Мақолаҳо

ТАҲЛИЛИ ВАО БА ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ БОЯД МУВОФИҚ БОШАД

Дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ ва зиддияти ҷаҳонӣ таъмини мўътадили инкшофи ҷомеа аз воситаҳои ахбору иттилоотӣ хело ҳам вобаста аст. Ба андешаи мо  воситаҳои ахбор бояд авзои ҷомеа ва дастовардҳои онро воқеъбинона инъикос намуда, онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд.

Бояд зикр кард, ки намояндагони воситаҳои ахбор дастовардҳои хело бузурги ҷомеаи моро, ки дар замони истиқлоли давлатӣ баъд аз давраи хело душвори таърихӣ ба даст омаданд, бо хулосаҳои беғаразона баҳогузорӣ намоянд. Имрӯз бархе аз расонаҳои бурунмарзӣ Родиои Озодиро бо он айбдор мекунанд, ки ба хизматгори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, танҳо аз дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ фарҳангӣ ҳарф мезанад.

Дар асл баъд аз марҳилаи душвори сиёсӣ ҳам дар сиёсати давлатдорӣ ва ҳам иқтисодӣ - фарҳангӣ, иҷтимоӣ ба дастовардҳои бузург ноил шуд, ки ин чизро нодида гирифтан комилан нодуруст аст. Он камбудиҳои ки дар ҷомеаи имрӯз ҷо доранду нисбати дастовардҳо ночиз бошанд, бо мурури вақт ҳалли худро меёбанд. Танҳо моро зарур аст, ки ба бозичаҳои сиёсати давлатҳои бузург мубаддал нашавем ва қурбону фирефтаи манфиатҳои онҳо нагардем.

                                            Юсуфбек Шодмонбеков, омўзгор

Log in

create an account