Мақолаҳо

ТАВСИФИ ТАЪРИХИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

      Наврӯз таърихи беш аз 6000 - сола дорад. Вожаи «наврӯз» аз забони паҳлавӣ сарчашма гирифта, аввал «нукруз» ном бурда шуд ва баъдан шакли наврӯзро гирифта, маънояш рӯзи нав, соли нав ё худ иди сари сол аст. Наврӯзро Иди баҳор ва арӯси сол низ мегуянд. Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат, оғози мавсими кишту кори фасли баҳор ба ҳисоб меравад.

          Наврӯз дар аҳди давлати Ҳахоманишиён ба ҳукми анъанаи ҷашни мардуми эронинажод табдил ёфта буд. Дар он замон Ҳахоманишиён рӯзи наврӯзро басо некӯ қадр мекарданд.  Шоҳон дар ин давр мардуми оддиро пазироӣ намуда, аз кору пайкор ва аз арзу доди онҳо аз наздик бохабар мешуданд ва ба табақаҳои нодор дасти мадад дароз мекарданд. Мардуми эронзамин замонҳое ки дар тахти фармонбардорӣ қарор доштанд, расму русуми наврӯзиро  фаромуш накарданд ва ин ойинро аз насл ба насл ба меърос гузоштанд.

         Иди Наврӯз дар таърих ва фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми махсус дорад. Якчанд арзишҳои фарҳангии ниёгони мо тавассути китоби «Авасто» то ба имрӯз ба мо боқӣ мондааст. Бахусус, арабхо  баъди забт намудани давлати Форс  барои нест кардан ё аз байн бурдани  иди Навруз кушишхо намуда бошанд хам, аммо мардуми ориёинажод, аз чумла  точикон расму оинхои миллати хешро аз даст надоданд. Баз андешае аст, ки дар «Авасто» омадааст, ки баъди 3000 соли подшохии мабдаи неки- Ахура-Маздо аз тарафи мабдаи бади- Ахриман таарруз мегардад. Чамшед ба мукобили Ахриман рушноиро равона месозад ва нур бар зулмот голиб мебарояд, ки он рузро Навруз номидаанд.  

     Тахлилу таъвили пайдоиши  иди «Навруз» ба давраи шуури мифологии эрониён пеш аз Зардушт тааллук дорад ва ин нишон медихад, ки огози чашнгирии Навруз хеле кадимтар аз замони зухури Зардушт ва дини зардушти буда, ба даврони асотирию огози тамаддуни башари мерасад. Он мутааллик ба замони маздоизм ва эзадпарастии санавии то зардушти аст. Ин шаходат аз он медихад, ки  хар асотире дар  худ як хакикати вокеии таърихии рамзи  дорад. Аз ин лихоз агар ба таърихи Навруз назар андозем чанд заминаи  вокеиву хаётии инсониятро дар робита ба чашнгирии Навруз ошкор менамоем. Нахуст аксари сарчашмахо пайдоиши ин чашнро  ба даврони салтанати Чамшед нисбат додаанд. Сониян тамоми сарчашмахо пайдоиши Наврузро бо пайдоиши тамаддун: сохти хокимияти салтанати, истихрочи маъдан, бунёди шахр, сохтани аслиха ва аз байн бурдани беморихо ва хатто марг пайвастаанд, ки ин хама нишонахои тамаддун мебошанд.

      Дар саросари дунё равандхои  монанд ба фалсафа ва фарханги Навруз дар чараён будааст. Масалан агар мо дар заминаи илмхои заминшиноси ва зистшиноси назар афканем, чараёнхое ки дар ин илмхо дар ду саддаи охир фаъол будаанд, чизхоеро ба ахли башар пешниход кардаанд, ки бо мохият, фалсафа ва фарханги Навруз хеле шабохат дорад. Масалан яке аз назарияхои зистшиноси ва чомеашиносии  илмхои табииву инсони «ноосфера» мебошад.  Иддахои назарияи мазкур ин аст, башар ба давроне расидааст, ки дигар хирад ва иродаи инсон  дар тобеи мухити зисти у накши асоси мебозад. Яъне инсон танхо дастхуши падидахои табии нест, балки хиради у ба хадде расидааст, ки  метавонад ахволи табиат, кайхон ва мухитро дигаргун созад.

        Ин назария, яъне ноосфера  бешак ба фарханги Навруз хамсозиву хамсони дорад. Зеро дар нахустин ниёишхое, ки  ба фарханги навруз иртибот доранд, чи дар даврони кабл аз Авасто ва  ва чи дар даврони асотири ва баъд аз он  мо як чараёни хамсону мусови байни се кутбе ки дар назарияи ноосфера ба назар мерасад мушохида мекунем. Ин се кутби инсон, табиат, сатхи олии андешаи хиради инсон, яъне акли кулл аст. Ин се кутб дар як самт харакат мекунанд. Шиори нахустини фарханги мо ин пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек мебошад. Пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек мукаддима ва асли фалсафаи Навруз аст. Навруз як васила ва бахонаест, то ба инсонхо барномае дода шавад, ки дар сари хар сол худашонро тачдид кунанд ва аз хама мухим пиндорашонро нек намоянд. Масалан, хонаруби ё хонатакони, ки яке аз расмхои Навруз аст, аз калб, маниш ва андешаи инсонхо шуруъ мешавад ва баъдан дар мухит идома меёбад.

