Мақолаҳо

АЗ ИШТИБОҲУ ХАТОГИҲО БОЯД ОМӮХТ

Иштибоҳу хатогӣ дар  оила, маҳал ва ҷомеа як амри табиист. Аммо хатогии аҳли зиёӣ дар муайян  намудани  роҳи инкишофи таърихии миллат фоҷеабор мебошад.

Иштибоҳу хатогӣ  баъзан начандон зиёновар мешавад, вале иштибоҳи  аҳли қалам, ки ҷомеаро ба садамаи ичтимоӣ бурда мерасонад, хело ҳам гарону мудҳиш аст. Яъне вобастагӣ ба ин иштибоҳ қурбонии миллӣ пеши кор меояд ва ҷомеа роҳи равшани  инкишофи таърихӣ,   пайдарҳамии худро гум менамояд. Ва дар ин масир овози  аҳли қалам,  бахусус рўзноманигорон аҳамияти калон дорад, ки бо сухану қалами хеш мардумро аз таасубу хурофот, тафриқаандозӣ ба сўи тафаккури озодандешӣ, инсондўстӣ ҳидоят менамоянд.

Як хатогии бузурги сиёсии аҳли  қалам ва баъзе сиёсатмадорони  солҳои 20-уми асри ХХ сабаби  он шуд, ки  ҳудуди миллати тоҷик табартақсим шуда, мо тоҷикон аз ҳудуди таърихии хеш, шарҳои бостонӣ маҳрум шудем.  Чун ки  як қисми  аҳли қалам, ки  аз донишҳои  сиёсӣ бархурдор буданд, барои  манфиатҳои  шахсии  хеш пайравӣ гурўҳҳои «панисломизм», «пантуркистон» ҳаракати  босмачигарӣ шуда дар ин марҳилаи бузурги   таърихӣ дар доираи  сиёсати давлатсозии Шуравӣ  манфиати  аслии миллиро дида натавонистанд.

Дар қафои ин ҳаракатҳои  ифротӣ давлатҳои   сармоядории Ғарб ба ҳадафҳои худ тақсимбандии ҷаҳон  меистоданд. Табиист, ки бо шиорҳои «Давлати бузурги Исломӣ» ва «Туркистони бузург» миллатҳои нав бедоршуда ва озодихоҳро гумроҳ менамуданд. Барои сиёсати  тақсими бозорҳои ҷаҳонӣ дар он давра  низоми Шуравӣ, ки аз олами империалистиву сармоядорӣ парҳез мекард, садди бузург буд. Вале мутаасифона бархе аз зиёиёни  соҳибқлам дидаву дониста  бар хилофи мардуми   бехабар  ба бозичаи  гурўҳҳое табдил ёфтанд, ки бар зиддӣ  манфиати  миллӣ буд.

            Бадбахти ва ин саргумиву раҳгумӣ дар  марҳилаи  нави таърихӣ аз сари нав такрор ёфт.  Як қисми қаламкашони  зиёии мо бозичаи  муллоҳои «сиёсатмадор» шуданд. Бехабар аз он, ки  рўҳониёни айёр, ки аслан  хизматгузорони  хоҷаҳои  хориҷӣ буданд, онҳоро ба гумроҳиву бадномӣ мебаранд. Ин муллоҳои сиёсатмадор торҳои  нозуки  мардуми бо тақворо истифода бурда талош барои  пиёда намудани  мақсадҳои  шахсии худ доштанд. Дар ин раванд мардум, аслан аз рузноманигорони бедори ҷавон чун Мирзои Салимпур Соҷидаи Мирзою Атовуллоевҳо умеди калон доштанд.

Мутаассифона, ин қишр ба дастгоҳи бузурги таблиғоти гуруҳи рўҳониёни мутаасиб, ки мехостанд ба сари мардуми озодандешии тоҷик ғояи исломӣ сиёсиро бор намоянд, табдил ёфтанд. Онҳо дигар дар ин раванд дурандешона амал накарда дар ин марҳиллаи нозук танҳо аз равзанаи Тураҷонзодаҳою, Ҳимматзодаҳо ва Кабириҳо ба сиёсати умумимиллӣ нигоҳ карда пайгирӣ менамуданд. Ҳанўз ҳам аз ин кирдору иштибоҳои хеш даст накашида ба хотири қурбониён ба иштибою гуноҳояшон иқрор нашудаанд, чаро ки пурсиши  авфу бахшиш  нишонаи ҷавонмардист, ба хотири ба ҳам овардани торҳои кандаи миллат ва малҳами захмҳои миллат.

Юсуфбек РУСТАМБЕКОВ, омўзгор

Log in

create an account