Мақолаҳо

ҶОНИБДОРӢ АЗ ВАО

Воситаи ахбори омма (ВАО) имрӯз як майдони фарохе аст, ки баҳри тарғиби ахбори рӯз хизмат менамояд. Ӯ нишонаи пешрафт буда, аз ҷониби дигар ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳама наздик месозад. ВАО имрӯз хеле гуногунранг буда, хусусияту нозукиҳои гуногун дорад. Яъне мақсади он матраҳ намудани мушкилот ва мавзӯи рӯз маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо агар ба ин ниҳоди пешрафтаи ҷомеа назар андозем,  чанд гунагии идеологияи ҷомеаро мавриди назари ҳамагон қарор медиҳад. Маълумаст, ки се ҷанбаи ҳаёти имрўзаи ҷомеаро дар ин майдони иттилоотӣ мавриди баҳс қарор медиҳад; Яъне пешрафт, муваффақиятҳо ва камбудиҳо. Ин се ҷанбаи муҳими масъалагузорӣ метавонад дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Мусалламаст, ки ҳар ҷомеае, ки вуҷуд дорад, дорои ин хусусиятҳо аст. Яъне ҳам пешрафт, ҳам муваффақият ва ҳам камбудиҳо дорад. Зеро ҷомеа бе зиддият вуҷуд дошта наметавонад. Вале ин он маъноро доштан наметавонад, ки мо ҳар суханеро қабул намоем ва онро тарафдорӣ намуда, нисбати ҷанбаи дигари он фикр нанамоем. Чунонки ба мушоҳида мерасад, имрўзҳо ҷанбаҳои манфӣ бештар ҷонибдорӣ шуда, тарафҳои мусбӣ нодида мемонанд. Ин рафта-рафта ба ноумедӣ ва маъюсӣ оварда мерасонад. Дар ин кишваре,ки мо имрўз умр ба сар бурда истодаем, мувафақиятҳо ва пешрафтҳо бештар дида мешавад ва ин пешравиҳо ба тадриҷ ва босуръати баланд намуддор мегарданд. Вале чунонки мушоҳида мешавад ВАО ва махсусан, интернет бештар камбудиҳоро паҳн намуда, муваффақиятҳо ва пешрафтҳо камтар нишонрас мешаванд, ки ин қобили қабул нест. Ба ин хотир, истифодабарандагони ин шабакаи иттилоотӣ дар ин маврид бояд хуб дарк намоянд, ки набояд ба камбудиҳо бештар диққат дод, балки ба пешрафтҳо ва муваффақиятҳо назарамон ҷолибтар нигаронида шавад, то аз ҷонибдории камбудиҳо дар канор бошем. Ҳар қадар назарамон ба пешрафтҳо ва муваффақиятҳо бештар гардад, ҳамонқадар таваҷҷўҳамон аз камбудиҳо канда мешавад. Хусусияти манфӣ махсусан дар он аст, ки имрўз ҳар чизе дар фикрамон пайдо шавад ва ё маълумоти беасос ва ҳеҷ аҳамияте барои ҷомеа надоранд ва ҳатто метавонанд дар ҷомеа як мушкилоте пеш меоваранд, онро аз ҳама пеш ба интернет ворид месозем, ки ин маънии муосир буданро надорад. Пешравӣ ва муваффақият нишони комронӣ ва ободии ҷомеа аст ва ҷонибдории ҷанбаҳои манфии ҷомеа нишонгари қафомонӣ ва ноумедӣ мегардад.

Ҷумъа БЕҲРОНОВ, мудири кафедраи

санъат ва адабиёти ДДХ

 

Log in

create an account