Мақолаҳо

СИЁСАТИ АМРИКО ОИД БА ЭРОН

Бояд қайд намуд, ки зуҳуроти терроризму ифротгароӣ яке аз падидаҳои манфии ҷомеа буда, тамоми марум оламро ба таҳлуқа андохтааст. Имрўз чун ба ин дунёи пурдуду пурғубор нигарем, мебинем, кидавлатҳои зиёд дар гирдоби ин фоҷиаи даҳшатбор монда, ба аз даст додани давлаи ва миллат расида истодаанд. Дар сарорасари дунё имрўз сухан аз бобаи ҷангҳои хунини Сурия ва нооромиҳои Афғонистон меравад. Давлате, ё миллате, ки қисматаш дар дасти худ набуда, дар дасти бегонагон аст, ногузир ба даҳшатҳои имрўзаи ҷаҳонӣ рў ба рў мешавад.

 Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҳамсояи девордармиёни мамлакати мо аст,  дар як муддати муайян беш аз даҳ   ҳазор нафар дар  амалҳои террористӣ маҷрӯҳ ва  беш аз чорҳазор  нафар ба ҳалокат расиданд.

Сиёсати имрўзаи давлатҳои абарқудрат ин пеш аз ҳама маҳв кардани давлатҳои майда, онҳоро зери таъсироти худ даровардан аст. Шояд дар давраи имрўза давлатҳои абарқудрат масъалаи аз нав тақсимкунии дунёро ба миён оварда истодаанд. Имрўз дар  ҷаҳон  неруҳо ва ҳатто давлатҳое мавҷуданд, ки барои амалӣ намудани   мақсадҳои ғаразноки худ натанҳо ҷангу ифродгароӣ тероризм ва радекализми диниро тарғибу ташвиқ мекунанд, ҳатто  онҳоро ошкор ва пинҳонӣ дастгирӣ мекунанд. Президент ИМА дар таърихи 08.04.2019. сипоҳи посдорони Эронро қувваҳои терористию ифродгароӣ ном бурд. Бояд қайд намуд, ки Эрон чун давлаи Исломӣ ва давлати абарқудрати Шарқ аст, бояд дар асоси таълимоти ахлоқи, маданӣ, ва сиёсати гунгунандешӣ сиёсати дарҳои кушод, дар пафоси дўстӣ дар дунё худро нишон диҳад. Дар симои Эрон дунё Исломро баҳо медиҳанд. Дар ҳоле, ки Эрон дастгир ва мададгори терроризм ва экстремиз бошад, пас дунёи Исломро дунёи куштор, ғаддор ва терроризм ном мебаранд. Эрон бояд чун давлати пешрафтаи Исломӣ  аз дастгирии терроризму экстремизм даст кашад. Таълимоти дини мубини Ислом на куштору террор, балки адолат, инсондўстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ асту бас. Бо ин сиёсати худ Эрон тамоми мамлакатҳои Шарқро нотинҷу ноором менамояд. Таълимоти  экстремизми динӣ, ки солҳои охир дини мубини Исломро руҳияи  сиёсӣ медиҳанд ва  бо ин  воситаи мақсадҳои гуруҳии худро амалӣ намуданианд,   кўшиш бар он доранд, ки доираи ҳудуди ҳукмроии идеалогияи диниро  васеъ карда ба кишварҳои дигар ин ҷаҳонбинии мутааҳасибонаро  содир  намоянд.

Қайд карданиам, ки ҷавонони Тоҷикистон на бояд ба чунин гурўҳҳои террористии дунё, ки таги сиёсат сиёсати дигар – манфиатҳои шахсию ғаразонаи худро амалӣ карданианд, набояд шомил шаванд. Ояндаи солии  ҷомеа аз ақли расо, фикри солим ва сиёсати сулҳҷуёна вобастагӣ дорад.

                                                                       Насрадиншоев А, омўзгор

Log in

create an account