Мақолаҳо

БОЗГАШТ БА ХАТТИ АРАБИАСОС ХИЛОФИ МАНОФЕИ МИЛЛӢ

Имрўзҳо дар шабакаҳои  иҷтимоӣ, нашрияҳои  алоҳида  масъалаи  баргаштан  ба хати  арабиасос  матраҳ  шуда, ҷонибдорони  ҷорӣ  намудани  ин хат  дар Тоҷикистон  ҳадафҳои  муайянеро  дунбол мекунанд:

  1. Исломкунонии ҷомеаи Тоҷикистон ва  заиф   сохтани   низоми  дунявии давлат;
  2. Ҷудо намудани Тоҷикистон  аз ҳавзаи  Авруосиё ва тазъиф  сохтани  равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИДМ;
  3. Густариши нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар давлатҳои теократии исломӣ дар Тоҷикистон;
  4. Эҷоди монеаҳо барои омўзиши забонҳои  байналмилалии русӣ ва англисӣ;
  5. Эҷоди монеаҳо барои  анҷоми  тарҳои  бузурги  иқтисодӣ, тарбияи  мутахассисон дар кишварҳои  хориҷи дур ва наздик;
  6. Муқобил гузоштан иддае аз  мардум ба  ҳукумати  ва  давлат бо шиори  сохтаи  «гузариш ба хати ниёгон»  ва бо ин роҳ доман задани тафриқаҳои иҷтимоӣ;
  7. Эҷоди монеаҳо барои ислоҳоти  амиқ дар бахши  маориф бо дарназардошти  татбиқи  таҷрибаи  пешрфтаи  мамолики Аврупо;
  8. Эҷоди ангезаҳои тафриқавӣ байни Тоҷикистон ва Россия, зеро мансух намудани  хатти  криллиасоси  русӣ дар Тоҷикистон боиси  вокунишҳои  зиди тоҷикӣ дар Федератсияи Россия мегардад.
  9. Масоили бозгашт ба хатти арабиасос барои Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат  метавонад барои истиқлол  ва дунявияти  давлати Тоҷикистон хатарзо маҳсуб  шавад;
  10. Барои амалӣ  сохтани ин авантюра (ҳангома) маблағҳои  зиёде  заруранд. Дар шароити  имрўза  чунин  маблағҳоро  барои иҷрои  тарҳои  муҳими  иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд харҷ кард;
  11. Расмулхати арабиасос  қоидаҳои  душвори  имлою нигориш  дорад, ки  таълими  он  ба   шогирдони   мактаби  ибтидоӣ  душвориҳои   зиёдеро  ба  бор  меорад  ва насли  навраси   мо  соҳиби   саводи  комил  намегардад;
  12. Фарҳанги китобхониро дар ҷомеа   беҳтар  намуд. Он вақт  осори  гузаштагонамонро, ки бо хати  крилӣ чоп шудаст, хонандаи  худро  пайдо   мекунад, чӣ расад бо осоре, ки  бо хатти  арабӣ нашр  шудааст;
  13. Баргашт ба хати арабӣ чандин  солро  дар бар  хоҳад гирифт ва ҷомеаро  аз иҷрои  ҳадафҳо  боманфиаттар  боз медорад;
  14. Истиқлолияти Фдавлатии Тоҷикистон заиф гардида, дастнигари давлатҳои теократии исломӣ мегардад;
  15. Робитаи Тоҷикистон бо ҳавзаи  Авруосиё ва ИДМ  заиф мегардад ва ин ба  рушди  иқтисодӣ,  равобити   тиҷоратию  иқтисодии мамлакат  ба дигар  кишварҳо  таъсири манфӣ  мерасонад;
  16. Таъсир ва нуфузи исломгароёни  ифротӣ  зиёд гардида,  ба низоми  дунявии  давлат  хатар эҷод мешавад;
  17. Омўзиш ва аз худ намудани  забони тоҷикӣ барои халқҳои  ИДМ, Аврупо  ва дигар  миллатҳо душвор мегардад.
  18. Барои рушди ояндаи забони  тоҷикӣ  гузариш  ба хатти  арабиасос  ягон нақше  намебозад. Забони   тоҷикӣ  бо хати  крилласос низ  метавонад, рушд  ёфта, асолати  худро  нигоҳ  дорад;
  19. Хати  арабиасоси  форсӣ - хати  ниёгони  мо нест. Ин хатест, ки барои   забонҳои  гуногун  корбаст мешавад. Барои  забонҳои  гуногуни  гурўҳи  эронӣ  забони урду, забонҳои гуногун  туркӣ  мавриди   истифода  қарор  мегардад. Хати   арабӣ  ҳеҷ  вақт  коди миллии  (национальный код)  миллати тоҷик набуд. Хатҳо ҷанбаи  байналмиллалӣ  доранд ва вобаста  ба  шароитҳои  таърихӣ чандин забонҳо  аз як  системаи  хат  истифода  мебаранд. Ин гуна   мисолҳо  бисёранд. Аҷдодони халқи тоҷик аз хатҳои гуногун  бо дарназардошти   хусусиятҳои  забонҳои  худ  истифода  бурдаанд. Суғдиҳо  аз  хати  оромӣ, сакоиҳо  аз хати ҳиндӣ,  бохтариён  аз хатти  юнонӣ  истифода бурда,  хати паҳлавӣ (манбаи  забони тоҷикӣ) низ хати  оромӣ  буд. Осори забони порсии  бостон бо хати мехӣ  навишта шудааст.

Назрӣ ОФАРИДАЕВ, профессор

 

 

 

Log in

create an account