Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ ФОҶИАБОРИ ОН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

Минтақаи Осиёи Марказӣ дар харитаи ҷаҳон яке аз минтақаҳое мебошад, ки он ҳудуди васеъ дорад. Ба минтақаи Осиёи Марказӣ Афғонистон,  самти шимоли Эрон, Ҳиндустон, Покистон, самти ғарби Хитой як қисмати осиёгии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дохил мешаванд. Вобаста ба мавҷудияти шароити хуби ҷуғрофи Осиёи Марказӣ дар ҷаҳон яке аз минтақаҳои диққат ҷалбкунанда ба ҳисоб меравад. Ба минтақаи Осиёи Марказӣ якчанд омилҳои дар оянда хатарнок ва таҳдидкунанда баҳогузорӣ карда мешавад. Мушкилотҳои хатарноки чандинсолаи Афғонистон, фаъолшавии гуруҳҳои террористию эктремистӣ, тундгароӣ, зиёдшавии тавлидоти маводи мухаддир ва интиқолёбии он ба дигар кишварҳо,  сатҳи пасти зиндагонии мардум, коҳишёбии фарҳангу маданият, сатҳи пасти иқтисодиёт ва дигар омилҳои манфӣ дар ин кишвар ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Ин омилҳо дар оянда сабаби ба вуҷуд омадани терроризму экстремизми динӣ, сепаратизм, фаъолшавии гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳимотҳои ҷангӣ муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда метавонанд.

Таҳлилгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он назаранд, ки хатарҳои мавҷудбуда дар Афғонистон дар оянда ба оромии кишварҳои Осиёи Марказӣ халал эҷод карда метавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон хати сарҳади тулонӣ бо Афғонистон дорад, ки ҳифзи сарҳади давлатӣ вобаста ба мавҷудияти ҳудуди ҷуғрофии куҳӣ, душвор мебошад. Вале ба ин ҳам нигоҳ накарда Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатиро бо Афғонистон пурра зери назорат гирифта, муборизаҳои беамонро бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ба роҳ мондааст.

Вазъи имрӯзаи Афғонистон новобаста аз пурзӯр шудани барномаҳои зиддитеррористӣ, мушкилтар шуда истодааст. Баъди шикаст хӯрдани ташкилоти байналмилалии террористии «ДИ»  дар кишвари Сурия, қисми зиёди аъзоёни ташкилоти террористии «ДИ» ба Афғонистон фирор намуда, дар вилоятҳои мухталифи он паноҳ гирифтаанд. Дар байни аъзоёни ташкилоти террористии «ДИ» зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле зиёданд, ки онҳо кӯшиши барпо намудани давлати исломии асримиёнагиро бо таври зуроварӣ дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ доранд. Ҳамарӯза дар Афғонистон аз амалҳои террористӣ садҳо нафар одамони бегуноҳ қурбон шуда, шумораи нафарони маъюбу бепаноҳ афзуда истодааст. Ташкилотҳои террористии байналмиллали дар Афғонистон на танҳо шумораи зиёди одамони бегуноҳро ба нести расонид, балки он ба иқтисодиёти Афғонистон зарбаҳои шадид расонида сафи бекорон ва сатҳи камбизоатиро дар ин кишвар дучанд зиёднамуд. Дар ин чода дар байни хукуматдорон ва мансабдорони Афгонистон кирдорҳои корупсиони авчгирифта, чомеаи имрузаи ин кишварро ба фасоди расонид. Ҳама сола террористон дар Афғонистон милионҳо доллар аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир фоида ба даст оварда, онро барои ташфиқотҳои идеологии хусусияти экстремисти доштаашон ва зиёд намудани сафи чангиёнашон истифода мебаранд. Террористон барои интиқоли маводи мухаддир бештар гуруҳҳои мутташакили ҷиноятии кишварҳои Осиёи Марказиро истифода бурда истодаанд. Тавассути гуруҳҳои мутташакили ҷиноятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкилотҳои байналмиллалии террористӣ интиқоли маводи мухаддирро ҳатто ба кишварҳои Аврупою Амрико ба роҳмонда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд.

Ҷаҳони имрӯза аз фаъолшавии ташкилотҳои байналмиллалии террористӣ дар таҳлука афтода, кӯшиш дорад, ки муборизаҳои дастаҷамъонаи беамонро бар зидди ташкилотҳои байналмилалии террористӣ  пурзӯр намояд, чунки имрӯзҳо хатари терроризму экстремизмро ҳар  як сокини солимфикри сайёра дарк намудааст

Таҳлилгар: Диловари Мирзо

 

Log in

create an account