Мақолаҳо

КАБИРӢ - ИФРОТГАРОИ ДИНӢ

Имрӯз тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ аллакай ба мавҷудияти кишварҳои сайёра хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодаанд.

Фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи катьӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин маврид, метавон аз хидматҳои роҳбати ТЭТ «ҲНИ» Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҷода ёдовар шуд. Кабирӣ-шахси ифротгарои динӣ буда, тарзи зиндагонии дунявии тоҷиконро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал хиёнаткорӣ мекунад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили сохти конститутсионии кишвар даъват мекунад.

Лозим ба ёдорварист, ки чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба хадафҳои худ аз зуроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ кушиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохӯш - таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовӯз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ - ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зуроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат эҳтимол эътирозро ба вучуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Мавриди аввал: вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Мавриди дуюм: дар мавриде, ки барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Қобили қайд аст, дар ин мавзӯъ ҳизби мамнуъшудаи ҲНИ дар кишвари мо озодона фаъолият карда, ба таври пинҳонӣ дар дохили ҳизб аъзоён ва фаъолони ин ниҳод, нисбати Тоҷикистон нақшаҳои ғаразноки худ, ки дар дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ асос меёбад, роҳандозӣ намуда, санаи 04.09.2015 сол яке аз аъзои фаъоли ҳизб, ҳоҷи Ҳалим бо пайравонаш тибқи супориши бевоситаи роҳбари вақти ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба амалҳои террористӣ даст заданд, вале тирашон хок хурд. Мардуми бонангу ор ва зираки кишвар дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратии кишвар ҳамаи онҳоро нобуд карданд.  

Мақсади асосии ифротгароии  динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зуран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар шароити ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату  ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канорчуӣ мекунанду монанди аксари шахрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷуиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гуё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ  ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандустӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Мирзобеков Душанбе, нафақахур, сокини ш.Хоруғ                                    

Log in

create an account