Мақолаҳо

ТЕРРОРИСТ БУДАНИ ТТЭ ҲНИ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН ОШКОР ШУД

Чуноне ки ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ шуд, роҳбарияти ИМА сипоҳи посдорони инқилоби исломии Ҷумҳурии исломии Эронро ба рўйхати созмонҳои террористӣ ворид намуд ва Президенти ИМА Доналд Трамп дар ин хусус изҳорот ҳам дод. Вай эълон кардааст, ки сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва зершохаи он, яъне нуруҳои қудс мувофиқи қисми 219-уми Қонуни муҳоҷират ва амнияти кишвараш, террористӣ эътироф карда шудаанд.

Боиси зикр аст, ки маъмурияти ИМА бо террористӣ эълон намудани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва зершохаҳои он тамоми ташкилотҳои наҳзатиро низ террористӣ эътироф кардааст.

Пештар аз ин террористӣ будани ташкилоти наҳзатиро кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ эътироф карда, онро ба рўйхатҳои сиёҳи худ шомил карда буданд.

Дигар дар тамоми ҷаҳон террористӣ будани наҳзатиҳо ва сарпарастонашон исботу ошкор гардидааст. Мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд душмани пешрафту ободию озодӣ – наҳзатиҳо ва сарпарастони онҳоро шиносанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳамин тавр, дар муборизаи ин вабои аср - терроризми байналхалқӣ муттаҳид гарданд.

Боиси зикр аст, ки халқи Тоҷикистон баъди ҳодисаҳои 04-уми сентябри соли 2015, ки бо сарварии собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалими хоин рух доданд ва мақсадҳои нопокашон боз ҳам ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аз мақсадҳои нопоки роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш огоҳ шуда, баъди чанде бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ ташкилоти террористӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шуд.

Чуноне ки зикр гардид баъд аз ин кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ низ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф намуда, онро ба рўйхати сиёҳи худ шомил карданд.

Баъд аз ин роҳбарони ТТЭ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, бо фиребу найранг эътилофҳои дурўғин ва сохта баргузор мекунанд ва бо сафсаттаҳои хеш мехоҳанд, мағзи ҷавононро олудаи ақидаҳои ифлоси хеш намоянд. Халқи тоҷик солҳои 90-уми асри 20 бо гуноҳи ТТЭ ҲНИ як бор ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва чӣ қадар азобу уқубатҳоро дид. Дар натиҷаи ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар кушта шуда, наздики 1-миллион нафар ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон гуреза шуданд. Иқтисодиёти кишвар миллиардҳо доллари амрикоӣ зарар дид.  Ва чандин мушкилоти дигареро ин ҷангеро, ки душманони дохилӣ ва хориҷии кишвар оғоз карданд ба бор овард.

Бинобар ин, халқи тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби роҳбарони ТТЭ ҲНИ намеафтанд ва ҳеҷ гоҳ ба дунболи онҳо намераванд.

Имрўзҳо сокинони кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукронаи тинҷию амонӣ ва рўзгори ободу осударо менамоянд ва бо меҳнати софдилонаю содиқонаи хеш Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зеботар ва сатҳу сифати зиндагии хешро боз ҳам беҳтар намуда истодаанд.

 Ҷавонони ноҳияи Дарвоз

 

                                                                 

 

Log in

create an account