Мақолаҳо

ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

Дар давоми як  ҳафтаи охир аз рӯзи 13 то 16 июни соли 2019 барои давлати Тоҷикистон руйдодҳои муҳиме руи кор омаданд, ки бори дигар аз  нақши сиёсати дурусти минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Тоҷикистонро бо сиёсати дарҳои кушод имрӯз зиёда аз 200 давлати дунё ба расмият мешиносанд. Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифта имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон имсол мизбони калонтарин машварати сатҳи байналхалғҷ гардида буд. Дар ин рӯзҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор вохуриҳои муҳим  бо сарони давлатҳо ва созмонҳо дошт ва масъалаҳои  мубрами байналмилалиӣ ва минтақаи Осиёро мавриди  муҳокима қарор доданд.  Чунончи рӯзи 13 июн Пешвои миллат бо роҳбари Иттиҳоди Аврупо,  Доналд Туск вохурӣ доир кард, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омада буданд. Дар натиҷаи гуфтушуниди дутарафа нақши Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар таъмини сулҳ дар Осиё ва ба хусус дар давлати ҳамсояи Афғонистон муҳокима гардид. Рӯзи 14 июн Пешвои миллат ба шаҳри Бишкек – пойтахти Қирғизистон сафар карда дар  ҷаласаи  давлатҳои аъзои Созмони Шанхай иштирок намуд. Дар рафти ин ҷаласа Пешвои миллат бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ вохурӣ намуд ва  дар рафти ин вохурӣ тарафҳо масъалаи сулҳи Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Пешвои миллат дар давоми ин вохуриҳо бори дигар таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ру ба масоили Афғонистон биёрад, зеро идомаи ҷанг дар ин давлат на танҳо ба мардуми Афғонистон, балки ба тамоми кишварҳои минтақа таҳдид мекунад,  зеро тамоми гуруҳҳои тундрав имрӯз сарзамини Афғонистонро ба қароргоҳи худ табдил додаанд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таваҷҷӯҳ ба мардуми азияткашида, дуст ва бародари афғон изҳори сипос намуданд.  Аммо хушнудии асосии ин ҳафта барои мо тоҷикон дар он буд, ки Тоҷикистон бори аввал дар таърихи навини худ мизбони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё гардид. Ин машварат яке аз ташкилотҳои бонуфузи минтақавии Осиё ба шумор меравад ва 20 давлати Осиёро муттаҳид мекунад. Барномаҳо ва қарорҳои ин Машварат аз тарафи Созмони Миллала Муттаҳид эътироф гардидаанд. 15 июн дар шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми ин Машварат кори худро оғоз намуд.  Доир гардидани чунин ҷаласаи бонуфуз дар пойтахти Тоҷикистон ба раёсати Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рост омад, ки ин раёсати давлати мо дар ин ташкилот чор сол давом хоҳад кард. Дар қасри Навруз ҷаласаи ин Машварат доир гардиданд ва  дар он роҳбарон ва намояндагони  давлатҳои Осиё изҳори ақида намуданд ва фикру пешниҳодоти худро ба Раиси Машварат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд. Аз он ҷумла таклифҳои муфид доир ба беҳтар кардани ҳамкории давлатҳои Осиё аз тарафи Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Россия Владимир Путин доир ба гузариш ба ҳамкориҳои соҳавӣ миёни давлатҳо ва таъсиси комиссияҳои доимии  Машварат ба  муҳокима гузошта шуданд. Дар баробари ҳамин аъзоёни Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар  Осиё  изҳори нигаронӣ аз он намуданд, ки ҳамлаҳои террористӣ  сол аз сол доираи амалиётҳои худро васеъ карда истодаанд. Аз он ҷумла дар суханрониҳои худ роҳбарони давлатҳои Ҳинд ва Бангладеш оид ба амалиётҳои террористӣ ки дар Шри Ланка сар заданд, фикри худро баён намуда, оид ба фаъолияти муштараки аъзоёни ташкилот дар роҳи мубориза бар зидди терроризм таклифҳо пешниҳод намуданд.

 Аз руи тамоми пешниҳодоти аъзоёни Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Эъломияи роҳбарони давлатҳо қабул гардид. Аҳамияти ин Эъломия дар он аст, ки он барои ҳамкорӣ ва эътимоди байни давлатҳои Осиё  ҳамчун барномаи стратегӣ дар  чаҳор соли оянда хизмат хоҳад кард ва  таъмини иҷрои ин таклифу пешниҳодот таҳти раёсати  Тоҷикистон  амалӣ хоҳад гашт. Давлатҳо – аъзоёни Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Эъломия якдилона терроризмро ҳамчун  хатари умумибашарӣ маҳкум намуданд. Эъломия  аз дигар кишварҳои ҷаҳон даъват намуд, ки барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид чораҳои зарурӣ андешида ҷаҳониёнро аз ин хатар эмин нигоҳ доранд.

 Қайд кардан зарур аст, ки дар давоми баргузории маҷлисҳои ин машварат бо ҳамроҳии сарони давлатҳо намояндагони воситаҳои ахбор, меҳмонон ва сайёҳони сершумор ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Мо аз он фахр мекунем, ки мардуми мо барои ҷаҳониён расми хуби меҳмоннавозии тоҷиконро  фароҳам овард ва  инро худи иштирокчиёни ҳамоиш изҳор намуданд. Гузаштани раёсати Машварати ҳамкорӣ ва таъмини эътимод дар Осиё  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба он водор месозад, ки дар якҷоягӣ бо  Пешвои миллат дар роҳи таъмини сулҳ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон саҳмгузорӣ намоем.

Мирзоашрафов Пайрав, мудири

кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ

Log in

create an account