Мақолаҳо

Тақвияти конунгузорӣ дар мубориза бар зидди терроризм

Дар охири асри XX равандҳои дигаргуниҳои куллии олама  дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ боиси ҷаҳоншавии ифротгроӣ ва  терроризм, муҳоҷирати оммаи аҳолии кишварҳои зиёд, муташанниҷ гардии муносибатҳои байналмиллалӣ, байнидавлатӣ ва гуруҳӣ гардида, ба пайдоиши гурўҳҳои мухолиф, ки мехоҳанд мақсадҳояшонро бо роҳи ғайриқонунӣ ва истифодаи зўроварӣ амалӣ намоянд, заминаи муофиқ гузоштанд.

         Пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ на  танҳо  ба парокандагии давлати абарқудрат, балки  ба  вайрон гардии низоми мукамали бехатарӣ  дар кишварҳои соҳибистиқлолоу мустақил,  ки дар заминаи   аз байн рафтани  он  пойдор гардиданд, овард. Тоҷикистони мустақил низ  аз ин раванди сиёсии таърихӣ берун намонд.

         Хушбахтона бо кўшишҳои ҷонфидоёна ва пойгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон дар муддати куҳто дар мамлакат сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор ва дар самти содиршавии амалҳои террористӣ ва ифротгароёна чораҳои мушаххас шуда, Тоҷикистон  узви фаъоли санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, ки терроризм ва ифротгароиро маҳкум мекунанд, гардиди.

         Хамчунин  дар оғози ҳазорсолаи нав абарқудратҳо минтиқаҳои калони олам ва давлатҳои зиёдеро ба маркази терроризми байналмиллалӣ табдил доданд, ки дар онҳо гурўҳои муташаккил итеррористӣ ва ифротгаро озодона амал намуда шумораи зиёди одамонро  аз давлатҳои дигар ҷалб менамоянд.

         Имрузҳо  дар давлатҳои ҳамсояи Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигарҳо ташкилотҳои террористӣ ва ифротгарои динию моҷароҷўи фаъолияташон дар Тоҷикистон маън шудаи «Давлатиисломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Толибон» «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Салафия» , «Ал-Қоида», «Асбат-ал- Асрор», «Ал-Ҷиҳод» ва ғайра озодона фаъолият менамоянд ташишовар он аст, ки ба ин ташкилотҳои ҷиноятӣ баъзе аз ҳамдиёрони роҳгумзадаи мо низ шомиланд ба бехатарии ҷомеаи ҷаҳонӣ, азҷумлаТоҷикистон, таҳдиди бевосита менамоянд.

         Бинобар ин зарурияти ҷиддие ба миёномад, ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар як саф қарор гирифта ба воситаҳои ҳуқуқиро ҷиҳати пешгирӣ аз решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб дурбинона бо максад амалӣ намояд, ҳамзамон пешгирии амалҳои террористӣ, экстремистию ифротгароӣ таҳкими заминаҳои ҳуқуқиро тақозо дошт.       

Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 179, 1793 ки рдорҳои ҷинояти, ки боиси хавфи марги одамон гардида ё даъвати оммавӣ ҷиноятҳои вазнинкунандаи содиршваӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо пешбини гардид, яъне роҳҳои пешгирӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ дар сохти мазкур, пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ва шахсоне, ки ба терроризм ваифротгароӣ мусоидат мекнад мушахассан муайян карда  шудааст.

Тағироту иловаҳо ба моддаҳои 305 ва 306 «Хиёнат ба  давлат» ё «Бо зуроварӣ ғасп намуцдани ҳокимият» ё «Бо зўроварӣ нигоҳ доштани он» ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдорҳои мазкур пурзур гардонидашуд, дар раддифи дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин такроран аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ боитстифода  аз мақоми хизмати дар вазъияти ҷангӣ, дар ҳолати редсидивӣ хавфнок танҳо ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷиноятҳои мазкур пешбини гардид ва пурзўр гардонида шудаанд.

Ин раванд минбаъд низ идома меёбанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд замина фароҳам оваранд, ки гурўҳ ва шахсони ба амалҳои террористӣ, экстемистӣ, ифротгароӣ, даст дошта ҷазои сазовор гиранд. Пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлуби тахрибкорӣ гирифта шавад. Қонун бояд ба ҳифз ва ҳуқуқу озодиҳои ў равона шавад мавқеъ шаъну шарафи инсонро дар ҷомеа устувор намояд. Волоияти қонун омили иҷрои ин  ҳадафҳои наҷиб мебошад.

Мирзоқандов Мирзоазиз,

cокини ноҳияи Шуғнон

 

Log in

create an account