Мақолаҳо

БОСМАЧИГАРӢ ДАР ПАРТОВГОҲИ ТАЪРИХ ПЎСИДААСТ

Вақтҳои  охир дар нашрияҳои гуногун, шабакаҳои иҷтимоӣ  баҳсҳо атрофии  ҳаракати босмачигарӣ  идома авҷ  гирифтааст. Иддае аз корбарони шабакаҳои  иҷтимоӣ, рўзноманигорон, ки ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ мебошанд,  босмачиёнро чун ҳомиёни сарсупурдаи озодии  миллати  тоҷик  муаррифӣ намуда,  аз онҳо  қаҳрамон  сохтанӣ мешаванд.

       Агар ба таърихи босмачигарӣ, амали босмачиён, саркардагони  босмачиён ва ҳомиёни онҳо  назар  афканем, мебинем, ки ҳомиёни  имрўзаи онҳо ғаразу ҳадафҳои муайян  дошта, таърихро  рўирост таҳриф  менамоянд. Зеро ба амали  босмачиён  ва фаъолияти онҳо бо факту далелҳои  амиқ бояд  назар намуда, мўшикофона  решаҳои  таърихии ин ҳаракатро  бояд  ба риштаи  таҳқик қашид.  Ба  ин масъала  бояд аз диди  имрўза  назар  намуд. Оё босмачиён мақсади  таъсиси  давлати  соҳибистиқлоли   халқи  тоҷикро доштанд?! Оё босмачиён барои манофеи миллати тоҷик мубориза  мебурданд?! Оё босмачиён дорои  худшиносии  миллӣ буданд?!   Оё босмачиён  оид ба ояндаи  давлати  миллии мардуми  тоҷик  ягон барномаи  амалие  доштанд?! Оё босмачиён барои  тақдири  ояндаи  миллати тоҷик андешае  доштанд?! Фикр  мекунам, босмачиён аз саволҳои  матраҳшуда  фарсахҳо  дур  буданд.

      Босмачиён  бо шиорҳои  маҳдуди  исломӣ  манфиати  неруҳои бегонаро  ҳимоя  мекарданд. Қабл  аз ҳама, босмачиён  бо  ҳидоятҳои  доираҳои  муайяни  пантуркизм  амал мекарданд. Бесабаб  нест, ки яке аз саркардагони пантуркизм  генерали  Туркия Анварпошшо ба ҷануби Тоҷикистон  омада ба ҳаракати босмачигарӣ  роҳбарӣ  мекард ва охираш  дар Балҷувон кушта  шуд. Аз сўи дигар босмачиёнро  султахоҳони  инглис ҷиҳати ба тассаруфи худ  даровардани Осиёи  Миёна  ташвиқу тарғиб карда, бо силоҳу маблағ  таъмин  мекарданд. Ниҳоят, босмачиён барои барқарор кардани қудрати  аморати Бухорои  манғития  бар  зидии ҳокимияти Шўравӣ  сар боло кардаанд.

  Мардуми тоҷик аз ҳукуматдорони сулолаи манғития сахт  ранҷ  мебурданд.Бинобарин табиист, ки  мардум  босмачиёнро дастгирӣ  накард.
     Бад ин тартиб босмачиён ҳеҷ  вақт барои  барқарор намудани ҳокимияти  миллӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрўза мубориза  набурдаанд. Босмачиён  бо шиорҳои  маҳдуди  динӣ  манфиати  маҳдуди  шахсии худро  ҳимоя  мекарданд. Ин ҳаракат ҷунбиши  миллӣ  набуд. Онҳо  аз ғояҳои  бунёди  давлати миллӣ  дур буданд. Барои  босмачиён манфиати миллии  тоҷикон  бегона  буд.   Барои истиқрори давлати  миллӣ  саъю  талоше  надошта, танҳо таҳти шиорҳои  маҳдуду  мавҳуми  динӣ амал  намуда,  ба  харобкорӣ ва  талаву тороҷи  мардуми  бегуноҳ  машғул буданд.

      Агар  саркардагони босмачиёнро   дуруст  ташхис  намоем, мебинем, аксари  онҳо  намояндагони  халқияту қабилаҳои  турк  буданд.

     Худи воқеияти  таърихӣ гувоҳ аз он аст, ки босмачиён  дар  тақдири халқи тоҷик чун унсурҳои бегона аз ҷониби  мардум  дастгирӣ  наёфта,нақши созандаи  таърихӣ  надоштанд ва ба партовгоҳи фаромўшшудаи  таърих  партофта  шуда пўсидаанд. Ба дараҷаи муборизони нокоми  озодии  миллати тоҷик бардоштани  босмачиён  дар шароити  имрўза  ҳеҷ аҳамияти созандае барои  миллат надошта, аз ҷониби  мардум    пазируфта  намешавад.

 Назрӣ Офаридаев, профессори

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба

Номи М. Назаршоев

Log in

create an account