Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ БА ИСЛОМ ТААЛЛУҚ НАДОРАД

             

Терроризму экстремизм хусусан дар якчанд даҳсолаи асри 20 ва ибтидои асри 21 хеле вусъат ёфтааст. Дар ин солҳо харакатҳои ифротгарои динӣ ва гурӯҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд. Яке аз хусусиятҳои манфии ин созмонҳои ифротӣ дар он мебошад, ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд. Мафҳумҳои терроризму экстремизм дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад.

Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин террорист ва амалиёти террористӣ кай ва ба кадом мақсад дар кадом давлат рух додааст. Дар асрҳои миёна ва ҳоло ҳам одамони алоҳидаи манфиятҷӯй ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие ҳастанд, ки ба воситаи даҳшатафканӣ мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ намуда, ба гардани дигарон бор намоянд. Ҳама кишрҳои ҷомеаи имрӯза медонад, ки амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди кудакон, одамони пиронсоли бегуноҳу бечора мегардад.

Терроризм амалҳое содир менамояд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зулму зуроварӣ, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд меоварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.

Доираи фаъолияти террористон ҳоло хеле васеъ буда, рӯз аз рӯз боиси зиёд шудани ҷавонони ифротӣ мегардад, инчунин аксарияти амалҳои террористие, ки рӯх медиҳад аз дасти ҷавонони роҳгумзадаи ифротӣ сурат мегирад.  Ҳангоми инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рўи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. 

Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Сокинони ҶТ, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори накардааст ва намекунад. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст, ки мо онро ба ҳеҷ ваҷд намепазирем.               

Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳҳои куштору зӯроварӣ, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи беамону оштинопазир алайҳи терроризм ва ҳар гуна падидаҳои номатлуби диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ, боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот аз шуури мардум ҳар гуна андешаҳои динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида мешуд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст ва намебарояд.

Байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфузу мартаба ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табии, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Танҳо бо фишор ва қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан бо терроризм кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани нерў ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст ва бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғиб намоем.

Хулоса, ба ғайр аз он ки омўзгорон ва падару модарон оид ба хатари терроризм ва ифротгароӣ ба ҷавонону наврасон фаҳмондадиҳӣ намуда, онҳоро баҳри ватандўстиву хештаншиносӣ ҳидоят намоянд, калонсолонро мебояд, ки ҷавононро аз ҷињати касбу кор ва дигар ҷиҳатҳое, ки ба ояндаи ҷавонон мусоидат менамояд, дастгирӣ намоянд.

Ноёбов М, сокини шаҳри Хоруғ

 

Log in

create an account