Мақолаҳо

САРЧАШМАИ ТЕРРОРИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ НАНГОВАРИ ОН БА ҶОМЕА

 

Терористон аз  лашкаркашиҳои Искандари мақдунӣ ва ҳуҷуми арабҳо, ки мардумро ба ҳалокат расонида, тамоми осори мадани ва китобхонаҳоро оташ заданд, ибтидо гирифта, дар давраи ҷангҳои салиби, ҳуҷуми муғулҳо, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои туркзабонон, нисбат ба халқҳои тоҷику форси Осиёи Марказӣ, «Алқоида», «ҲТ», гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ва дигар ҳаракатҳои бадхоҳ нисбати башарият маншаъ мегирад. Дар қитъаи Амрико зуҳури падидаҳои террористӣ ҳануз дар асрҳои 14 - 15 ривоҷ ёфта буд, ки як гуруҳи сагҳоро барои ба одамон ҳуҷум кардан, пора пора намудаву хурдан парвариш мекарданд. Инчунин дар ин қитъа террористон одамонро ҳамчун ғулом истифода бурда, қонунҳои зидди башариро ҷорӣ намуданд ва боҳар баҳона аз одамон андоз меситониданд. Дар сурати напардохтани андоз панҷаҳои дастонашонро бурида,  ба гарданҳояшон меовехтанд.  Дар он давраҳо ҳатто баъди қатли одамон террористон ба хотири тарсу даҳшатро ҷори сохтан пойҳои ҷасадҳоро бурида овезон мекарданд. Занҳои ҳомиларо кушта, тифлҳояшонро аз батн гирифта бақатл мерасониданд. 

Дар давраҳои муосир ташкилоти террористии «Алқоида», ки саркардаи он террористи рақами 1 Усома бини Лодан аст зуҳур кард.   Бини Лодан ва ҷонибдорони у дар руҳияи ҷавонони ноогоҳи гумроҳ ривояту тафсирҳои бофтаро ки хусусияти тарсу ваҳм ва қатлу кушторро доранд, ҷорӣ намуда, онҳоро гуё ба роҳи ҳақ ҳидоят мекард. Ҳадафи асосии бини Лодан ва ҷонибдорони у ба таври зурӣ паҳн намудани исломи асри миёнагӣ  буд. Бо ин мақсад қароргоҳҳои террористонро бунёд намуданд.  Террористон барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ба эътиқоди диннии шахсон таъсиррасонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонидани мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои диннии онҳост. Бузургони дини Ислом фармудаанд,  ки исломро бо зарби шамшеру хунрези паҳн намудан гуноҳ аст.  Чунки дигаронро ҳам Худованд барои зиндагӣ кардан офаридааст.  Исломи асли одамонро аз ҳар гунна бадрафторию бад кирдорӣ, қатлу куштор манъ намуда,  ба роҳи рост ва покдоманию хайрхоҳӣ ҳидоят менамояд.  Дар асл агар назар афканед мушоҳида мекунед, ки худи террористи рақами 1 ва пайравони у аз тиҷорати маводи мухаддир сарвати зиёдеро ба даст оварда буданд, гарчанде, ки дар дини Ислом тиҷорати маводи мухаддир ҳарром аст. 

«Толибон» ҳам ташкилоти террористие мебошад, ки идеологияи онҳо ҷори намудани исломи фундаменталистии асри миёнагӣ вобаста ба расму оини маҳалли аст. Авалин саркардаи гуруҳи террористии «толибон» мулло Умари паштун буд. «Толибон» шунидани мусиқӣ, тамошои телевизион ва дигар чизҳои фарҳангии халқҳоро комилан маҳкум менамоянд. Ҳукмро нисбати шахсият бе далелу исбот ҷорӣ месозанд. Дар сурати шубҳа намудан нисбати ягон шахсоид ба содир намудани гуноҳонҳо бе ягон санҷишу тафтиш нисбати шахсият ҳукм мебароранд. Имрузҳо тамоми кишту кори маводҳои мухаддир дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз ҷониби ҳаракати террористии «толибон» ба вуҷуд меоянд, ки онро тариқи қочоқбарон ва аъзоёни гуруҳҳои мутташакили ҷиноятӣ паҳн намуда,  маблағи онро барои харидории маводҳои таркандаи зидди башари сарф менамоянд.

Гуруҳи террористии «давлати исломӣ» ки саркардаи он Абубакри Бағдодиаст,  дар  байни кишварҳои Ироқу Сурия ташкилшуда буд. Ин гуруҳ тавассути шабакаҳои интернетӣ сафҳояшонро зиёда аз 10-ҳазор нафар расонида буданд. 

Террористон аслан барои манфиатҳои иқтисодию маишиашон  аз дин моҳирона истифода бурда, шахсони бесавод, ноогоҳ ва камтаҷрибаро ба доми фиреб мекашанд. Онҳо тавассути дин  ҷавонони гумроҳро бо ривояту мисолҳои бофтаашон ба доми фиреб афтонида,  онҳоро ба роҳи бад бурда мерасонанд ва аз ин ҳисоб аз кишварҳои манфиатҷӯ маблағҳои зиёдро ба даст меоранд. Террористон ҳатто ҷавонони ноогоҳро ба дараҷае бурда мерасонанд, ки онҳо ба худкуши даст зада садҳона нафари дигарро аз ҷони дар бадан дошта маҳрум месозанд ва ба қавлашон гуё шаҳид мегарданд. Агар ҷавонони ноогоҳи гумроҳ мантиқан фикр кунанд чихел шаҳид мешаванд модоме, ки тифлаконро ятим, занҳоро бева ва дили модареро, ки фарзандашро аз даст медиҳад,  пора пора мекунад.

Имруз дар кишвари мо барои кору зиндагии ҷавонон тамоми шароитҳои муосир ва имкониятҳои мувофиқ фароҳам оварда шудааст.  Вале ба ин ҳам нигоҳ накарда ҳастанд ҷавонони ангушт шуморе, ки вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, воридшавии мафкураю фарҳанги бегона ба зеҳни ҷомеа ба гуруҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пайваст мегарданд.  Вақти он расидааст, ки ҳар як фарди солим фикри ҷомеа масъалаҳои худшиносию худ огоҳи, муқадасоти таърихию фарҳангӣ,  ҷаҳонбинии  демократию дунявӣ ва ҳифзи идиология ва манфиатҳои миллии хешро баҳри пойдории Ваҳдат ва суботи кишвар ҳифз намоянд.

Ягона роҳ барои нест намудани зуҳури ҳар гунна гуруҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ махсусан дар заминаи ақидаҳои диннӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дақиқу техникӣ, дунявию илмӣ ва донишҳои диннӣ дар чаҳор чубаи мазҳаби суннатию аҷдоди имом Ҳанафиямебошад.

Бо як дилу яктан будани мардуми азизу шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ҳар гунна хатар гирифта шуда, Тоҷикистони ободу зебои мо гулгун шукуфонтар мегардад.

А.ҲИЛОЛӢ, таҳлилгар

Log in

create an account