Мақолаҳо

ОҚИБАТҲОИ ФОҶИАБОРИ МАВОДИ МУХАДДИР БАРОИ ҶОМЕА

Маводи мухаддир  яке аз сарчашмаҳои даромади асосии гуруҳҳои террористӣ ва мутташакили ҷиноятӣ буда, он имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин омили манфӣ имрузҳо ба субот ва рушди бисёр минтақаҳои ҷаҳон таҳдид менамояд.

Маҳз паҳнкунандагони маводи мухаддир имрузҳо зиёдтар ҷавононро ба ин беморӣ гирифтор карда, ҷомеаро заҳролуд сохта истодаанд, ки ҳалли ин масъала ҳам яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Истеъмоли маводи мухаддир қобилияти солим фикр кардан ва қарорҳои дуруст қабул кардани ҳар як шахсро ба кули тағйир дода, ба бемории сактаи дил, заҳролудшавӣ, сирояти бемориҳои ниҳоят хавфнок ва осеби майнаи сар бурда мерасонад.  

Маводи мухаддир шуури одамро вайрон карда, ӯро ба олами ҷиноӣ гирифтор месозад ва оқибат ба қонунвайронкунӣ тела медиҳад. Мувофиқи тадқиқоти муттахасисон ду намуди нашъамандӣ вуҷуд дорад: ҷисмонӣ ва равонӣ. Ҷисмонӣ ин одат кардан ба маводи мухаддир ва оқибат пайдо шудани аломатҳои шикасти ҷисм, яъне дарди ҷоннок аст,  ки бе набудани миқдори ин маводи сахттаъсир сӯзиши устухонҳо ва дарди сахти сар ба вуҷуд меояд. Нашъамандии руҳонӣ баъди моҳҳо ё солҳо инсонро боз ба истеъмоли ин маводи сахт таъсир маҷбур месозад. Яъне он нашъамандии психологиест, ки дар сатҳи фикр эҳсосот ва рафтор пайдо мешавад.

 Ҳамарӯза дар курраи замин он ҷиноятҳое, ки ба нашъа алоқаманданд, тақдири ҳазорҳоро вайрон ва умри садҳо ҷавонону миёнасолонро кӯтоҳ мекунанд. Тариқи агентиҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ  мебинему мешунавем ва шоҳиди он мегардем, ки ин мавод на барои кайфият, балки заҳри қотилест барои нобуд кардани инсоният. Табақаи аз ҳама заиф наврасон мебошанд, чунки оид ба хавфнокӣ ва зарари нашъа кам медонанд ё умуман намедонанд ва зери таъсири «шағолон» (нашъафурушон) монда, бо фиребу найранги онҳо ба ин ҷода ба зудӣ ҷалб карда мешаванд. Бо ҳамин, ба кули ҷавонону наврасон гуфтанием, ки ҳамеша дар хотир гиред, шумо на барои он зиндагӣ мекунед, ки тақдири худ ё ҳаёти наздиконатонро зери хавфу хатар монед. Шумо на барои он ба дунё омадаед, ки  ин «шағолон»-ро сарватманд кунед, балки ба манфиати шахсии худатон ҷаҳду кӯшиш намоед. Инсон шахсияти нотакрорест, ки бо ақлу ҳушвазаковаташ аз ҳайвон бартарӣ дорад. Афсус  дар шароити кунунӣ дар ҷомеаи ҷаҳон инсонҳои маккору ҳайвонсифате ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита ҷавонони сустиродаю бефаҳмро ба гумроҳӣ тела дода, аз манфиати онҳо ба буҷети худ пули муфт ворид месозанд. Ҳар яки мову шумо аз даврони наврасӣ дар дил орзуеро мепарварем ва бояд кӯшиш кунем, ки дар оянда ба орзуҳои неки худ расем. Бояд ақли солимро кор фармоем, то ба фиребу дасисаҳои ҳар гуна гуруҳҳои нашъаҷалобию  экстремистӣ наафтем.

Т. Холмурод, таҳлилгар

Log in

create an account