Мақолаҳо

БЕДОДГАРИҲОИ ТЭТ ҲНИ ДАР СОЛҲОИ ПЕШИНИ ҚАРНИ ГУЗАШТА

 

ӯПӯшида нест, ки  ТЭТ «ҲНИ» дар солҳои 90-уми асри гузашта ба даҳшатафканӣ, ифротгароӣ ва дигар амалҳои номатлуб сару кор дошт. Саркардагону аъзоёни фаъоли фирории ТЭТ ҲНИ ба хиёнаткорӣ, ҷинояткорӣ ва макру найрангҳои худ хотима надода,  бар зидди манфиатҳои миллӣ бо роҳи туҳмату иғвоангезӣ фаъолият намуда истодаанд. Онҳо кушиш мекунанд, ки амалҳои даҳшатангезашонро, ки солҳои 90-ум анҷом доданд, руйпуш намоянд ва худро ба мисли мусичаи бегуноҳу беозор дар назди ҷаҳониён муаррифи кунанд.

Саркардагону аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИ дар бадном, беобруй ва ҳатто ба қатл расонидани чеҳраҳои маъруфи кишвар таҷриба дошта, амалҳои зишту разилонаи онҳо ҳеҷ аз ёди халқи бузурги тоҷик фаромуш намешавад. Ҳар як инсоне, ки дар муқобили саркардагон ва аъзоёни фаъоли ТЭТ «ҲНИ» қарор дорад ё онҳоро барои содир кардани рафторҳои зишту ҳайвони ва фаҳшашон сарзанишу боз медорад,  он инсонро саркардагон ва тарафдорони  ТЭТ ҲНИ дар расонаҳои иҷтимоии интернетӣ  бадном ва нисбаташ ҳар гунна туҳмату сафсата эҷод менамоянд.

Барои мисол агар корманди ҳифзи ҳуқуқ  дар Тоҷикистон ё хориҷи он ягон нафар террористу экстремистро дастгир кунанд, саркардагону аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИ ва дигар иғвоангезҳо зуд дар шабакаҳои иҷтимои бо нашри мавзуъҳои дуруғ ину аблаҳона шуруъ намуда, боз мехоҳанд худро ҳамчун бовиҷдону адолатпарвар нишон диҳанд. Чунин тоифа ки худ аз зумраи қотилу хунхор ва экстремисту террористанд барои ҳамин аз дигар террористону ғоратгарону роҳ занону мардум фиребон дар шабакаҳои иҷтимоии интернети дифоъ мекунанд. Онҳо ҳазорон нафар ҷавононро кушта, бе ному нишон гардониданд.  Ҳазорон кудакону наврасонро ятим карда,  дили занону модаронро ба фиғону нола мубаддал карда, дар лабони ҳазорҳо нафари дигар хушию хурсандиро боздоштанд.

Дар умум дар қаламрави кишвар ҳисороти зиёди молию ҷонӣ эҷод кардаанд, ки то баҳол амалҳои даҳшатбору ваҳшатангези анҷом додаи онҳо аз қалби сокинони кишвар дурр нашудааст. Аз ваҳшонияту зулму ситам, бедод гарию вайронкориҳои терроистони наҳзати тамоми сокинон ба дод омада, як қисми сокинон маҷбур шуда,  кишварро тарк намуданд. Дар он замонҳо саркардагони ТЭТ ҲНИ аз боварию эътиқодоти диннии мардум суистифода карда, ба саффи худ ҷавонони зиёди гумроҳро ҷалб намуданд ва тавассути хоҷагони хориҷиашон ба дасти онҳо силоҳ тақсим карда, бародарро бо бародар ҷанган дохтанд. Халқро ба мусалмону кофир ҷудо намуда ба иғвоангези шуруъ намуда, гуруҳҳоро муқобили ҳамдигар бархезониданд ва ҷавонони гумроҳи наҳзатишуда  ба маҳалбозию маҳалгарои пардохтанд, ки то ҳол таъсири манфии ин омил дар байни баъзе нафарони алоҳидаи ҷомеаи шаҳрванди мутаассифона боқи мондааст.

Саркардагону аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИ бо хоҷагони хориҷиашон бо ин ҳама даҳшатафканиҳо қаноат накарда, имрузҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернети боз мехоҳанд мардумро ба муқобили якдигар ҷангандозанд. Лекин фаромуш кардаанд, ки мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба фиребу найрангҳои ТЭТ ҲНИ бовар надоранд ва тамоми амалҳои ин ташкилоти террористию экстремистиро маҳкум менамоянд.

Фарҳоди Сафар, таҳлилгар

Log in

create an account