Мақолаҳо

ШИРИН БУНЁД – ВАССОФИ «ВАҲДАТ»

Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандўст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад. Зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва оштиву ваҳдат аст. Чунончи Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Чун ҷавҳари чашм эҳтиёт намудани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ вазифаи ҷониву имонии ҳар шаҳрванди равшанфикру солимфикри Тоҷикистон мебошад, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳ зиндагии мардум ва ободии ватан суботу оромӣ мебошад».

Ин суханони сарвари мамлакат барои ҳар як фарди тоҷик як раҳнамое ҳастанд, ки ҳар як шаҳрванд пайваста онро сармашқи кори худ созад ва дар пойдории он саҳмгузорӣ намояд.

Ба туфайли ҳами назму иродаи Ҷаноби Олӣ истиқрори сулҳи тоҷикон сурат гирифт. Ҳамин тавр,  дар дохили миллати тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ хирадмандоне буданд, ки ба туфайли андешаҳои хирадмандонаи онҳо душманӣ бадўстӣ табдилёфт. Дар ҳармиллат ду тоифа вуҷуд дорад, ки яке ба «васлкардан» майл дорад ва дигаре ба «фаслкардан» таваҷҷўҳ доранд. Ҳамоно ки Мавлои Рум мефармоянд:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем (3, 127).

Адабиёт, ки худ инъикоскунандаи масоили замон аст ва дар ҳар давру замон дарди рўзгорро бо худ мекашад, аз инъикоси ин мавзўъ дар шеър ва сухани худ дар канор наистода, балки бо андешаҳои тоза ва диққатҷалбкунандаи худ мафҳуми ваҳдатро комилтару рангинтар сохтааст.

Мафҳуми ваҳдат дар масири таърих

Шоирону қаламбадастони бахши Бадахшонии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар поягузории ваҳдат ва якпорчагии мамлакат саҳми назаррас доранд. Ин абармардони сухан бо каломи рангин ва ҷолиби худ ҷомаи ваҳдаро волотару зеботар сохтанд.

Шоирони бахши Бадахшонии иттифоқи нависандагони Тоҷикисти аҳди истиқлол, Ширин Бунёд, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Ҷонибеки Қозибек, Ато Мирхоҷа, Лутфишои Додо, Куйбек Шарифзода, Мавҷигули Зардодхон, Раънои Мубориз, Алишои Чароѓабдол,Рудобаи Мукаррам, Алидоди Чароѓабдол ва дигарон дар ин замони таърихии халқи тоҷик умр ба сар мебаранд, вассофони ваҳдат маҳсуб мешаванд. Зеро ҳар яки инҳо дар шеърҳои худ Ваҳдатро васф намуда, онро раҳкушои роҳи зиндагӣ, равшанкунандаи торикӣ, корвони сулҳ, рўзи нав, муборизаи некӣ бар бадӣ, вуҷуди ҳастии халқи тоҷик номидаанд.

Асосгузори мактаби адабии бахши Бадахшонии итифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Ширин Бунёд қофиласолори чандин корвонҳои Ваҳдат буданд, ки чунин корвонҳо ба сарои мақсуди халқи Тоҷик бо пайки сулҳу субот ва ваҳдату ҳамфикрӣ расидаанд. Устод Ширин Бунёд ҳафт бурҷи Тоҷикистонро бо ҳамдигар васл намуда, ҳар кадоме аз онҳоро мутаккои дигаре сохт ва кохи муҷаллалу кишвари тиллоии Ваҳдатободро эъмор намуданд. Шоир фардои миллат ва ояндаи дурахшони онро дар каломи ҷону хиради хеш бо дурахшони ҷилои меҳру садоқати инсонӣ васф намуда, гуфтори неку рафтори нек ва пиндори некро шиори зиндагии хоксоронаи хеш қарор дода буд.

Ваҳдат нигини миллати меҳрофарини мо,

Ваҳдат дар осмони ману дар замини мо,

Дар вусъати замонаю чархи барини мо,

Ваҳдат саломи мост,

Ваҳдат низоми мост,

Ваҳдат каломи мост(3, 45).

