Мақолаҳо

МАРКАЗИ «ИНТЕЛЛЕКТ» - ДАСТГИРИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲ

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев тибқи иҷозатномаи № 0001952 аз 2-юми ноябри соли 2015 фаъолият намуда, дар  ВМКБ ягона мактаби таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Донишгоҳ 4567 донишҷўро ба таҳсил фаро гирифтааст, ки ба таълимашон 326 нафар омўзгор машғуланд.  Донишгоҳ дорои ду бинои хобгоҳ буда, дар он 600 нафар донишҷў аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ истиқомат менамоянд. Аз ҷумла  351 нафари онҳо ҷавондухтаронанд.  Биноҳои хобгоҳ дорои инфрасохтори муайян толорҳои маҷлис, толорҳои хониш, бунгоҳи тиббӣ, ошхона бо таҷҳизотҳои муосир, китобхонаҳо, китобхонаи электронӣ ва маркази интернетӣ мебошад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни грантии лоиҳаҳоро бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии донишҷўдухтарон ва тайёр намудани онҳо ба бозори меҳнат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод намуд.

 Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо номи М. Назаршоев  гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳо ташкил карда шуд. Соли 2017 гурўҳи корӣ лоиҳаро бо номи Маркази «Интеллект» - дастгирии донишҷўдухтарон дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро  таҳия карда, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод намуд ва барнома сазовори грант шуд.

Ҳадафи асосии лоиҳа ин ташкили Маркази «Интеллект» бо мақсади дастгирии донишҷўдухтарон барои баланд бардоштани фаъолнокӣ, омўзиши дониш, малакаҳои нави касбӣ , фароҳам овардани муҳити равонии солим ва созгор, беҳтар намудани  шароити хуби зист дар хобгоҳ  ва омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона мебошад. Инчунин кўмаки равонӣ ва омода намудани донишҷўдухтарон ба кору фаъолияти меҳнати касбӣ  баъди хатми донишгоҳ ,  дарёфти ҷойи кор дар бозори меҳнат аз мақсадҳои асосии барнома мебошанд.

Марказ имконият медиҳад, ки донишҷўён бо технологияи нави  иттилоотӣ таъмин гарданд ва донишҳои компютерӣ-электрониро аз худ намоянд. Ба онҳо дар хобгоҳ аз назари равонӣ кўмак расонида мешавад ва иттилоти иловагӣ оид ба масоили гуногун дода мешавад. Марказ  аз маводи таълимӣ ва марказҳои интернетӣ, толори хониш бо технологияи электронӣ, компютерҳо ва интернети босуръат таъмин карда мешавад, ки донишҷўдухтарон ба он дастрасӣ пайдо менамоянд.

 Ш. НОДАЛЕБОВА, ёрдамчии

ҳамоҳангсоз оид ба корҳои тарбиявӣ 

 

 

Log in

create an account