Мақолаҳо

ҲНИ - ШОХАИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМИ АСРИ ХХI

Терроризм ва ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Яке аз шохаҳои терроризму экстремизм дар асри  XXI ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Ислом мебошад, ки аз авали пайдоишаш яъне солҳои 90-уми қарни гузашта бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омада, бо роҳи низоъандозию гумроҳсозии мафкураи мардум фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оғушта карда, оташи ҷанги шаҳрвандиро афрўхт. Лекин на теғи Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрезии Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, наманораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии ачдодоони моро шикаста натавонист ва наметавонад.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм бо дастони наҳзатиҳо барои заиф намудани  Истиқлолияти давлатӣ  ҳама чораҳои  ғаразнок, нопоки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда  Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон  баҳо баланд додаанд. Аз ҷумла, Сарвари Ассамблеяи байни парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кратов  зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст.  Умуман дар тўли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем.

Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.

Паёми навбатӣ муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти давлати тоҷиконро дар соли 2018, ҳамчун натиҷаҳое,  ки  наздик ба ду даҳсолаи ахир ба он замина гузошта шуда буд, баррасӣ кард. Мароми созандагии давлати тоҷиконро то соли 2030 тарҳрезӣ намуд ва масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзўи калидӣ баҳогузорӣ шуд.

Дар гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ–ифротӣ, то дараҷаи муайян гуноҳи падару модар, хешу табор, авлод, мактабу маориф, васоити ахбори умум, адабиёт, фарҳанг, мақомоти марбута, муассисаҳои эътиқодӣ, умуман ҷомеа кам нест. Наҳзатиҳо бо музд баста шудаанд ва ба хотири бори дигар одамонро гӯл задан, ақлҳоро дуздидан, аз болои бадбахтиҳои саросарии мардум гузашта ҳамон кӯшиши ҳокимият мекунанд. Мардумони бохирад дар замони мо воқеан «аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал расиданд». Маҳвораҳояшон дар он тарафи Моҳ маскан гирифт. Ин наҳзатиёни раҳгуми ҷоҳил ҳанӯз дар фикри «сала», «риш», «ҳиҷоб», «босмачӣ» ва «таасуб»-у «торикӣ» барои манфиат пойбанданд.

Пешвои муаззами миллат дар Паём ду вазифаи асосии умумимиллиро эълом доштанд: таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар тавассути ислоҳоти иқтисодӣ – гузаштан ба механизми нави хоҷагидорӣ, давра ба давра беҳбуд бахшидани аҳволи иҷтимоии мардум. Дар Паём хотирнишон гардид, ки «зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд». Аз  ҳамин ҳисоб, шумораи нафароне, ки «ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид». Душмани бафаҳмро ба андеша водор ва забонкӯтоҳ сохт.

Масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ яке аз масъалаҳои калидӣ мебошад. Идеологияи наҳзат, ки ҳоло бо роҳу воситаҳои гуногун фаъол гардидааст, метавонад ҷавононро ба коми худ кашида, кишварро ноором созаду ба ваҳдати миллӣ ва амнияти мамлакати соҳибистиқлоламон таҳдид намояд. Дин падидаи нодирест, ки ба сиёсат умуман иртибот надорад, ки ХНИ манфиатхояшро дар зери никоби дин чо карда онхоро амали карданист. Дин ҷаҳонбинӣ буда, дар ягон давру замон илм шуда наметавонад. Лекин ҳоло роҳбари ҲНИ М.Кабири бо тарафдоронаш дар хориҷи кишвар худашонро Паймони миллӣ эълон карда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро ҷалб созанд. Ҳамчунин роҳбарону аъзоёни ҳизби наҳзат дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо суханҳои дурӯғу беасосашон мехоҳанд тухми кинаву адоватро дар байни мардуми Тоҷикистон кошта, соҳилҳои тамаддуни башариро аз якдигар ҷудо кунанд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи  кишваррҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

         Сабрина АЙДАРМАМАДОВА, сокини шаҳри Хоруғ

 

Log in

create an account