Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ДАҲШАТБОРИ ОН

Терроризми байналмиллалӣ ин бадбахтии тамоми сокинони Сайёра буда,  бар муқобили он муборизаи якҷояи беамон бояд бурд. Терроризм дар  асри 21 инсониятро бо хатару таҳдидҳои ҷиддие ру ба ру намуда истодааст. Зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар замони имруза ҳамчун зуҳуроти номатлуб пазируфта шуда, тамоми оқибатҳои нохуш, таҳдид, ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти кониститутсионӣ дар мамлакат,  ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ,  иҷтимоӣ, диннӣ ва ғайра аз он маншаъ мегирад.

Ин падидаҳои номатлуб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳони имруза доман паҳн карда истода, хатари бузурги иҷтимоӣ дошта, барои субботу амнияти кишварҳои алоҳида таҳдиду хатарҳо паҳн намуда истодааст. Новобаста аз оне, ки ҳамасола бар зидди терроризму ифротгарои ва дигар зуҳуротҳои номатлуб  дар тамоми ҷаҳон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад, вале он  на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфта истодааст. Имрузҳо дар тамоми гушаҳои ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо маълум гардида истодаанд.

Оқибатҳои амалҳои террористию экстремистиро ҷаҳони имруза дарк намуда, мубориза  бар зидди онро сарони кишварҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсат медонанд. Зеро терроризму экстремизм ва ифротгароӣ дар як қатор кишварҳо ҷангҳои харобоварро ба вуҷуд овардааст, ки таъсири он боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ  гардидааст. Афзоишёбии падидаҳои номатлуби терроризму экстремизму ифротгароӣ ваоқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи он дар асри 21 яке аз проблемаҳои ҷидди тарини инсоният ба шумор меравад. Чунин зуҳуротҳои номатлуб ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро инкор намуда, асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон ва ба амнияти минтақаҳою тамоми ҷаҳон аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдиду хатар эҷод менамояд. Бар муқобили ин падидаҳои номатлуб ҳар як шахси солим фикр бояд мубориза барад. Чунки аз ин гунна падидаҳои номатлуб таъсироти манфӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсоният аз ҷумла,  дар сиёсат, идеология,  илм, дин, варзиш ба вуҷуд меояд.

Дар бештар мавридҳо дар таблиғу ташвиқоти ақидаҳои террористию экстремистӣ ва ифротгароӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ манфиатҷуста, мақсад доранд, ки ҷавонони кам саводу оворагардро ба гумроҳи бурда расонанд. Тамоми гуруҳҳои зидди башарӣ ба монанди гуруҳҳои террористии ба ном «Давлатиисломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Алқоида», «Толибон», «ҲИУ», «Ансоруллоҳ», «ТЭТ ҲНИ» ва ғайра танҳо барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсию иқтисодии худ  амалу фаъолият мекунанд.

Бинобар ин, ба мо ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарураст, ки бар зидди терроризму экстремизму ифротгарои ва дигар зуҳуротҳои номатлуб муборизаҳои даста ҷамъонаи беамон барем, то ки ин Ватани азизу муқаддасро  то абад орому осуда нигоҳ дорем.

С. Холмурод, таҳлилгар

 

Log in

create an account