Мақолаҳо

ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР ВА ОҚИБАТИ НАШЪАМАНДӢ

Мубориза бо гардиши маводи мухаддир ин мубориза барои солим нигоҳ доштани насли инсоният, наҷоти фарҳангу ҳувияти миллӣ мебошад. Имрӯз паҳнкунандагони маводи мухаддир ба бузургтарин сармояи миллату давлати ҳар як кишвар таҳдид мекунанд. 

Истеъмоли маводи мухаддир ба руҳу ҷисми инсонҳо зарари калон расонида, баданро дар муддати кӯтоҳ фалаҷу нотавон карда, ҳаракати қисми зиёди узвҳои инсонро аз ҳаракат боз медорад. Ҳатто ҳангоми истеъмоли маводи мухаддир мағзи сари инсон карахт шуда, хотирааш заиф ва ақлаш бегона мегардад. Маводи мухаддир чун моддаи сахттаъсири мадҳушкунанда, инсонро ба қасодӣ, носолимӣ ва ба беобрӯӣ мерасонад. Истеъмолкунандагони маводи мухаддир аз обрӯю ҳиммати худу наздиконашон руй гардонида, ҳастию ҷонро асос намедонанд ва худро ба нестӣ мерасонанд. Барои истеъмолкунандаи маводи мухаддир, ки кайфияти онро аз ҳама боло медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, барояшон зарур аст. Ҳангоми ёфт нашудани маблағ онҳо тамоми дороии бударо фурӯхта, ба ҳар қиммате, ки набошад, онро дастрас менамоянд. Зану фарзандон ё волидони хешро хонахароб карда, ҷамъиятро вайрону наздиконро парешон ва оилаҳоро бесаробону саргардон мегардонанд.  Оқибат истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар кӯчаву маҳаллу хиёбонҳо ба ҳайси нокасу беобрӯ ва хастадилу афгор то ба рӯзи марг овора гардида, ба хору хаси замин баробар мешаванд. Наздиконашон бошанд, аз ҳастиашон шармсору дар хиҷолат мемонанд.   

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон паҳнкунандагони асосии маводи мухаддир гурӯҳҳои террористӣ ва муташаккили ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд. Чунки гардишу муомилоти маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои даромади асосии ин гурӯҳҳо мебошад.

Мутаассифона, дар  аксар мавридҳо ҷавонон қурбони фиреби паҳнкунандагони маводи мухаддир мегарданд, ки ин омил ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар кураи замин паҳнкунандагони маводи мухаддир тақдири ҳазорҳо одамонро вайрон ва умри садҳо ҷавононро аз байн мебаранд.

Албатта ин амали номатлуб дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд, пойдевор ва иморате, ки тавасути нашъаҷаллобӣ бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост.

         Барои нобуд кардани ин вабои аср  мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дастаҷамъона ба муқобили истеҳсолкунанда ва паҳнкунандагони маводи мухаддир муборизаи беамон барем.

С. ХОЛМУРОД, таҳлилгар

Log in

create an account