Мақолаҳо

КӢ БА ОТАШ РАВҒАН МЕРЕЗАД, Ё ХУД ҲАДАФИ АСЛИИ ”AKHBOR. СOM” ЧӢ АСТ?

Вақтҳои охир сардабири фиреб — сомонаи "аkhbor.com" Мирзо Салимпурро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса Фейсбук аксарияти шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ва берун аз он ҳам ба он мутаҳам намуданд, ки дар Аврупо маскан шуда, бар арзишҳои ғарбӣ гаравидааст ва ба нафъи Эрон кору иғвогарӣ дорад. Аммо мавсуф дар навбати худ ба созмонҳои "ҳуқуқи башар" ва хоҷагони хориҷиаш арзу гила намудаст, ки ӯ соҳиби чор фарзанд ҳасту ӯро нафақат дар Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон шармандаву беҳаё карданд. Ва ӯ ҳамчунин дар "баёнияаш" аз роҳбарияти ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ҷонибдорӣ намуда, аз хеш ва аъзоёни ташкилоти террористӣ "мусичаи бегуноҳ" сохтааст.

Феълан барои ягон кас пӯшида нест, ки худи шахсияти М. Салимпур дар чармгарӣ маълум буда, ӯ асосан ахбороти бофта, факту рақамҳои сохта, иттилооти дурӯғу дур аз ҳақиқатро тариқи дастгоҳи макрбофии Akhbor.com дар Фейсбук паҳн намуда, инчунин бо сомонаҳои дурӯғину ифротгарои feghana.news, Isloh.net, ozodandishon, paem.net, vostok. news ҳамкории зич дорад. Яъне ҳоло мисли рӯз барин равшан аст, ки ҳар амали Салимпур ва ҳамтоёнаш танҳо барои барангехтани кинаву адоват байни мардум, барҳам задани суботи сартосарӣ дар Тоҷикистон, зери по намудани дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдат, заъиф нишон додани пояҳои асосии давлату давлатдорӣ ва ниҳоят табаддулоти конститусионӣ дар кишвар мебошад.

Барои ҳар як фарди солимфикру худогоҳ маълум аст, ки имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳониро муборизаи иттилоотӣ фаро гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он дар канор нест. Ин падидаи номатлуб  барои паҳн кардани  ақидаҳои ғаразноки гуруҳҳо ва равияҳои ифротиву экстремистӣ  имконияти  хубтару васеътарро  фароҳам месозад.  Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо мисли “каҷдумҳои таги бӯрё” мехоҳанд аз ин имкониятҳо ба манфиати хеш истифода бурда, фазои ороми ҷомеаро ноором созанд. Онҳо мехоҳанд аз ҳар луқмаи даҳони шерону гургон нӯши ҷон карда, заҳри кинаситонии хешро бо он илова карда, ҷомеаи моро олуда созанд.

 Худи асосгузорони “Akbor.com” низ ҳар гуна ахбори буйи иғвогариву иғвоангезӣ доштаро тарғиб карда, хотири ороми аъзоёни ҷомеаи моро мушавваш мегардонад. Бинобар ин, моро лозим аст, ки аз ниятҳои нопоки ин гуррӯҳҳо воқиф бошем ва ба дасисакориҳои онҳо дода нашавем.

Вале як чизро Салимпур ва ҳаммаслаконаш бояд махсус дар хотир доранд, ки иродаи матини халқи бузурги тоҷикро дар ягон давру замон касе шикаста натавониста, ин мардуми сулҳофар дар таърихи навини худ низ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат - Пешвои муаззами хеш, Асосгузории сулҳу Ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бесуботиву бесару сомонии меҳани маҳбуби тоҷикон роҳ намедиҳанд. Албатта таърих гувоҳ аст, ки  душманони тоҷик ва аҷнабиён чандин бор баҳри сарнагун кардан ва исломисозии мамлакати тоҷикон талошҳои ҳамешагӣ намудаанд, лекин бадхоҳони миллат дар ин тасмимгирии худ ҳаргиз муваффақ нашуда ва намегарданд.

Akhbor.com бемуболиға сомонаи иғвоангез аст ва доимо ба бадномкунии шахсиятҳои шинохта, фарзандони фарзонаи миллат, муқобилгузории маҳалҳою минтақаҳои  гуногуни  кишвари азизамон бо ҳамдигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул мебошад.

 Аъзоён, бахусус ташкилкунандагони ин сомона бо амали иғвоангези худ мехоҳанд сиёсати якпорчагии  кишвар, Ваҳдату ягонагии  миллати куҳанбунёд, сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро халалдор сохта, барои расидан ба ҳадафҳои  ғаразноки худ мардумро дар зери ҳар гуна шиорҳои беасос ба маҷрои сиёсӣ даъват намоянд. Тавассути сомонаҳои интернетӣ ҳар гуна наворҳои беасосро пахш намуда, аз мардуми кишвар, алалхусус ҷавонон барои амалӣ намудани  нақшаҳои ғаразноки худ кӯмак талаб мекунанд. Аммо имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳамаи он наворҳои аудио - видеоии аз ҷониби аъзоёни ин сомона дар шабакаҳои интернетӣ пахш гардида, ягон асоси ҳақиқатро надошта, баръакс боиси нафрати сокинон мегарданд.

 Аз ин рӯ, аз ҳамватанони азизи худ, бахусус ҷавонон даъват менамоем, ки фириефтаи  беадолатиҳои ин хоинҳои миллату давлат нашаванд, зеро ки онҳо нангу номуси худро ба хоҷагони хориҷиашон фурухтаанд ва мехоҳанд Тоҷикистони тинҷу ороми моро ноором созанд. 

Насим Саираҳмонов, ассистенти

кафедраи таърих ва ҳуқуқ,

Суҳроб Мирзошоев, мудири

кафедраи забонҳои шарқи ДДХ

Log in

create an account