Мақолаҳо

М. КАБИРӢ. АЗ МОҶАРОҶӮЙӢ ТО ТЕРРОРИЗМ

Дар харитаи ҷаҳон давлатест бо номи Тоҷикистон, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ бо заҳмату талошҳои зиёде бо фидокорию ҷонсупориҳои бе мисл истиқлолияташро ба даст овард. Душманони миллат бо ҳар восита кӯшиш намуданд, миллати соҳибтамаддун ва фарҳангсолори тоҷикони қадимро аз байн бардоранд. Вақте, ки миллионҳо нафар дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷилои Ватан карданду ҳазарҳо нафар қурбони ҷаҳолат гаштанд ва нақшаҳои иғвогаронаи душманони иртиҷоӣ рӯйи об баромад, мо тоҷикони соддалавҳ ҳам то ҳушдор шудем, ки ба ояндаи миллату Ватан доғи нобахшандагӣ часпондем.

Имрӯз шукрона аз он дорем, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои оромию осуда зиндагонӣ дорем. Бо роҳнамоии ин фарзанди фарзона дар тӯли на он қадар солҳои зиёд чи қадар бунёдкориҳои азиме дар беҳшавии зиндагии тамоми манотиқҳои Тоҷикистон рӯйи кор омаданд. Бадахшони кӯҳистон асосан аз бероҳи ва аз танқисии нерӯи барқ чи қадар азобу машақатҳои зиёде кашида буд. Набзи муътамади шоҳроҳи ҳаёт, нуру гармии нерӯи барқ моро бовари ба ояндаи зиндагӣ ҳидоят мекунад.

Бо ин ҳама имтиёзҳои некбинона боз қисме аз роҳгумзадагони зархарид намехоҳанд Тоҷикистони азизи мио аз файзи сулҳу амонӣ, ваҳдату тифоқӣ боз шукуфонтар гардад. Дар мисоли ин воқеаҳои 4-уми сентябри соли 2015-умро ба хотир орем. Бо роҳбарии сарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло ташкилоти экстремистӣ-террористӣ) Муҳиддин Кабирӣ ва кишварҳои ба мо «дӯст» нияти табаддулоти низоми дошта, хушбахтона бо дастгирии миллати тоҷик онҳо ҳама сарнагун гардида, бо мақсади ниҳоии нопокашон нарасиданд. Албатта имрӯз давлати нерӯманди мо қодир аст ҳар як нақшаи хоинони Ватанро саркӯб мекунад. Ва мо сокинони тамоми манотиқи Тоҷикитон низ вазифодр ҳастем ба хотири ҳаёти дурахшони фарзандону насли сони худ ба сиёсати сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарсупурда бошем.

Имрӯз наворҳои телевизиони Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки даҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми террористони хориҷӣ афтода дар ҷангҳои Ироқу Шом даст доранд. Ҳатто ҷони азизашро қурбон месозанд. Боре ҳам фикр намекунанд, ки ба хотири чи меҷанганд. Ватани мо якто ҳаст, он ҳам бошад Тоҷикистон ҳаст. Номусу шараф ва виҷдони тоҷиконаи худро зери по мондану фирефтаи душманони миллат будан ин шаҳодати будан ба халқ ва дину мазҳаби худ аст.

Аз ахбороҳои муътамад бармеояд, ки қисме аз сокинони Бадахшон низ дар амалҳои террористи шомил буда, фирефтаи ҷангҷӯён гаштанд. Мо бо бародарони ҳамзабону ҳамдини худ-Ҷумҳурии исломии Эрон ҳазорсола риштаҳои дӯстонаи ҳамгироӣ доштем ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора сиёсати сулҳпарварии худро ривоҷ медиҳад. Як чиз барои мо муаммо ҳаст, ки имрӯз ҳизби террористии наҳзати Тоҷикистон дар қаламраваш мамнӯъ гаштаасту ҳукуматдорони Эрон сарони ин ҳизби террористиро дар паноҳаш нигоҳ медоранд. Дар хақаиқат Муҳиддин Кабири дастпарварӣ Ҷумҳҳурии исломии Эрон буда, ба миллату Ватани аҷдодии худ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Агар ба шахсияти М.Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши кавонини Ислом мебошад. Ӯ нисбат ба дини Ислом кур-курона муносибат мекунад ва бо ин рафтораш ғазаби Худоро меорад, ки оқибаташ талх аст.

Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 27 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни ин ҳизби террористи дар пешрафт ва  ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Мардуми осоиштаи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоб, ҳама ба муқобили ҳамагуна созмони ифротӣ аз қабили ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ мебошанд. Гарчанде дар гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон тарафдорон ва аъзоёни ин ҷараён мавҷуд буданд, аммо дар шароити кунуни нишонае аз фаъолияти ин ҷараёни тудгаро ва ё дастгирии он аз ҷониби сокинон, дида намешавад. Зеро ки мардум дарк намудаанд, ки ҲНИТ онҳоро ба роҳи бад ҳидоят мекард.

Чуноне, ки маълум аст:

Бозичаи дасти Эрон аст Кабирӣ,

Овораву сарсони ҷаҳон аст Кабирӣ,

Даст бар дари Эрону рӯ ҷониби Аврупо,

Душманӣ миллати тоҷик аст Кабирӣ,

Хоини Ватан модару яғмогари хоку фарр,

Раққосаву бе шарму ҳаё аст Кабирӣ.

Имон ба Рӯҳониву сидқ ба Эрон,

Мақсади ноором сохтани Тоҷикистон дорад Кабирӣ,

Бе Ватану баҷобурдани фармони хоҷагон,

Ҷуз хоинии Ватан ба касе лозим нест Кабирӣ.

 

Аз ин рӯ, мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, аз ҷумла ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Мамадалибек Мамадназаров,

сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ

 

 

Log in

create an account