Мақолаҳо

ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ БАЪДИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҒЙИРОТҲО ДАР ҶУМҲУРӢ

 

Дар паёмҳои ҳарсолаашон ба мақомоти олии қонунгузории мамлакат-Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқотҳояшон бо ҷавонони кишвар Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа мавриди баррасии махсус қарор мегирад ва ин бесабаб ҳам нест. Ояндаи кишвар, пешрафти мамлакат, пойдории давлат ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ, ба неру, ақлу заковат, муҳаббати онҳо ба халқу Ватан иртиботи ногусастанӣ дорад. Ин аст, ки Пешвои миллат онҳоро неруи бузурги бунёдкору созанда ва захираи тиллоии миллату давлат номидааст.

Тибқи омори расмӣ бештар аз 70 фоизи нуфуси кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин хеле ҳам хуб аст. Аммо айни замон ин қувваи бузургро раҳнамои нек мебояд. Хушбахтона онҳо дар шахси Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ  Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои неку шоиста ва идеалӣ доранд.

Агар ба ин масъала аз нигоҳи ҳуқуқӣ назар андозем, он чиз бештар равшан мегардад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тавсеаи ин неру ҳанӯз дар марҳилаи аввали давлатдории навини тоҷикон заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонуниро фароҳам оварданд. Қабули як силсила ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин росто, аз қабили «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор барномаҳои соҳавӣ аз ин шаҳодат медиҳанд.

Агар чуқуртар назар андозем, беҳтару бештар дарк мекунем, ки то ба синни ҷавонӣ расидан тамоми имконоти рушду такомул барои ин қишри ҷомеа фароҳам гардида, он сол то сол сифатан беҳтар мегардад.

Он чиз мусаллам аст, ки кишвари мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҳангоми гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гашт.  Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расид ва баъдан ба марҳилаи нави рушд ворид гардидани кишвар ин қонун дар таҳрири нав бо тағйиру иловаҳои мутобиқ ба равандҳои ҷаҳонишавӣ қабул гардид. Ин қонун заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии ҷавононро фароҳам овард. Акнун масъулият дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо сурати кайҳонӣ пеш меравад ва хатарҳои зиёд ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бештар эҳсос мегардад. Вобаста ба ин барномаву консепсияҳои мукаммалу мушаххас, аз ҷумла оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардиданд, ки «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи  то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо ҷавонони кишвар таъкид намуд, ки     «Сиёсати давлатии ҷавонон, сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу чамъиятӣ фаолияти муштаракро тақозо дорад. Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва неруи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст. Барои соҳиби касб шудани ҷавонон, рушди маънавию ҷисмонии онҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии оилаҳои ҷавон бояд мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар асоси онҳо ба беҳбудии ҳаёти ҷавонон мусоидат намояд».

