Мақолаҳо

ҶАВОНОН НЕРӮИ ПУРИҚТИДОРУ СОЗАНДАИ ҶОМЕА

Банда ҳамчун ҷавони хушиқболи даврони сохибистиқлолам. Зеро ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва пойдории сулҳ аз миёни мо ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос ба камол мерасанд.

Ҳоло дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми ҷавонон назаррас аст. Воқеан аз ҳисоби ин табақаи бедордил олимону вакилон, сардорони гуногунсоҳа ва варзишгароне ҳастанд, ки дар сохторҳои гуногуни кишвар ифои вазифа намуда, ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат мекунанд.

Маҳз эътимоду боварии хосаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хоса ҷавононро ояндаи миллату давлат номида, ба ин насл таваҷҷуҳи беандоза доранд. Камина ҳамчун ҷавони даврони соҳибистиқлол, меваю самараи ин арзиши воло чашида, ба Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси бекаронро аз номи тамоми ҷавонони фаъолу муваффақи ҷумҳурӣ баён менамоям ва барои ғамхории бемислу монанд, ки танҳо ба беҳбудии зиндагӣ, савияи донишу фарҳанг, таҳкими тарзи ҳаёти солими ин наслҳо равона шудааст, сари таъзим фуруд меорам.

Боиси ифтихор аст, ки давлату Ҳукумати кишвар рушди маориф ва илмро аз самтҳои афзалиятноки кишвар дониста, баҳри пешрафти соҳаҳо дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварданд.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар кишвар барои рушди илму технология, инноватсия, марказҳои илмӣ - тадқиқотӣ, китобхонаҳои гуногун, ки ҳатто дар Осиёи Миёна беназиранд, заминаи воқеӣ гузошта шуд ва ҳамарӯза ҷавонони зиёд аз онҳо баҳра мегиранд. Бинобар ин, мо наслҳои имрӯзу фардо вазифадорем, ки дар посухи чунин ғамхориҳо аз ҳарвақта бештар дониши худро сайқал дода, дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми босазои худро гузорем.

Мо ҷавонон ифтихорманд аз онем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри тақвият бахшидани кору фаъолияти корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ Ҳукумати кишвар ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагуна талошҳоро ба кор мебаранд.

Имрӯз ҷавондухтарони мамлакат дар корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, зардузӣ ва ғайра соҳиби ҷойи кору шуғл шоиста гардида, шукргузорӣ аз Ватани ободу давлату миллат мекунанд.

Бахусус хушбахт аз онем, ки аз файзу баракати Ваҳдату ҳамдилӣ рузҳои сангини миллати тоҷик абадан ба гӯшаи амиқи таърих рафта, давраи тараққиёт ва пешрафт ҳамоно дар пеш аст.

Имомзода Фирдавси Абдумалик, ноиби

мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

ба номи Моёншо Назаршоев

 

 

 

Log in

create an account