Мақолаҳо

САМАРАИ ҲАМКОРӢ Ё ХУД МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ БОЯД МАНФИАТБАХШ БОШАД

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 140 – уми Иттиҳоди  Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар шаҳри Қатар баромад намуда, оид ба масъалаҳои муҳими глобалии ҷахони муосир суханрони намуд. карор дод. Бо назардошти воқеити кунунӣ, таъмини амнияти устувори кишварҳо ва дар мавқеи фаъол қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади пешгирии хатарҳои ифротӣ мавриди таҳлил  қарор дод.

Муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров асосан ба се масъалаи муҳими глобалии замон; тероризму экстремизм, ҳамкории байниҳамдигарии кишварҳо ва масоили об ақидаҳои башардустонаи худро баён намуд.

Нуктаи аввали ин суханронӣ ин мубориза ба муқобили терорризм ва экстримизми  замони муосир буда,  дар он истодагарӣ ва муборизаи беамони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мукобили ин падиди номатлуби ҷомеа равона намудааст ва ҳамчунин  иброз медорад, ки  ягон  давлти дунё дар танҳоӣ наметавонад имрӯз бо ин  доғи  рӯз  мубориза барад. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳо  бояд бо низоми қонунӣ  ба ин падидаи номатлуб назар андохта, дар бораи он дар якҷоягӣ андешаронӣ намоянд. Зеро таҷрибаи байналмиллалӣ нишон медиҳад, ки танҳо бо роҳи  конунгузорӣ ва андешаҳои   пешгирикунанда метавонанд чораҳои амалиро ба миён оваранд.

Аз рӯи нишондод ва суханрониҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон дар нисбати  дигар  кишварҳои Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофии худ хатари терорризмро  бештар эҳсос менамояд. Зеро кариб зиёда аз 1900 км бо Ҷумҳурии  Афғонистон ҳамсарҳад буда, имруз  ин хатар таҳдиди бештар дорад.   

  Нуқтаи муҳим ва асосии ин маърӯза ин даъват ба ҳамкории байниҳамдигарӣ,  муборизаи  дастаҷамъонаи ҳамаи кишварҳо бар зидди ин ниҳодҳои ғайриинсонӣ, ба монанди терорризм ва ифротгароӣ,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир,  одамрабоӣ   ба ҳисоб меравад,  Шукурчон Зухуров  ҳамчунин таҳкид намудааст, ки соли 2015 -ум суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси далелу аснодҳои раднашаванда Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти терорристӣ – экстремистӣ эълон намуда, фаъолияти онро қатъ гардонд. Вале масъалаи аз ҷониби баъзе кишварҳои  аврупоӣ ки то ҳол ба ин гурӯҳҳо шароити мусоидро фароҳам меоварданд ин боиси  нигаронии Шукурҷон Зуҳуров гардида, зери муҳокима қарор гирифтааст. Дар ин маврид бояд хамаи кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоянд, ки муборизаи дастаҷамъона бо мақсади таъмини, амнияти кишварҳо  самараи бузургро ба бор хоҳад овард.

БЕҲРОНОВ Ҷ, мудири кафедраи адабиёт ва санъат

 

Log in

create an account