Мақолаҳо

ТАРБИЯ БОЯД ДУТАРАФА БОШАД

Тарбия яке аз рукнҳои асосии рушду такомулёбии кудакон ба ҳисоб меравад. Кӯдак мисли дарахти навшинондае мебошад, ки ниёз ба ғизову об ва нигохубин дорад. Агар ба он саривақт об монда шавад, ғизо дода шавад ва аз ҷониби соҳибаш хуб нигоҳубин ёбад, саривақт ба камол мерасаду меваи ширин ба бор меорад. Кӯдак ҳам аз овони хурдсолиаш ниёз ба тарбияи ҳамида ва парвариши хуб дорад.

Замоне кӯдак ба дунё меояд майнаи сараш ба пуррагӣ фаъолият карда наметавонад, зеро майнаи кӯдак мисли як борхалтаи холӣ мебошад, ки онро таҷрибаи зиндагӣ пур мекунад. Вазифаи асосии волидайн махз аз он иборат аст, ки ин кулвори зиндагии фарзандашро бо чизхои хубу лозимӣ мебошад, пур намуда рох, надихад то аъмоли нолозим ва нодаркорӣ вориди он гарданд, яъне рох надихад, ки фарзандаш дар ҷодаҳои носолим ба камол расад. Кӯдак мисоли лавҳаи холиест, ки харчӣ дар кудакӣ руи он сабт кардӣ, як умр дар он мунъакис хохад буд.

Падару модар, ки аз зиндагиашон тачрибаи ғанӣ андухтаанд, бояд ҳар як рафтору кирдор ва гуфтори фарзандашро зери назорати қатъӣ карор диханд ва нагузоранд, ки ягон амоли зиште ӯро одат шаваду дар зиндагӣ садди рохи пешрафт ва такомули ӯ гардад. Дар урфият мегуянд, ки химчаро дар хурдсолиаш хам бояд зад, зеро чун калон гардад дигар касе тавони хам задани онро надорад.

Оила ин ячейкаи асосии чомеа мебошад, ки вазифаи асосии он тарбияи насли солим мебошад. Агар кӯдак то лахзаи ба мактаб рафтан тарбияи хуб нагирад, дар он чо низ таълими хубе нахоҳад гирифт. Тарбия ин худ бунёди таълими хуби кудакон аст. Масъулияти нахустине, ки волидайн дар оила ба уҳда доранд, ин тарбияи хуби кудаконашон дар самти азхудкунии илму дониш буда, падару модар бояд то лахзаҳои мактабхониаш дар дилу ботини ӯ ишқ ба хондану навиштан ва омӯзиши илм парвариш намояд.

Вакте кӯдак ба мактаб дохил мегардад, ӯ бояд ба омузиш аз рӯи шавқу рағбат ва меҳри беандоза машғул шавад, на бо зориву тавлалло ё тарси муаллимон ё параду модар. Мактаб зинаи нахустест, ки кудак ба дунёи муносибатҳои нав қадам мегузорад. Аллакай фаъолияти ҷисмониаш бештар мегардад, ҷаҳонбиниаш васеътар мешавад, барои ӯ ҳама чиз нав ва ғайриоддӣ менамояд. Дар ин давра ҷустуҷӯкорӣ дар кудак оғоз мешавад. Кудаки аз оила ҷудошуда худро озод дармеёбад ва ноогоҳона мекӯшад то дар ҳамаи корҳо саҳм гузорад. Падару модар аввал бояд кудакашро барои мактабхонӣ омода созанд. То остонаи мактаб расидан кудак бояд пай барад, ки ба куҷо қадам мондаву минбаъд вазифаи ӯ дар чист. Кудак бояд бифаҳмад, ки мактаб чи асту омӯзгор кист, китоб чисту дафтару қалам чистанд. Агар барои кудак ҳангоми нахуст ба остонаи мактаб ин мафҳумҳо нав бошанд, ӯ аз ҳамрадифҳояш қадамхо қафо мемонад. Барои омӯзгор дар самти ба таълим фаро гирифтани кудак мушкил меафтад. Аз ин лиҳоз омӯзгор маҷбур мешавад, ки аз сари нав уро тарбия намуда, пасон ба таълим ҷалб намояд. Ҷомеаи ҷахонӣ имруз бар он аст, ки бояд тарбия аз души макотиб бардошта шавад ва ин таҷриба имрӯз дар бештари мамолики мутараққии ҷаҳон роҳандозӣ шудааст, зеро дар мамолики пешрафтаи ҷахон, ки ячейкаи ибтидоӣ, яъне оила вазифаи худашро ба таври бояду шояд иҷро карда метавонад ва ба зиммаи мактаб фақат таълим меистад. Таълими хуб низ аз он мегирад, ки дар оила тарбияи хуб дидааст, на баръакс. Кӯдак агар тарбияи хуб дошта бошад, кори омӯзгор низ осон меафтад. Омӯзгор фақат ба ӯ таълим медиҳаду дар дили у ишқ ба хондан водор мекунад ва истеъдоду маҳорат ва дониши уро сайқал мебахшад.

Ба тавсиб расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд хеле ба маврид аст. Имрӯзҳо он уҳдадорихое, Ки дар трабияи фарзанд волидайн ба зимма доранд, ҳеч як ячейкаи ҷамъиятӣ бар душ гирифта наметавонад. Агар волидайн хоханд, ки фарзандашон таълими хуб гирад, дар мадди аввал бояд тарбияи ӯро дар хона зери назорати катъӣ гиранд ва баробари он барои омӯзгорон шароит фарохам созанд, то онхо битвонанд вақти бештари худро ба таълиму тадрис масраф намоянд. Таҷриба нишон медихад, ки агар тарбия дутарафа набошад ва танҳо мактаб омили асосии донишандузӣ бошад, он гоҳ кудак рушд намекунад. Агар волидайн бо мактаб хамкории доимӣ надошта бошанду тақдири фарзандашро танҳо бар дӯши мактаб вогузор намоянд, онгох низ кӯдак пеш намеравад, зеро дониш доиман муҳтоҷи такрор аст. Агар такрор набошад дониши гирифташуда аз устод дар лавҳаи хотири шогирд ба абад нақш намебандад.

Ҷомеаи навин, ки дар он ба тарбияи насли ҷавон чун созандагони ояндаи дурахшони миллат диққати махсус дода мешавад, олуда аз омилҳои нопоке мебошад, ки барои мардуми мо ва фарҳанги мо бегона ва манфур мебошанд. Аз ин лихоз, зарур аст, ки падару модар дар баробари дигар мақомоти дахлдор ба тарбияи маънавии фарзандонашон диққати махсус равона намоянд. Онҳоро бояд ба роҳи рост ҳидоят намоянд, дар зиндагй ҳар як қадами онхо ва шисту хезашро зери назорати доимӣ қарор бидиҳанд. Ба ин хотир хамкории дутарафаи падарону модарон ва муассисахои таълимӣ бояд дар сатхи баланд ба роҳ монда шавад, вагарна ояндаи ҳар фарзанд ба ҷуз аз бадбахтӣ дигар чизе нахохад буд.

Алидоди Хушомад,

сардори осорхонаи ВМКБ

Log in

create an account