Мақолаҳо

ХАТАР БА АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 

Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба терроризму экстремизм ин дурии ҷавонон аз фарҳангу тамаддун ва бехабарӣ аз асли дину оин мебошад. Терроризм ва экстремизм як хатар ба арзишҳои милливу истиқлолияти давлатӣ мебошад. Баъди ғуруби собиқ иттиҳоди Шўравӣ як гурўҳ ҷомеашиносон аз арзишҳои илмии он замон ба куллӣ рўй гардонида, яке худро диншиносу исломшинос, дигаре демократу сеюмин мухолифи сохти нав эълон намуда, ба зеҳну тафаккури мардумони кишвар таъсири манфӣ расонидаанд. Ҳатто андешаҳои барғалати бархе аз онҳо нисбати миллати тоҷик, арзишҳои миллӣ ва марзу буми кишварамон то имрўз дар рўзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба назар мерасад.

Терроризму экстремизм хусусан дар якчанд даҳсолаи асри 20 ва ибтидои асри 21 хеле вусъат ёфтааст. Дар ин солҳо харакатҳои ифротгарои динӣ ва гуруҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд. Яке аз хусусиятҳои манфии ин созмонҳои ифротӣ дар он мебошад, ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд. Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рў оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гуруҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад. Аъзоёни гурўҳҳои ифротӣ нишонаҳои хос доранд ва ҷавононро зарур аст, ки онҳоро шиносанд. Дигаргунӣ дар дашному ҳақоратҳо ва сару либос, намозгузорӣ, интихоби мусиқӣ, канораҷўӣ, мутолиаи пайвастаи китобҳои идеологӣ. муносибат бо ҷинси муқобил, равобити виртуалӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор гардида, обрӯ ва эътибори хоса касб намудааст ва зиндагии халқ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Пас маълум мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Сарвари хирадманди худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусти инкишофро пеш гирифтааст

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгохи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад. Хусусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти ҳаётӣ дорад. Имрўз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон маънои бисёр васеътар аз сатҳи Тоҷикистон ва аз сатҳи минтақа пайдо кардааст. Аз мо ба самти шимол, яъне Тоҷикистон то Русияву Аврупо, минтақаи орому босуботи ҷаҳон, аз мо ба самти ҷануб, яъне аз Афғонистон то Ховари Миёна минтақаи ошуфтаву пурихтилофи олам.

Ин аст, ки имрўз Тоҷикистон ва марзи давлатии Тоҷикистон хатти пеши сангари ҷаҳони мубориза бар зидди экстремизму терроризм, хатти муқаддами ҷабҳаи муборизаи байни амнияту нооромӣ ва рўшанию торикӣ гаштааст. Зеро агар ифротгароӣ аз ин марз гузарад, аз ин ҷо то умқи қаламрави Русия дар баробари он дигар марзи устуворе нахоҳад буд, чунки агар буҳрону бесуботӣ вориди ин ҳавза шавад, аз ин ҷо то саросари Осиёи Марказӣ ва то марзи Чину дохили Русия ба осонӣ паҳн хоҳад шуд.

Ин нақши минтақавии суботи Тоҷикистон ва ин аҳамияти ҷахонии марзи давлатии Тоҷикистонро аввал худи мо ва сипас тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бояд дарк намоянд. Хусусан, кишварҳои Осиёи Марказӣ, қудратҳое чун Русия ва Чин, давлатҳои узви СҲШ, САҲА, кишварҳои ИДМ ва ғайра бояд ин марзи имрўзаи Тоҷикистон ва ин нақши таъйинкунандаи муборизаи Тоҷикистон бо ифротгароию терроризмро дарёбанд.

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ бояд аз муборизаи давлати Тоҷикистон ба ин падида дастгир намоянд, барои ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон талош варзанд, дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сели оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнии буҳрон на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васетар аз онро то доманаҳои Чину Русияву Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрўз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти нисфи ҷаҳон мебошад.

Танҳо бо фишор ва ќувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан бо гурўҳҳои ифротӣ кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани нерў ва фаъолияти тамоми сохтору маќомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст ва бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоќи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти ќонунро тарѓиб намоем.

 Мирзоқандов Мирзоазиз,

сокини ноҳияи Шуғнон

Log in

create an account