Мақолаҳо

БОЗИНГАРИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ ВА ФОҶЕАИ МИЛЛӢ

Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятию сиёсӣ ва маънавиро ба бор меоард. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар амали амалҳои террористӣ ҳазорҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Танҳо дар соли гузашта дар қаламрави ҳамсоякишвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз 10 ҳазор нафар бар асари амалҳои террористӣ маҷрӯҳ шуда, беш аз 4 000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ дар замоне, ки фарҳангу ахлоқи мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳарбӣ тавоно арзишҳои миллии халкҳои кўчакро новобаста аз куҳан буданашон маҳв месозанд. Дар ҷаҳони муосир неру ва ниҳодҳои мавҷуданд, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ натанҳо ҷангу ифродгароӣ тероризм ва радекализми диниро тарғибу ташвиқ мекунанд, балки ба ҳар роҳ онҳоро дастгирӣ мекунанд. Идеологҳои экстремизми динӣ, ки дини мубини Исломро чеҳраи сиёсӣ медиҳанд ва ба воситаи он мақсадҳои гуруҳии худро пиёда менамоянд, кушиш бар он доранд, ки доираи ҳудуди ҳукмроии идеалогияи диниро  васеъ карда ба кишварҳои дигар ин ҷаҳонбинии мутааҳасибонаро  содир ё ба истилоҳ «экспорт» намоянд. Аз тарафи дигар кишварҳои абарқудрати саноатӣ бо роҳи маблағгузорӣ барои нуфузҳои иқтисодӣ ин қувваҳоро истифода мебаранд.

Баъди эълони истиқлолият Тоҷикистон дар таносуб бо дигар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ аз назари муҳити динӣ ва хурофотгароию андешаи мутаассибона сироятпазир буд. Рўҳониёни наҳзатӣ худро  ислоҳотгар вонамуд карда ба арсаи сиёсат ворид шуданд. Ин созмони сиёсии динӣ  бо афкори кўҳнагароӣ, асри миёнагӣ мардуми ташнаи арзишҳо аслии дини мубини Исломро ба зудӣ тавонистанд, бо шиорҳои  ҳифзи муқаддасоти исломӣ ба меҳвари муборизаи сиёсӣ ворид намоянд. Дар натиҷа  низои дохилӣ байни қишри  руҳонияти наҳзатӣ ва дунавиён сурат гирифта  тадриҷан ба авҷи аъло расид. Табиист, ки ин мубориза пеш аз ҳама бар зиди зиёиёни озодандеши дунявӣ бо мақсади бунёди давлати теократӣ сурат гирифт.

Дар он марҳилаи печидаи таърихӣ ва  ҷараёнҳои омехтаи сиёсӣ  муҳаррикони  ин ҷараён маълум набуданд ва мардуми ташани  бунёди давлати миллӣ ноогоҳ шомили ин ҷараён гардиданд. Бо мурури замон ва воқияхои минбаъда  чеҳра ва симои пешвоёни ин ҳаракат ва ҳаракатдиҳандагони он  маълум шуд.  Яъне  аслан ба воситаи ин созмон идеологияи  сиёсии исломии давлатҳои хориҷ мақсадҳои хешро амалӣ менамуданд. Ҳодисаҳои минбаъда собит намуданд, ки  Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  сипоҳи посдорони Эрон бевосита ин ҷараёнро  дастгирӣ намуда раҳнамоӣ намудаанд ва ғояҳои созмон додани давлати исломиро  тарҳрезӣ кардаанд. Табиист, ки имруз дар расонаҳои хабарӣ аз тарафи давлатҳои  абарқудрат ва роҳбарони он даст доштани  сипоҳи посдорони Эрон дар ин амалҳои ваҳшатбор ҳарф зада онро айбдор менамоянд.

 Мисоли ин гуфтаҳо ташкилоти экстримистӣ - террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ буда метавонад, ки чанд сол қабл бо нияти суиқасд ва табадуллоти давлатӣ дар кишвар амалиёти террористӣ анҷом дод. Ин усул асосан барои ташкилоти иртиҷоӣ хос мебошад ва он асоси ташаккулёфтаву мустаҳаками таёри террористони худкуш маҳсуб меёбад. Дар давоми солҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ 304 нафар аъзоёни ва тарафдорони он дар содир кардани 560 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар ҳайати гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ аз ҷониби аъзоёни ҲНИ 1 610 ҷиноят аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, ҳаракатҳои зуроваронаи шаҳвонӣ, терроризм, бандитизм, экстримизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқу аслиҳаи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ, ташкили гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва воҳидҳои мусаллаҳ, роҳзанӣ, ғасб намудани ҳокимият, даъвати барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, тахрибкорӣ, исиёни мусаллаҳонаю зархаридӣ ва ғайраҳо содир шуданд.

Аз ин рӯ, ҳар як шахрванди худогоҳ ва хештаншиносро зарур аст, ки   дар ташаккули  тафакури солими ҷомеа бо мақсади пешгирии ҳамроҳ шавии кур куронаи ҷавонон ба ин ё он ҷараёнхое, ки ҳадафу мақсадашон номаълум аст, саҳм гузоранд.

 Шодмонбеков Ю, Омўзгор

Log in

create an account