣ  пайваста мақолаҳои фитна ангези беасосро бо супориш ва маблағҳои хоҷаҳои хориҷиашон руи чоп оварда, мехоҳанд вазъияти орому осудаи миллати тоҷикро халалдор сохта, мазҳабу фарҳанги бегонаро ба сари ин мардум бор кунанд.

Фаъолони ТЭТ ҲНИ манфиатҳои милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифта, барои онҳо истиқлолият, сулҳу ваҳдати кишвар ҳеҷ арзише надорад. Мақолаҳои иғвоангезонаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ  бар он далолат мекунад, ки ТЭТ ҲНИ дар атрофи худ тамоми шахсони ба ҷиноят сару кордоштаро ҷамъ намуда истода, онҳоро барои табъу нашри мақолаҳои зидди миллӣ истифода мебаранд.

Айни замон диққати фаъолони ин ташкилоти террористи ба вазъияти ВМКБ ҶТ равона гардидааст. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои нопоки зиддимиллӣ саркардагони ТЭТ ҲНИ имкониятҳои ҷинояткори қаллобе, ки  дар ҳудуди ВМКБ ҳамчун Алим Шерзамон шинохта мешавад, истифода бурда истодаанд. Алим Шерзамон як фарди ҷиноятпешае ҳаст, ки аз бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои зиёд гирифта ва ҳангоми пардохт карда натавонистани он ба хориҷи кишвар фирор намудааст. Имруз ин қаллобе, ки маблағи қарзиашро пардохт карда наметавонад, дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ мардуми ВМКБ-ро даъват карда истодааст, ки ба тазоҳуроти оммавӣ даст зананд, то ки ТЭТ ҲНИ тавонад ҳадафҳои нопоку ғаразнокашро нисбати сохти конститутсионӣ дар амал татбиқ намояд.

Таърих гувоҳ аст, ки чунин ҷинояткорону қаллобони зархарид ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамон, ҳама вақт дар ҳар давру замон буданд ва ҳастанд, ки бар зидди онҳо миллати тоҷик то ба охир муборизаҳои беамон бурдаанд ва мебаранд.

Бинобар ин, ҳар яки мо шаҳрвандони баору баномуси Тоҷикистонро зарур аст, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда,  фарзандони худро дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ тарбия карда, аз даврони соҳибистиқлолию оромии кишвар шукргузорӣ намуда, барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум саҳмгузор бошем ва сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати бебаҳо то абад нигоҳ дорем. 

Т.Сафаров, таҳлилгар

Log in

create an account