       Навруз ки чашни табиист, имконияти хеле зиёд дорад, ки барои барномахои созанда чанд дарсади дигар аз иродахову хостахои инсонхо афзуда шавад ва як барномаи  созандае барои тамоми дунё гардад. Аз чумла дар мавзуи гуфтугуи  тамаддунхо, ки чони фалсафаи Навруз аст.

         Дар замони давлатдории Сосониён  оинхои басо кухан зинда шуданд ва  фарханги арзишманди ниёгон дар саросари кишвар ривочу равнак ёфт.  «Навруз» 14-16 уми мохи март чашн гирифта мешуд ва ин таквими шамсии сосони дакик набуд  ва ислохот мехост. Як гурух олимони он давр бо сардории Умари Хайём дар муддати панч сол  тадкикот ва тачрибахо гузаронида, нихоят дар рузи дахуми рамазони соли 471-и хичрӣ, яъне шашуми мохи марти  соли 1079 мелоди таквими навро чори намуданд. Пас аз дакику сахех гардидани солшумории шамсии сосони    соли нав, яъне  «Наврӯз» рузи авали мохи фарварддин, ё ин ки хамал, бо баробаршавии шабу руз (мутобики таквими григориани 21-22 мохи март) чашни гирифта шуда, минбаъд устувор гардид.

        Дар ахди кадим  ва имруз низ дар рузи Наврӯз тамоми аквом дар чашнгох гирд меоянд ва  тархи сулху дустиву ошти  меороянд, ки ин ба фалсафаи бостонии мо  рузи хилкати инсон рост меояд. Дар фарханги бостони, тибқи Гоханбор Худованд чахонро дар шаш давра офарид.  Дар фосилаи хар шаш давра чанд рузеро чашн мегирифтанд. Мархилаи шашум мархилаи офариниши инсон буд. Ин мархила  тибки хисобхои бостони охири мохи исфанд аст, ва рузи чашнаш ба аввали мохи фарварддин рост меояд.

      Дар фалсафаи  мо «Навруз» рузи ба камол расидан, ва   офариниш ва дар  офариниш  дар сар нихода шудани точи  инсон аст, ки ба ин маъни таъбир  мешавад. Баъзе аз донишмандони исломи ин назарияро дар осорашон идома додаанд ва рузи хилкати Одами алайхиссаломро хамин рузи Навруз донистаанд. Аз ин ру, Навруз аз тамоми оинхои  бостони чадид  ва мардумитарин чашнест, ки  дар байни мардум боки мондааст.

         Бо пешниходи Асосгузори сулху вахдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ва дастгирии мамлакатхои дигар  Созмони Милали Муттахид дар Ассамблеяи генералии худ  карор   кабул намуд, ки Наврузи Ачам хамчун чашни байналмилали эътироф  шуда, чихати тачлили шоистаи он  тадбирхо амали мегарданд. Ин тасмим аз он шаходат медихад, ки дар катори дигар арзишхои мукаддаси  миллии мо Наврузи фархунда, ки аз замонхои шох Чамшед сарчашма мегирад, ба хазинаи бойю гании тамаддуни чахони ворид гардида, обруи Ватани азизамон Точикистонро  дар аксои олам  баланд мебардошт.     

          Дар Точикистони сохибистиклол Навруз ба чашну сурури умумимилли табдил ёфта, сол аз сол шукуху чалоли бештар мегирад. Миллати точик чашни Наврузро дар тулии садсолахо ба монанди забони модари хивз намуда, дар замони навин онро чузъи таркибии хуввияти милли ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд.

          Пас аз чахони шудани Навруз имкониятхои бештаре фарохам омадаанд. Ба андешаи Асосгузори сулху вахдат, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон «Шояд дар олам мисли Навруз кам чашне вучуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатхои зиндагисози онро миллату халкхои дигари олам чун дастоварди беназири фарханги пазируфта, бо хамин номи зебои точики тачлил намоянд. Навруз асолатан ибтидои корхои начибу азму иродаи тоза, чашни парвариши рух ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст.»

      Хуллас, Навруз яке аз чашнхои кадимтарини мардуми точик буда, он зодаи хираду андеша, чахонбини ва тафаккури  гузаштагони бузурги мо мебошад. Навруз тачассумгари некиву накукори, бахшоишу мехрубони ва созандагиву бунёдкори мебошад, ки  имруз ба чашни чахони мубаддал гаштааст.  Тачлили  Наврузи оламафруз дар бахори истиклолияти  милливу давлатиамон бешак, омили сулху субот, вахдату якдилии миллати хирадпешаву тамаддунофари точик бо мардумони кули сайёра хамчун чашни байналмилали гардида, азму иродаи мардуми шарифи Точикистонро дар рохи бунёди  чомеаи шахрванди инъикос менамояд.

ЛУТФИШОЕВ А. М, омӯзгори кафедраи 

 фалсафа ва сиёсатшиносии ДДХ

Log in

create an account