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияташро  дар амалӣ гардондани сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси  Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулху Вахдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳое, ки дар иртибот  ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон дода мешаванд, роҳандозӣ намудааст. Дар заминаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон, ки доир ба стратегия, консепсия ва барномаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардидаанд, қарорҳои раиси вилоят бо нақша тадбирњои мукаммал ба тасвиб расида, ҷиҳати иҷроиши онҳо корҳои зиёди манфиатбахш анҷом дода шуданд. Маълум аст, ки тарбияи ҷавонони донишманду ватандӯст ба се рукни ҷомеа-оила, мактабу ҷомеа алоқаманд аст ва аз ин се рукн то дараҷе мактаб мақоми меҳварӣ дорад. Ба ин хотир ҳам мақомти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бодастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба рушди соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар базаи моддӣ, таълимӣ ва техникии  тамоми муассисаҳои таълимӣ куллан беҳтар гашт. Аз 312 муассисаи таълимии дар қаламрави вилоят фаъолиятдошта, бештар аз 80 фоизашон пурра навсозӣ гардиданд. Дар ин давра дар шаҳру деҳоти вилоят қариб 100 бинои нави мактаб сохта шуданд. Дар шаҳри Хоруғ бинои мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бо тамоми таҷҳизоти муосир ва хобгоҳи замонавӣ сохта шуд, ки имрӯз дар ин муассиссаи таълимӣ  бештар аз ҳазор нафар хонандагон нафақат аз шаҳру навоҳии вилоят, балки дигар минтақаҳои кишвар таҳсил мекунанд. Фақат дар ду соли охир дар қаламрави вилоят бо маблағгузории давлатӣ 10 бинои мактаб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ягона муассисаи таҳсилоти олии вилоят-Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ба фаъолият оғоз намуд, имрӯз зиёда аз 5 ҳазор нафар донишҷуён аз тамоми минтақаҳои кишвар таҳсил доранд. Шароити таҳсил дар донишгоҳ сол то сол беҳтар гардида, ду бинои хобгоҳ бо тамоми таҷҳизот дар панҷ соли охир бо дастури Роҳбари давлат сохта шуда, бо иштироки бевостаашон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Соли равон бошад, дар шаҳри Хоруғ сохтмони бинои таълимии донишгоҳ бо маблағгузории давлатӣ оғоз ёфт. Дар вилоят ду марҳилаи Барномаи компютеркунонӣ муваффақона амалӣ гардиданд. Айни замон аз рўи нишондиҳандаи таъминоти хонадагон бо компютер ва дигар таҷҳизоти техникии таълимӣ Кӯҳистони Бадахшон байни дигар минтақаҳои кишвар дар мақоми аввал қарор дорад. Муҳаё гардидани шарити хуб барои таълиму тарбия беҳтар гаштани донишӯ ҷаҳонбинии насли наврас таъсири хуб расондааст. Хамасола бештар аз 80-85 фоизи хатмкнандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷи он дохил мешаванд.Он нукта қобили гуфтор аст, ки  бо дастури Пешвои миллат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон дар давоми солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, квотаи президентӣ, степендияи байналмилалии президентӣ, грантҳои президентӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бахши тарбияи ватанпарастии ҷавонон фаъолиятдошта, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо намудани манзил ва қитъаи замин муқарарашуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат идома дорад. Лозим ба ёдоварист, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъминоти шароити муосир барои тарбияи ҷисмонӣ бо истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар қаламрави вилоят як қатор иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Варзишгоҳи марказии шари Хоруғ барои 6,5 ҳазор ҷойи нишаст, варзишгоҳо дар маркзҳои ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа, қасрҳои варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои  Дарвозу Ванҷ, Рӯшон Мурғоб, бештар аз 30 толору майдончаҳои варзишӣ аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорон ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят мавриди истифода қарор дода шуданд. Барои омода намудани кадрҳо дар соҳаи варзиш ҳам қадамҳои устувор гузошта шуданд. Рўи кор овардани чунин тадбирҳо ба оммавӣ гардондани варзиш дар шаҳру деҳоти вилоят мусоидат намуд. Имрӯз дар вилоят теъдоди ҷавононе, ки дар намудҳои гуногуни варзиш машғуланд дар муқоиса ба солҳои 2000-ум  бештар аз 20 фоиз афзудааст. Дар ду соли охир варзишгарони вилоят дар чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, зиёда аз 320 медалро ба даст овардаанд.

Дар мулоқоташон бо ҷавонони кишвар соли 2013 Пешвои миллат як нуктаро зикрнамуд, ки давлату Ҳукумати кишвар дар замони  соҳибистиқлолӣ ба рушди низоми тарбия ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳар як сокини кишвар ва бахусус наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Ба ин хотир ҳам барномаҳои мушаххаси давлатӣ қабул гардида, барои амалигардонии онҳо маблағҳои зиёд ҳам аз буҷети давлатӣ ва ҳам дигар сарчашмаҳо равона карда шудаанд. Аз ҷумла  барои пешгирии бемориҳои сил, бемориҳои сироятии ҷинсӣ, вируси норасоии маснуияти одам, нашъамандӣ ва бемориҳои махсусан хавфнок барномаҳои мушаххас қабул гардида, барои амалигардониии онҳо маблағҳои муайян равона карда шуданд ва тадбирҳои амалигардида дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва Ҳукумати кишвар ба коҳиш додани ин бемориҳо мусоидат намуданд.

Яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон бо шуғл таъмин намудани ҷавонон мебошад. Барои иҷрои ин масъалаи ниҳоят ҳам муҳим дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии вилоят корҳои муайян ба иҷро расидаанд. Аз рӯи маълумоти расмӣ дар қаламрави вилоят бештар аз 6 ҳазор ҷавонони бекор ба қайд гирифта шудаанд, ки қариб 3 ҳазор нафари онҳоро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Барои бокор таъмин намудани онҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд. Тибқи маълумоти Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар қаламрави вилоят ҳамасола то ҳазор  ҷойи кории доимӣ ва мувақатӣ ташкил карда мешаванд ва ин, албатта ҳалли проблема нест. Проблемаи бекориро дар вилоят бо ташкили корхонҳои нави  истеҳосолӣ, бахусус ташкили саноати кӯҳӣ ҳал кардан мумкин аст. Айни ҳол барои ташкили ин кор заминаи воқеӣ гузоша мешавад.Дар мавзеи Оқчилгаи ноҳияи Мурғоб алакай корхонаи истеҳсолӣ барои коркарди маъдани оҳан ба кор омода аст. Дар ояндаи наздик дар назди ин корхона инчунин бунёди корхонаи калони металургӣ  бо ҷалби бештар аз ҳазор нафар коргарон дар назар аст. Бо назардошти рушди саноати кӯҳӣ дар вилоят тайёр намудани коргарони техникию муҳандисӣ ба миён меояд ва дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ дар назди Донишгоҳи давлати Хоруғ ташкил намудани колеҷи тайёр намудани матахассисони кӯҳкорӣ дар назар дошта шудааст. Воқеан имсол мебоист ин коллеҷ ба фаъолият шуруъ мекард. Аз нигоҳи коршиносон бо рушди саноати кӯҳӣ барои аз дотатсияи давлатӣ баромадани вилоят ва таъмини ҷавонон бо ҷои корӣ ҳалли худро меёбад. Коҳиши сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба  рушди соҳибкории хурду миёна, дар ин замина ташкили истеҳсолоти воқеӣ ва ҷойҳои нави корӣ алоқаманд аст ва дар чанд соли охир дар ҳалли ин проблемаҳо қадами устувор гузошта шуд. Имрӯз беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти саноат ва кишоварзӣ ва хизматрасонии пулакӣ ва хизмати  маишӣ ба бахши хусусӣ рост меояд ва дар ин соҳаҳо асосан ҷавонон фаъол ҳастанд.

Ташкили сеху коргоҳи ва корхонаҳо, рушди соҳибкорӣ ба раванди муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар таъсири бевосита расондааст. Дар ду соли охир теъдоди омори муҳоҷират ба хориҷи кишвар то 4 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Ин далели он аст, ки муҳоҷироне, ки пештар дар хориҷи кишвар буданд, акнун дар вилоят соҳиби кор гаштаанд.

Бо назардошти афзоиши хатарҳои ҷаҳони муосир, бахусус ифротгароию тундгароӣ, ихтилофоти мазҳабӣ дар марҳилаи ҳозира баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷавонону наврасон тақозои замон аст. Дар мулоқот бо ҷавонони кишвар Пешвои миллат таъкид дошт, ки « Сатҳи тараққиёт ва эътибори  байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чи  андоза дорои фарҳанги сиёсӣ буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ дарк менамоянд». Дар мулоқоташон  Сарвари давлат иброз доштанд, ки яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар он солҳо ба заиф будани  фарҳанги сиёсӣ ва паст будани донишии сиёсии мардум, бахусус ҷавонон алоқаманд буд. Имрӯз ҳам чуноне аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки ҷавононе ба ҳаракатҳои ифротию тундгаро ворид мегарданд, ки дониши динию дунявӣ ва сиёсиашон заиф аст. Мардуми мо бояд аз он рӯзҳои  талхи ба сараш омада ва аз рӯзгори талхи имрӯзаи кишварҳои арабӣ сабақ гиранд ва барои такрор наёфтани он ҳамеша ҳушёр бошанд. Вқеан дар вилоят барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии мардум аз ҷониби сохторҳои давлатӣ корҳои пешгирикунанда дар шаклҳои гуногун рӯи кор оварда мешаванд.

