Мақолаҳо

БА ИСТЕҲСОЛУ КИШТИ МАВОДИ МУХАДДИР БОЯД ХОТИМА ДОД

Истеҳсол ва кишти маводи мухаддир дар Афғонистон аз ҷониби гуруҳҳои нашъаҷалоб, ба суббот ва рушди бисёр минтақаҳо дар тамоми ҷаҳон таҳдид менамояд, вале таъсири сахти он аз ҳама бештар дар кишварҳое, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошанд, ҳис карда мешавад. Даромади муфти нашъаҷалобон, гуруҳҳои муташакки ли ҷиноятӣ ва гуруҳҳои террористӣ аз тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир тандурустиро хароб намуда, сатҳи маърифатнокиро паст карда, ба рушди иқтисод халал расонида, фасодро тақвият дода, зуроварӣ ва азобро идома медиҳад.

Барои ин далелҳо худи Ҷумҳурии исломии Афғонистон имрузҳо мисол шуда метавонад. Дар аксарияти минтақаҳои мухталифи Афғонистон шумораи нашъамандон зиёд шуда истода, инчунин, ин вабои асрро имрузҳо шаҳрвандони Афғонистон аз камсаводию сатҳи пасти рӯзгор доштан ҳамчун даво истифода мебаранд, ки оқибатҳои ногувори он ба мардуми сайёра маълум шудаи стодааст. Вақтҳои охир дар Афғонистон занон низ ба истеъмоли маводи мухаддир майл пайдо намудаанд. Яке аз сабабҳои ба маводи мухаддир майл кардани занони афғон аз он иборат аст, ки онро дар аввал чун дору истифода мебаранд. Масалан, барои боздоштани хунравӣ,  ба кудакон низ ба хотири хобонидан, паст кардани шиддати дард, маводи мухаддири навъи «афюн» медиҳанд. Ин таҷрибаи талхи зиндагӣ дар Афғонистон солҳо идома дорад.     Истифодаи чунин воситаҳои табобатии куҳна ва хатарнок дар байни занон ба сатҳи пасти тақсимоту маърифатии занони афғон вобаста аст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар борҳо таъкид карданд, ки баъди суқути  «Ҳаракати Толибон» низ  дар Афғонистон қазияи табъизи занон дар Афғонистон ҳалли худро пайдо накард.  То ҳол занон ва духтарони афғон бахушунати хонаводагӣ дучор мешаванд. Ба таҳсилот ва ҳифзи ҳуқуқи худ дастрасии маҳдуд доранд. Барои ҳалли дастрасии занону духтарони афғон ба таҳсилот, Иттиҳоди Аврупо маблағи муайянеро ҷудо кардааст, ки ҳазор духтари афғон бояд дар Қазоқистон таҳсил кунанд. Дар татбиқи ин лоиҳа инчунин СММ «Unwomen» иштирок мекунанд ва он то соли 2021 идома пайдо мекунад.  Маблағи умумии ин лоиҳа 50-милион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

  Аммо бо таассуф бояд гуфт, ки чун барнома ва лоиҳаҳо  дар Афғонистон зиёд татбиқ мешаванд, вале натиҷаҳои онҳо назаррас нест. Ҷомеаи мамолики ғарб ва Амрико, ки Афғонистонро батобеияти пурраи худ даровардаанд, барои решакан намудани маводи мухаддир кам кушиш мекунанд. Афғонистон макони калонтарини истеҳсолу кишти маводи мухаддир боқи мемонад. Ҳаммаруза  аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна тавассути кочоқчиён миқдори зиёди маводи мухаддир интиқол дода мешавад, ки зарари он ба ҷомеаи мо хеле таъсири манфӣ мерасонад. Мутаасифона дар ҷомеаи мо баъзе ашхос ҳастанд, ки қочоқчиён ва гуруҳҳои мутташакили ҷиноиро, ки пайваста ба хариду фурӯши маводи мухаддир даст доранд,  дастгирӣ менамоянд ва онҳо фикр намекунанд, ки зарари ин вабои аср фардо ба наздикону хешовандони онҳо низ мерасад. Ҳамчунин агар чуқуртар назар кунем тамоми кишту истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон аз ҷониби гуруҳҳои террористию ифротӣ ба роҳ монда шудааст ва онҳо тариқи ин вабо мехоҳанд ҷомеаи ҷахониро ба нести бурда расонанд. Инчунин гуфтан ҷоиз аст, ки дар кадом минтақаи кишваре, ки қочоқчиёни маводи мухаддир ва гуруҳҳои мутташаки лиҷиноӣ арзи вуҷуд дошта бошанд, дар онҷо ҳатман ҷанҷолу хунрезию қатлу куштор рух медиҳад. Инро тамоми сокинони сайёра медонанд, ки қочоқчиёни маводи мухаддир ва гуруҳҳои мутташакили ҷиноӣ дар хонаю паноҳгоҳҳояшон силоҳу маводҳои таркандаро нигоҳ медоранд ва онҳоро дар амалҳои ғайриқонуни истифода мебаранд, ки таъсири манфиашонро ба сокинони осоишта мерасонанд.

  Барои ҳифз намудани ҳуқуқи башар ва аз байн бурдани зуроварию қатлу куштор, мо сокинони сайёраи ҷахонро зарур аст, ки бар зидди истеҳсолкунандагони маводи мухаддир, қочоқчиёни маводи мухаддир, гуруҳҳои муташакили ҷиноятӣ ва дигар зуҳуротҳои номатлуб муборизаҳои дастаҷамъонаи беамон барем ва нагузорем, ки ягон нохалафе ба инсоният зарарашро расонад.

Т. Сафарӣ

Log in

create an account