Мақолаҳо

«ПОСУХДОРОНИ ИСЛОМ Ё…»

Эътироф шудани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар қатори ташкилотҳои террористӣ беҳуда нест. Ҳукумати ИМА СПИИ-ро ба ташкилоти террористӣ ва коршиносон онро ба ташкилоти «СС»-и Германияи фашистӣ баробар карданд.

Ба миён савол меояд чаро? СПИИ чӣ гуна сохтор аст ва ба манфиати кӣ фаъолият мекунад?

Вазифаи асосии СПИИ – ҳимояи дастовардҳои инқилоби исломӣ дар Эрон мебошад. Дар баробари дигар вазифаҳои муҳим СПИИ механизми асосии дар амал татбиқ намудани консепсия «интиқоли инқилоби исломӣ» мебошад. Дастгирӣ ёфтани ҳар гуна ташкилоту ҳизбҳои сиёсиву динӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарафи ин воҳид яке аз вазифаҳои муҳими он мебошад. Имрӯз СПИИ фаъолона дар сиёсати ҳам дохилӣ ва ҳам берунаи роҳбарияти худ нақши муҳим бозида, супоришҳои махсуси роҳбарияти кишварро амалӣ, алалхусус дар хориҷи кишвар месозад.    

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки яке аз дастпарвари СПИИ дар хориҷи кишвар ин ташкилоти экстремистӣ – террористии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Пас аз ошкор шудани мақсади асосии ҲНИ ва шикаст хурдан дар муборизаи нопоки сиёсии хеш моҳи сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ин ташкилот ба Аврупо фирор карда, пиёдасозии мақсаду мароми душманононаи худро нисбати халқи тоҷик дар хориҷи кишвар идома дода истодааст. Албатта СПИИ тарбиятгари худро фаромуш накард ва кӯмаки «хирсона»-и худро, ба ҲНИ идома дода истодааст. Солҳои охир бо дастгирии молиявии СПИИ барои такмил ва такони нав додан ба мубориза бо мардуми Тоҷикистон, ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвар ба раҳбарияти ТЭО ҲНИ аз тарафи СПИИ сад ҳазор долларҳо ҷудо гардидааст. Бо ин мақсад, дар хориҷи кишвар ҳар гуна сайтҳои иттиллоотӣ, радио, барномаҳои телевизионӣ таъсис дода шуда, ҳар рӯз тавассути онҳо маводҳои иғвоангезона пахш мегарданд. Аз ҳамин сабаб СПИИ, воҳидҳои он, хусусан ТЭО ҲНИ, сайтҳои «Паем.нет», «Восток-ньюс», «Озодандешон», «Кимиеи Саодат», «Ахбор.ком»-ро низ да радифи СПИИ ҳамчун ташкилотҳои  террористӣ дуруст эътироф шудаанд.

Пас чаро Сипоҳи посухдорони инқилоби ислом худро маҳз посухдорони ислом меноманд. Оё ин дуруст аст, ки мусулмонон бо дасти худ мусуслмононро ба таври вахшиёна мекушанд. Оё дар дини мубини Ислом гуфта шудааст, ки барои химояи Ислом мусалмонон пойгоҳҳои махсус таъсис дода, дар он мусалмононро барои гузаронидани амалиётҳои террористӣ, ба қатл расонидани арбобҳои давлатию ҷамъиятӣ, журналистон, сиёсатмадорон, мардуми оддӣ, модарон, қӯдакони беимдодро тайёрии махсуси ҷангӣ диҳед.

Ба худ савол гузоред Посухдорон - Оё Шумо манфиатҳои Ислом ва ё гуруҳи алоҳидаи одамонро ҳимоя карда истодаёд?              

Худобахшов Ҳамроз, сокини ш. Хоруғ

 

 

 

Log in

create an account