Мақолаҳо

ҲНИ САРЧАШМАИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

ТЭТ «ҲНИ»  ҳануз дар солҳои 80-уми асри гузашта ба таври пинҳонкорона таъсис  ёфта, он дар солҳои 90-ум ошкоро амал кард ва бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро маҳз ҳамин ташкилоти террористию экстремистӣ ба сари мардуми тоҷик овард.  Ин ташкилоти террористӣ аз рузҳои аввали  ташкилшави ба майдони сиёсат бо мащсадҳои ғаразнок ворид гардид. Миёни аҳоли ҳеҷ ващт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист. Саркардаҳои ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ барои амали намудани нащшаҳои хоҷагони хориҷиашон  ба таври ошкоро фаъолияти зиддимиллиро ба роҳ монда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ, актҳои террористӣ ва таҳсил дар мактабҳои ғайри расмии кишварҳои исломиро ба роҳ монданд. То ба имруз саркардагони ТЭТ «ҲНИ» бо амалҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳони  тарсуваҳмро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои пиёда  намудани ҳадафҳои нопокашон шароит фароҳам оварда истодаанд. Ващтҳои охирсаркардагони ин ташкилот дар шабакаҳои интернетӣ  бо ҳар гуна барномаҳои эҷод намудаи хоҷаҳои хориҷиашон сухан ронда, мехоҳанд ба вазъияти орому осудаи миллати тоҷик зарба зада, мазҳабу фарҳанги бегонаро ҷори намоянд. Барои аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Тамоми амалҳои террористии содирнамудаи ТЭТ «ҲНИ» танҳо ва танҳо ношукри аз истищлолият, сулҳу ваҳдати кишвар буда, доимо ин ташкилот кушиш мекунад, ки ҳадафҳои нопоку ғаразнокашро нисбати сохти кониститутсиони амали намояд. Вале бояд аъзоёни ташкилоти террористи экстремистии «ҲНИ» фаромуш накунанд, ки мардуми тоҷик бар зидди ин гуна ташкилотҳо то ба охир муборизаи беамонро ба роҳ мемонанд.

Шукронаи истищлолияти давлатӣ, ки  мо мардуми тоҷик имруз дар фазои мусбии тағирёфтаи сулҳу субот ва оромии ҳаёт ба сар мебарем. Аз ин ру ҳар яки моро зарур аст, ки  арзишҳои милливу давлатӣ ва диннии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкори машғул шуда,  фарзандони худро дар руҳияи худшиносию хештаншиноси тарбия карда, аз даврони соҳибистищлолию оромии кишвар шукургузори намуда, барои ризову равнащи миллату давлати хеш ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум саҳмгузор бошем. Ягонагии Ватани азиз ва сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати бебаҳо этиром гузошта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон м\ҳтарам Эмомалиӣ Раҳмон дар ободкорию созандагӣ, хайрхоҳӣ саҳми худро ба ҷой гузорем.

М. Саркорӣ, таҳлилгар

Log in

create an account