Устод Ширин Бунёд ба дўстиву рафоқат, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ мардуми мамлакатро даъват намуда, шоир ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ва ба Ватан баргаштани бародарони фирориро хуш истиқбол намудааст ва чунин хитоб мекунад:

Баҳорони гулафшонат муборак,

Навои резаборонат муборак.

Ватан гуфтӣ ба шабҳои ѓарибӣ,

Насими тоҷикистонат муборак.

Чунин муборакбодӣ ва даъват ба ягонагии миллӣ дар шеърҳои «Садоят мекунам», «Хонаи бадахшонӣ», «Ай ҳамватан», «Ваҳдат дар остони мост», «Нома ба дўст» ва дар садҳо шеъри шоир танинандоз аст.

Дар силсилаи шеърҳои «Аз дафтари «Тахти сомон» шоир шукронаи истиқлолиятиТоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиши диёр карда, дар шеъри «Тахти Сомон» хитоб мекунад:

Ай бародар хотир ѓамдидаи мо шод бод,

Тоҷикистони ману ту аз ѓамон озод бод.

Тахти Исмоили сомон тахти бахти мову туст,

Тахти бахти мо дигар пояндаву обод бод.

Авсофи «Ваҳдат» дар шеъри Ширин Бунёд

Авсофи «Ваҳдат» дар ашъори Ширин Бунёд бо самтҳои гуногун суруда, шуда, муҳаббат ва дилбастагии ўро нисбати ватан ва сарзаминашон инъикос менамояд. Шоир тараннуми ваҳдатро дар якпорчагии ватан донистааст. Барои ў Вахшу Хатлон, Бадахшону Ҳисор, Кулобу Суѓд баробар буда, он аз санги Бадахшон сар шуда, бо маҷрои дарёҳои кўҳӣ ба вусъати пахтазорони Вахшу Хатлон мерасад. Ҳамаи ин сарзамин ба ҳасби ҳол шоир, ба самараҳою нокомиҳои умраш ҳамеша алоқае дорад. Ба ин маъно шоир дар шеъри «Бародар», ки ба шоир Раҳмат Назрӣ бахшидааст, далели гуфтаҳост:

Ба кўҳистон бародар ганҷи ноёб,

Ба дарде ҳар куҷо дармони мо шуд.

Бародар нерўи мо қуввати мо,

Бародар номи мо, имони мо шуд.

Ба кўҳистон бародар гўӣ як бор,

«бародар» чанд кўҳ гўяд баробар.

Ва гоҳе Шоҳи Тирандоз гўяд:

Куҷоӣ Хоҷамўъмин, эй баробар.

Садои бародариву баробарӣ дар сухани шоир инъикоскунандаи ваҳдатро таҷассум намуда, шоир нерўю қуввати рўҳониву ҷисмониро дар муттаҳидият ва ягонагии ватан меҳисобад. Шоир ба масъалаи ягонагӣ ва ва якдилии халқ, аз ҳама бештар рў меоварад, зеро мухолифати шадиди куллӣ ва ҳаводиси ногувори солҳои 90-ум ба рўҳияи ў таъсири бисёр гароне боқӣ гузоштааст:

Фарёд аз ин сурўшу ѓавѓо фарёд,

З-ин сўҳбаут з-ин талошу савдо фарёд.

Хамўшии санги соҳилон нест ѓамин,

Аз нолаи якнавои дарё фарёд.

Қиммати асосии шеъри Ширин Бунёдро авсофи ватан ва ваҳдат тараннум месозад ва ѓояи ватанпарваронаи ўро нишонгар аст. шоир дар бораи зодгоҳаш, дар бораи шаҳре, ки дар оѓуши вай ба камол мерасад, оид ба Тоҷикистон, ки фарзанди вай аст, роҷеъ ба мамлакати Шўравии доманафарох, ки як нафар шоир ҳасоси вай буд, шеър гуфтааст. Шеърҳои ватанпарваронаро Ширин Бунёд аз маѓзи ҷон мегўяд.

