Мақолаҳо

ДАСТГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ АЗ ҶОНИБИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Худи калимаи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») гирифта шуда, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо истифода аз шиорхои дини бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ сохта сиёсати худро дар дохили давлат ва ё минтака чори намоянд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.  Дар замони мухосир оид ба ин вабои аср низ тарики баромадхои худ донишмандон, коршиносон ва дигар институтхои хозиразамон бахои побарчо гузошта усулхои нави он ва мубориза бо ин омили номатлуб тахлил ва ба чомеаи хозиразамон пешниход намуда истодаанд.

Ташкилоти  экстримистӣ - террористии Ҳизби Наҳзати Ислом то ҳоло яке  аз   яке хизматгароне, ки ташкилотҳои террористиро дасгири намуда дар давлатхои европа зиндагӣ мекунанд  ва дар  солҳои 2016-2018 аз тарафи Эрон се миллён долар  барои корҳои ташкилӣ фаъолияти саййтҳо, ахборотҳо људо карда  шуда буд. 

Дар давоми солҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ 304 нафар аъзоёни ва тарафдорони он дар содир кардани 560 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар ҳайати гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ аз ҷониби аъзоёни ҲНИ 1 610 ҷиноят аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, ҳаракатҳои зуроваронаи шаҳвонӣ, терроризм, бандитизм, экстримизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқу аслиҳаи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ, ташкили гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва воҳидҳои мусаллаҳ, роҳзанӣ, ғасб намудани ҳокимият, даъвати барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, тахрибкорӣ, исиёни мусаллаҳонаю зархаридӣ ва ғайраҳо содир шуданд.

Ҳодисаҳои минбаъда собит намуданд, ки  Љумҳурии Исломии Эрон ва  сипоҳи посдорони Эрон бевосита ин љараёнро  дастгирӣ намуда раҳнамоӣ намудаанд ва ғояҳои созмон додани давлати исломиро  тарҳрезӣ кардаанд. Табиист, ки имруз дар расонаҳои хабарӣ аз тарафи давлатҳои  абарқудрат ва роҳбарони он даст доштани сипоҳи посдорони Эрон дар ин амалҳои ваҳшатбор ҳарф зада онро айбдор менамоянд

Ҳақиқатан агар ба расонаҳои хабарии чаҳони имруза нигарон кунем мо чунин маълумоти тахлилиро ба даст меоварем. Масалан, айни замон шумораи ҷангиёни «ДОИШ» дар шимоли Афғонистон ҳамарӯза меафзояд. Ин шумораи ҷангиёни «ДОИШ» дар Афғонистон феълан ҳудуди 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Яъне бозии давлатҳои “оқил” дар Шарки Наздик ба анчом расида, онро ба дигар минтака табдил доданд, ки ин ба нафъи накшхои онхо боз рост меояд. Миёни мардуми оддии рус чунин матал вучуд дорад: «Кому война – Кому мать родная».

Хизбҳову љамъиятҳои гуногун  ногаҳон пайдошуда дар парлумон ва миени љомеаи љабрдидаи кишвар халакай ба худ чо гирифта мардумро ба парокандаги, парешони ва нафрат нисбати якдигар пайдо намуда буданд. Чунин фармонҳо албатта аз тарафи «соҳибони» хоричии кишвар вазифадор гардиданд ва амалҳои онро дар љомеаи тољикистон љорӣ намуда буданд. Ба қавли Убайди Зоконӣ «Аз нуқулашон мехӯранд ва бар уқулашон механданд». Мардуми оддии точик аз шиорҳои неки аљдодон аз ҷумла ғояи «Муъмин бародари муъмин»-ро аз даст доданд. Дар замони муҳосир инро инқилоби ранга меноманд.

Ин система то ҳоло ҳам ба љост ва то ҳоло дар баъзе аз мамлакатҳо ҳалакай амали гардидааст ва тибқи баъзе аз сиёсатмадорон ва љомеашиносон ин система дар баъзе аз мамлакатхои Ғарб идора шуда ҳамчун Мактаби Демократия худро номгузори намуда истодаанд. Солҳои охир дар Тољикистони мо ҳам кушишу ғайратҳои бозиҳои таҳти Демократиякунонии давлатҳо-ро  дида будем. Хушбахтона «баъди фуштаки доварашон ин бози фавран ба анчом расонида шуд». Ин нишонаи хушёриву зиракии сиёсии чомеаи Точикистони хозираро нишон медихад. 

 Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, бинобар ин, тамоми кӯшишу ғайрати хешро барои мустаҳкам намудани пойдевори сулҳу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи кишвар ва муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона менамоянд.

Т. СОДАТҚАДАМ, номзади илмҳои биологӣ

 

 

 

Log in

create an account