Мақолаҳо

МУҲИДДИН КАБИРӢ – ХОИНИ ВАТАНУ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Оре, унвони «Хоини миллати тоҷик» ба Муҳиддин Кабирӣ арзанда мебошад. Чунки дар хақаиқат ӯ ба миллату Ватани аҷдодии худ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Агар ба шахсияти М.Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши кавонини Ислом мебошад. Ӯ нисбат ба дини Ислом кур-курона муносибат мекунад ва бо ин рафтораш ғазаби Худоро меорад, ки оқибаташ талх аст.

Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 27 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИТ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва  ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Мардуми осоиштаи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоб, ҳама ба муқобили ҳамагуна созмони ифротӣ аз қабили ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ мебошанд. Гарчанде дар гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон тарафдорон ва аъзоёни ин ҷараён мавҷуд буданд, аммо дар шароити кунуни нишонае аз фаъолияти ин ҷараёни тудгаро ва ё дастгирии он аз ҷониби сокинон, дида намешавад. Зеро ки мардум дарк намудаанд, ки ҲНИТ онҳоро ба роҳи бад ҳидоят мекард.

Мунаққидон ва озодандешони вилояти Бадахшон бобати фаъолияти ҲНИТ андешаҳои худро баён намуда, зикр менамоянд, ки дар дини мубини Ислом ҳизбгарои ҳарром аст. Пас аз ин бармеояд, ки қаблан роҳбарони ИНОТ бо истифода аз дини мубини  Ислом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳизби «Ҳизб-уш-Шайтон»-ро таъсис доданд, ки роҳбарони он дар симои Муҳиддин Кабирӣ зердастон ва аъзоёни худро то ҳол ба шайтониву дуруғгуи ва авомфиреби ҳидоят карда истодаанд.

Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИТ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Чуноне, ки маълум аст:

Бозичаи дасти дигарон аст Кабирӣ,

Овораву сарсони ҷаҳон аст Кабирӣ,

Пӯшт бар дари Эрону рӯ ҷониби Аврупо,

Душманӣ миллати тоҷик аст Кабирӣ,

Хоини Ватан модару яғмогари хоку фарр,

Раққосаву бе шарму ҳаё аст Кабирӣ.

Имон ба Рӯҳониву сидқ ба Эрон,

Мақсади ноором сохтани Тоҷикистон дорад Кабирӣ,

Бе Ватану баҷобурдани фармони хоҷагон,

Ҷуз хоинии Ватан ба касе лозим нест Кабирӣ. 

Одинабеков Муслим,

сокини ВМКБ

Log in

create an account