            Дар доираи нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо сокинони ҷамоати деҳоти Язгулом бо иштироки роҳбарони мақомоти қудратӣ ва интизомӣ, занону ҷавонони вилоят як машварати  кориро анҷом додам.

Яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар машварат мавриди баррасӣ қарор гирифт, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремисӣї алоқаманд буд. Дар ин ҷамоату ноҳия мавриди гуфтугӯ қарор додани ин масъала бо мардум бесабаб нест. Аз 71 нафар ҷавононе, ки дар чанд соли охир ба ҳаракатҳои ифротию тундгаро шомил гардида, дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон даст ба куштори одамони бегуноҳ задаанд, беш аз аз 50  нафарашон зодагони ин ҷамоату ин ноҳия мебошанд. Дар мулоқот гуфтае садо дод, ки ин ҷавонони роҳгумзада бевосита аз зодгоҳашон не, балки аз кишварҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ба қатори ҷангталабон шомил гаштаанд. Баръакси ин гуфтаҳо ҳамчунин аз толор садое баланд гашт, ки чаро аз ноҳияҳои ҳамсоя ба гуруҳои ифротию тундгаро муҳоҷирони меҳнатӣ шомил нагаштаанд, дар ҳоле ки  аз ин ноҳияҳо нисбат ба ноҳияи Ванҷ камтар ҷавонон ба муҳоҷират нарафтаанд. Он нукта ҳам зикр гашт, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ нисбат ба дигар навоҳии Бадахшон хубтар ҳасту бадтар не. Ба ин пурсишҳо роҳбарони Раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилоят,  корҳои дохилӣ, маориф ва дигар сохторҳо ҷавоб гуфтанд.

Гуфта шуд, ки дар ноҳия ҳанӯз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ эҳсос мегардад. Он солҳо қисмате аз қумандонҳои саҳроӣ ва роҳбарони акнун  Ҳизби мамнўи наҳзати исломии Тоҷикистон ноҳияи Ванҷ, бахуссус ҷамоати деҳоти Язгуломро мудате қароргоҳи худ интихоб намуда буданд ва ин то дараҷае ба фанатизми динӣ дар ин минтақа мусоидат намуд. Акнун решаҳои ин омили хатарнок аз аз бехаш канда шуданд. Мардуми ноҳия ва ҷамоати деҳоти Язгулом сиёсати сулҳпарварӣ, ваҳдат офаринӣ ва ободонию созандагии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ мекунанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар деҳоти Язгулом корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо карданд. Муассисаҳои таълимӣ дар аксари деҳаҳо аз нав сохта шуда, маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ навсозӣ гардида,  деҳоти ноӣия ба маркази ягонаи барқдиҳии вилоят пайваст карда шуданд. Неругоҳи хурди барқии обии Андарбак, ки қариб 20 сол пеш бо иштироки Роҳбари давлат бо иқтидори 300 киловатт соат мавриди истифода қарор гирифта буд, имсол пурра навсозӣ гардид, дар деҳаи Мотравн сохтмони боз як неругоҳи барқӣ бо чунин иқтидор соли оянда ба истифода дода мешавад.

Мардуми деҳоти Язгулом ҷавононеро, ки бо рафтори ноҷавонмардонаашон обрӯи аҷдодону падару бобоёни меҳмоннавозу меҳмонпарварашонро зери по мекунанд, маҳкум менамоянд ва тарафдори онанд, ки онҳо ба сахтарин муҷозот аз ҷониби мақомоти интизомӣ сазовор ҳастанд.

Воқеан мардуми мо, бахусус ҷавонон он ҷавонони солҳои навадуми асри гузашта нестанд. Онҳо неку бад, дӯсту душманро аз ҳам фарқ мекунанд. Вале новобаста ба ин мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон ва татбиқи босамари барномаҳои давлатие, ки аз манфиатҳои давлату мардуми кишвар маншаъ мегиранд, тамоми имкониятҳои дар даст доштаро истифода барем.

Солим ШАМШЕРОВ, муаллими кафедраи

филолоияги ДДХ ба номи М.Назаршоев

 

Log in

create an account