Мақолаҳо

ПЕШНИҲОДИ ДОНАЛД ТРАМП МУҚОБИЛИ ЭРОН

Доналд Трамп, президенти  Амрико, рӯзи 8-уми апрел Сипоҳи посдорони Эронро "созмони террористӣ" эълон кард. Дар феҳристи созмонҳои террористии хориҷӣ қарор гирифтани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, вокунишҳои густурдаеро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба миён овард. Шуморе аз кишварҳо аз ин амалкарди Амрико интиқод ва бархе ҳам ситоиш карданд. Расонаҳои ахбори ҷаҳон  шумораи аъзои мусаллаҳи сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон бо ҳудуди 125 ҳазор нафар  мусалллаҳ овардаанд, ки  нуфузи зиёде  дар саҳнаи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии исломӣ дорад, маълумот медиҳанд. Ба гуфти бархе аз сиёсатшиносони ҷаҳон  мақоми Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар раванди давлатдории кишвар хеле бузург аст. Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз кишварҳои Арабӣ пешниҳоди Трампро тарафдорӣ намуда, онро иқдоми амалии ҷиддӣ дар мубориза алайҳи терроризм ҳисоб менамоянд.

Баъди воқеъаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки тарафдорони Ҳизби наҳзати ислом кўшиши гузаронидани табадуллоти давлатӣ дар Тоҷикистон доштанд,  фаъолияти ин ҳизб баста шуд ва онро ҳамчун  ҳаракати террористӣ дар кишвар эълон намуданд. Тафтишоти воқеъаҳои сентябри аз тарафи  мақомотҳои қудратӣ ошкор намуд,ки  Эрон дар ин кор даст дорад,  ва аз ин вақт робитаҳои байни Тоҷикистон ва Эрон қариб коста шуданд.  Аз расонаҳои ахбори кишвар ва  берун аз он  маълум аст, ки  бо дастгирии   баъзе аз гуруҳо дар ҳудуди  Эрон  лагерҳои террористӣ  амал мекунанд,ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ  аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон   барои минбаъда анҷом додани амали террористӣ дар ин ё он кишвар тайёр мекунанд. Аъзоёни ҲНИ аз тариқи ВАО рўирост изҳор намуданд, ки  дар куштори ходимони сиёсӣ, олимон ва журналистони кишвари мо дахолати Эрон  мавҷуд аст. Тибқи баъзе маълумотҳо барои воқеъаҳои тирамоҳии соли 2015 дар Тоҷикистон   маблаѓхои калон ҷудо гардидааст.

Танҳо дар давоми солҳои 2016 - 2018  ҷониби Эрон барои дастгирии  роҳбарияти ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати ислом зиёда аз 3 миллион доллари амрикоӣ  барои ташкили  шабакаҳои иҷтимоии нав ва «ташвиқотчиёнаш» ҷудо намудааст.  Дар саҳифаҳои шабакаҳои  иҷтимоии бо кўмаки   Сипоҳи посдорони Эрон ташкилкардашуда маводҳои зиддиконститутсионӣ ва зиддиҳукумати,ки мазмуни экстремистӣ  доранд нашр мешаванд, ки ба сулҳу суботи кишвари мо таҳдид менамоянд.

 Дар навбати худ Ҳукумати Тоҷикистон кўшиш намуда истодааст, муносибатҳои дўстонаро бо ин давлат ривоҷ дода, ин  ҳамкориҳоро ба манфиати созандагӣ ва ободонии ин ду  кишвар равона созад.

            АЛИМШОЕВ М.М, номзади илмҳои таърих

 

 

Log in

create an account