Мақолаҳо

ОДОБИ МУОШИРАТ ҶАВҲАРИ ЗЕБОИИ ИНСОН

 Инсоният дар тўли таърих, дар ҳамагуна шароите, ки зуҳур накарда бошад, дорои нишонаҳои ахлоқии худ буд. Беш аз ин дар ҳаёти инсон тарбияи ахлоқӣ ҳадафи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Ба ин хотир, аввалин ва бузургтарин китоби таърихи инсоният «Авесто» низ пеш аз ҳама ба тарбияи ахлоқии инсон бахшида шудааст. Шиори авестоии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», ки беш аз се ҳазор сол пеш баён гардидааст, то кунун ҳам ҷавҳари тарбияи ахолқиву муҳити маънавии инсонҳост.

Тибқи таълимоти «Авесто» инсон тули зиндагиаш ҳамеша дар миёни муборизаи некиву бадӣ қарор дошта, дар набард бояд, ки доим ҷонибдори некӣ бошад. Дар он таъкид карда мешавад, ки инсон бояд фақат рост гўяд, ба ваъдааш вафо кунад ва адолатпарвару меҳнатдўст бошад.

Аз рўи таълимоти «Авесто» накўкорӣ хислати ҳамидаи инсонӣ ба ҳисоб рафта он аз ду қисм иборат аст–ақлонӣ, ё худ хирадмандӣ, боидрокию соҳибмаърифатӣ ва ахлоқӣ, ё ин ки мардонагӣ, боадолатӣ ва ғайра. Ҳар дуи ин қисмати хислатҳои инсонӣ дар раванди муносибатҳояш алоқамандии ногусастанӣ доранд.

Вобаста ба ин аз замонҳои қадим то ба имрўз ҳадафи таълимоти донишмандон дар соҳаи тарбияи ахлоқии инсон, маҳз дар ниҳоди ў ҷо намудани пиндор, гуфтор ва рафтори нек буду аст.

Истифода аз ин дастури пурқиммати ниёгонамон дар таълиму тарбияи насли наврас ва ба шароити замони муосир мутобиқ намудани он қарзи ҳар як шаҳрванди маърифатпарвар мебошад. Дар раванди тарбия бояд тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсон – омўзиши сифатҳои шоиста, одобу рафтори муносибат, аз ҷумла одоби муошират дар ҳамагуна ҳолатҳо, чи шахсиву чи ҷамъиятӣ фаро гирифта шаванд.

Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсони тарбиягирифта ва хушахлоқ бешак одоби муошират ба ҳисоб меравад. Қисмати муҳимтарини одоби муширатро бошад, ахлоқ ташкил медиҳад. Ахлоқ худ ҷиҳати луғавӣ маънои «хулқ»-ро ифода намуда, маънои рафтору кирдор, одату сиратро дорад. Одоби муошират маҳз ба ҳамин гуна тасаввуроти ахлоқии инсон асос ёфтааст.

Одоби муошират худ аз ду мафҳум иборат буда, одоб ба маънои адаб ва муошират ба маънои муомила, муносибат, робитаи одамон ба ҳамдигарро ифода мекунад. Муошират омили муҳими раванди барпокунӣ ва рушди робитаи одамон барои мубодилаи афкор, ахбор, эҳсосот ва ғайра дар фаъолиятҳои якҷоя мебошад.

Аз ин ҷиҳат муошират на танҳо моҳияти илмӣ балки бештар моҳияти амалӣ дорад. Дар ин раванд ахлоқ ё худ этика – хулқу рафтор  ҷузъи муҳимтарини муошират ба ҳисоб мераванд. Муошират ба эҳтиёҷи инсон ба инсони дигар асос ёфта, аз муколама, гуфтугў, сўҳбат, робитаи забонӣ иборат аст. Дар баробари ин зимни муошират нақши имову ишора ва тарзи рафтори инсонҳо низ хеле муҳим аст.

Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир дар баробари муоширати бевосита, яъне вохўрии инсонҳо муоширати бавосита низ роиҷ аст. Онҳо дар баробари вохўриву сўҳбатҳои рў ба рў бо истифода аз таҷҳизоти техникӣ, аз қабили мактуб, телефон ва Интернет низ бо ҳам муошират менамоянд.

Ба ин васила муошират дар ҳаёти инсонҳо як амали хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки ибораи «Ҳаёт ин муошират аст» хеле маъмул гардидааст. Одамон тариқи муошират ахбори тоза мегиранд, воситаи беҳтар сохтани кору бори зиндагиро аз худ мекунанд, арзишҳои баланди ахлоқиву фарҳангиро омўзанд.

Дар баробари ин муошират паҳлуҳои манфӣ низ дошта метавонад. Одам дар муошират метавонад хабари шум шунавад, ки ин боиси маъюсӣ, ғамгиниву изтироб ва асабонияти ў гардад. Дар ин сурат риояи қоидаҳои муошират рангу усули дигар касб мекунанд. Ба ин гуна муошират бояд ки омодагии махсус дид.

Ҳанўз аз замонҳои қадим ва дар фарҳангҳои мухталиф ба масъалаи ахлоқ ва одоби муошират таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешуд. Истилоҳи муошират ба маънои имрўзаи он бори аввал дар илми ҷаҳонӣ дар асари файласуфи юнонӣ Арасту (асри IV то милод)  истифода шудааст. Ин муттафакир чунин меҳисобад, ки дар муошират, яъне «чӣ тавр гуфтушунид кардан», ҳатман одоби муайян вуҷуд дошта бошад. Риояи эътидол ё «васати тиллоӣ» (нигоҳдоштани андоза, каму зиёд нарафтан) дар муошират, аз нигоҳи Арасту маънии муомилаи дўстона ба ҳамаи одамонро дар ҳама гуна ҳолатҳо ифода мекунад. Худи дўстӣ низ аз нигоҳи Арасту танҳо тавассути муошират бо дигарон қавӣ мегардад.

Таълимоти Арастуро дар бораи ахлоқу одоби муошират дар асрҳои миёна дар сарзамини Машриқ Абунасри Фаробӣ, Абуалӣ ибн Сино, Унсурулмаолии Кайковус, Нариддини Тусӣ, Ҷалолиддини Давонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар муттафакирони бузург низ хеле васеъ баён намудаанд.

Абунасри Фаробӣ чунин меҳисобад, ки омўхтани илм бе сайқал додани зеҳн ва такмили ахлоқ ғайриимкон аст. А. Фаробӣ бар ин ақида аст, ки аҳли ҷомеа бояд бо ҳамдигар ва бо сарвари ҷомеа муошират ва муносибати меҳрубонона дошта бошанд.

Муттафакири бузурги тоҷик Абуалӣ ибн Сино ақида баён намуданд, ки дар такмили инсон нақши таълим ва тарбия хеле муҳим аст. Аз тариқи тарбия кўшиш ба худшиносӣ ва касби камол ё худтакмилдиҳӣ роҳҳои асосии рушди ахлоқии инсон мебошанд.

Унсурулмаолии Кайковус фармудаанд, ки мартабаи инсон на ба вазифа ва баромади иҷтимоии ўст, балки ба ақлу заковат ва ахлоқи ў вобаста аст. Ин мутафаккир низ тарбияро асоси ташаккули ахлоқи инсон шуморидаанд.

Умуман, муттафакирони ҳар давру замон риояи одоби муоширатро ҷузъи муҳими ахлоқи ҳамида ва ҷавҳари зебоии инсон маъниндод ва эътироф намудаанд. Аз ин ҷиҳат имрўз зиёну ояндагон бояд дар ҳама ҳолат ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ такя намуда, зиндагии худро рангину гуворо созанд. Тўшаи ин гуна ҳаёт барои инсон бешак хулқ, ахлоқ, ободи баланди муошират мебошанд.  

Васила ШОНИЁЗОВА, ассистенти кафедраи

фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи

давлатии Хоруғи ба номи Моёншо Назаршоев  

 

Log in

create an account