Шоир ба чаҳор бурҷи Тоҷикистон «Боми ин ҷаҳон –Помир, беҳ зи гулситони Помир, Зеби ин замон – Кўлоб, фахри Тоҷикон –Кўлоб, Вахш гулфишони ман, мулки бехазони ман, Шаҳри ленинободам, шаҳри ҳуснободам»  муроҷиат намуда, ба он фахр мекунад. Бо ин нидои шоирона хитоб мекунад:

Дўст дорам хасу хору камари кўҳи ватан.

Баҳри ҳар шаҳри наву деҳи куҳан месўзам.

Ватанам зодгаҳи сулҳу амониву умед,

Баҳри имрўзаву фардои Ватан месўзам.

Дар замони соҳибистиқлолияти Тоҷикистон барои шоир чун Ватан мушаххас гардид ва беҳтарин вассофи соҳибистиқлолию ваҳдати миллӣ гардид.

Солҳои аввали истиқлолият барои Ватанамон пуршўр ва фоҷиабор омад ва ба Ширин Бунёд чун фарди ватандўсту ватанпарвар бетаъсир намонд. Шоир барои нокомиҳо нобаробариҳои халқаш ѓам мехўрад, лекин ба ояндаи некаш умеду боварии зиёде дошт. Дар замони пуршўри миллати Тоҷик Устод  Ширин Бунёд аз ҷониби шоири эронитабори сокини Париж Неъмати Озарм таҳти унвони «Паём ба Тоҷикстон» номаи пурҳасрати манзумеро мегирад, ки эшон аз ҷанги дохилии тоҷикон ҳазор афсус хўрда, қаламдод кардааст, ки:

Магар дилҳои равшан гашт торик,

Ки бо Тоҷик дар ҷанг аст тоҷик.

Ҳама аз гилу як обу рангед,

Бародарҳо чаро бо ҳам ба ҷангед?

Ки ин нанг асту ин нанг асту ин нанг,

Бародар бо бародар кай кунад ҷанг?

Шоир Ширин Бунёд барои ин дилсўзию ѓамхорӣ ба шоири ҳамхуну ҳамнасаби эронии мо арзи сипос ва миннатпазирӣ намуда, ҷавоб медиҳад:

Гирифтам номаатро, эй бародар

Бародархондаи бо ҷон баробар.

Аз ин лутфу карам бошад, ки гирам,

Ѓами мо хўрдаӣ, Миннатпазирам.

Ту ҳайронӣ зи берўҳ гунаи мо,

Зи бахту қисмати вожунаи мо,

Аз он ки дидаҳои мост гирён,

Ба дасте сангу дасте дар гиребон.

Бо ин нидои шоирона гўяндаи дўстдори ватан мефармояд, ки ҳақ ҳастӣ, ки мо ба ин бемеҳрӣ ва носозгорӣ дучор шудаем, лекин ҳақиқатро бояд ҷавоби ҳақиқаттар гуфт. Дили шоир ба ҳоли халқу ватан месўзад. Диёри шоир диёри ошиқону гулрухон ва макони дўстию рафоқату садоқат буд.  Шоир ҳаргиз аз ин ноумедиҳою нокомиҳо намеаросад ва боварӣ дорад, ки кишвараш аз ин ноумедӣ ба рўзи умед мерасад. Дар тараннум намудани ин ниятҳои некаш шоир гўшзад мекунад, ки баъди хазон ва зимистон ҳатман баҳор мерасад ва ҳаргиз гардиши чарх ба як ҳол намемонад:

Баҳор мерасад баъд аз зимистон,

Ва раҳмон мерасад аз пушти шайтон.

Ҳамал хоҳӣ бубинӣ дар бари рут

Аввал бояд бароӣ аз дари Ҳут.

Хулоса хайри мо бе шар набошад,

Ва гардун бе гули ахтар набошад.

Бо ин гуфтораш шоир ҳақиқати ҳолро баён намуда, ояндаи некро пешбинӣ карда, мардуми диёрашро дилгарм ва рўҳбаланд месозад. Устод Ширин Бунёд дар шеъри «Фардои Ватан» гулгулшукуфоии ватанро бовар дошта, хитоб мекунад, ки:

Фардои диёри мосаодатхез аст,

Аз файзи баҳор,

Фардои диёри мо саодатхез аст,

Хушранг зи пор…

Ва ба он умеди калон дошта, дар охир хулоса мекунад:

Чун тоҷики тоҷдор бо ҳикмати худ,

Аз пардаи нав

Дарҳои дилон ба рўи худ боз кунем

Бо хотири шод.

Дўстиву рафоқат, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ даъват намудани мардуми Ватан хусусияти хоси ашъори лирикӣ- иҷтимоии Ширин Бунёд мебошад.  Ў ободии ватанро ба ватандорон авола намуда, шодиву нишот, ҳавои дўстӣ, берун шудани душман аз ватан ва «Каломи ваҳдату амну амонӣ» -ро аз муттаҳидият ва ваҳдату ягонагӣ мешуморад:

Ватандорон, Ватан обод бодо!

Дили мо шод бодо, шод бодо!

Ҳавои дўстӣ ояд зи ҳар кўй

Ѓубори душманӣ бар бод бодо!

Каломи ваҳдату амну амонӣ,

Ба дафтарҳо ба зар эҷод бодо!

Шоир ба имзо расидани Созошномаи умумии истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ва ба Ватан баргаштани бародарони фирориро ниҳоят хуш истиқбол намудааст:

Баҳорони гулафшонат муборак,

Навои резаборонат муборак.

Ватан гуфтӣ ба шабҳои ѓарибӣ,

Насими Тоҷикистонат муборак.

Муборак ошёни гарму нармат,

Баҳори Тоҷикистонат муборак.

Тараннуми муборакбодӣ ва даъват ба ягоангиву ваҳдати миллӣ дар шеърҳои «Садоят мекунам», «Хонаи бадахшонӣ», «Ай ҳамватан», «Барои бародари фирорӣ», «Аз ин пас», «Ваҳдат дар остонаи Дарвоз», «Сиришти як обу гилем» ва ѓайра инъикос ёфтаанд. Дар шеъри «Ҳафт бурҷи Тоҷикистон» шоир ҳафт манотиқи Тоҷикистон: Раштону Хатлон, Хуҷанду Зарафшон, Ҳисору Вахш ва Бадахшон чун узви як пайкар, ҳафт бародари ҳамхун тасвир менамояд:

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт рукни олам аст.

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт пушти одам аст.

Ҳафт бурҷи Тоҷикстон ҳафт шаҳзоди худо.

Ҳафт бурҷи Тоҷикистони ҳафт эъҷоди худо.

Тоҷикистон аст бо Раштони мо хуш давлате,

Тоҷикистон бе гули Раштон надорад савлате.

Тоҷикистон пурҷило аз ранги кўҳистони хеш,

Тоҷикистон Тоҷикистон нест бе Хатлони хеш..

Тоҷикистон бо Бадахшон марди якҷону та наст,

Тоҷикистон бе Бадахшон хонаи бе равзан аст.

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт ризвони ман аст.

Ҳафт бурҷи Тоҷикистон ҳафт ихвони ман аст.

Шоири ширинкалом ҳафт бурҷи Тоҷикстонро ба ҳафт бурҷи олам ташбеҳ дода, ҳамаи гўшаи Тоҷикистонро аз як ҷавҳар медонад ва онро яке меҳисобад, чун пайкараи инсон бе як узв ноқис шуморида мешавад, ҳамчунин Тоҷикистон низ бе яке аз ин ҳафт қисмат ноқис ва нокомил аст. 

Дидоршоҳ НАСРИДДИНОВ, мудири

 Шуъбаи кор бо ҷавонони назди ДДХ

 

Log in

create an account