Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳои таъкид кардаанд, ки тероризм ватан, мазҳаб ва миллат надорад. Ин ҷараёни хавфнокро вабои аср номидааст.  Дар паёми навбатии худ бори дигар ёдовар шуд.

“Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои - тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремисту террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.”

Ҷавонони содда ба доми фиреби гуруҳҳои террорист афтода, ҷони ҷавони худро беҳуда ба хотири манфиати гуруҳӣ ё шахсони бегона медиҳанд. Ҷои таассуф аст, ки дар байни онҳо аз кишвари мо ҳам ҷавонон дида мешавад. Мо бояд ба ҷавонон ҳақиқати ҳолро фаҳмонем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Мутаасифона, солҳои охир давлатҳои абарқудрат бо мақсади пурзӯр намудани манфиатҳои геополитикии худ, даст доштан ба манбаҳои молиявӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки аксарияти аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, зери таваҷҷӯҳи худ қарор дода, бо воситаи маблағгузории фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ мехоҳанд суботи ҷомеаро ноором сохта, сохти давлатдории исломӣ ё худ «хилофат»-ро ба ин кишварҳо таҳмил намоянд. Илова бар ин, қудратҳои ҷаҳонӣ барои амалӣ сохтани ҳадафҳои геополитики худ аз баланд рафтани сатҳи таассуби динӣ дар ин кишварҳо манфиат доранд. Ин проблематика дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти ба худ хосро касб мекунад, зеро ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки манбаи нооромиҳо, маскани ҳаргуна ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ мебошад,  сарҳади тӯлонӣ дорад.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба тамоюли рушди вазъият дар самти терроризм ва экстремизм омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

- тезутунд будан ва боз ҳам печидатар гаштани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаи вусъат пайдо кардани фаъолияти ҷангҷуёнаи ташкилотҳои террористии “Ҳаракати Толибон”, «Ал-Қоида», “Ҳаракати Исломии Туркистон” ва “Давлати Исломӣ”, таъсири бевоситаи он ба рушди вазъият дар ҷумҳурӣ ва дар робита ба ин баланд гардидани эҳтимолияти воридшавии гурӯҳҳои алоҳидаи мусаллаҳи террористӣ ба қаламравӣ ҷумҳурӣ;

 -мавҷудияти шумораи зиёди толибилмони марказҳои динии кишварҳои исломӣ дар вилоят, таъсири ақидаи динӣ-мафкуравии онҳо ба ҷавонону наврасон;

 -паҳн гардидани равияҳои бегонаи динӣ миёни аҳолӣ, шомилшавии ҷавонон ба сафи онҳо, вусъат пайдо намудани ифротгароиву тундгароӣ;

 - шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ чӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он  ва дар ин замина пайдо гардидани тамоюли нав, иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҷангҳои мазҳабии Сурияю Ироқ.

Далелҳои шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, раванди рафтани онҳо ба муқовиматҳои ҳарбии давлатҳои Сурияю Ироқ вақтҳои охир рӯ ба афзоиш оварда, характери нигароникунандаро касб кардааст. Қазияи мазкур қишри солимфикр ва соҳибандешаи ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Проблематикаи Сурия якчанд сабабу омилҳои объективию субъективӣ худро дорад, ки метавонанд ба тамоюли рушди вазъият дар ин самт таъсиргузор бошанд.

Маълум гардид, ки ҷараёни ба муқовиматҳои Сурияю Ироқ рафтани ҷавонон, пеш аз ҳама аз хориҷи кишвар, яъне ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани онҳо оғоз гардид. Ин ҷараён яку якбора сурат гирифта, аз пешакӣ тарҳрезӣ шудани он дарак медиҳад. Шароитҳои вазнине, ки дар онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ арзи вуҷуд мекунанд ба тезонидани он мусоидат намуданд. Аз ҷумла, солҳои охир аз ҷониби собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шурави қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва талаботҳо ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар шадидтар гардиданд. Аксарияти муҳоҷирон баъди рафтан ба қаламрави ин кишвар муддати дароз ҷойи кор пайдо карда наметавонанд, қисме аз онҳо бо баҳонаҳои гуногун аз ҷойҳои корӣ бе додани маош ронда мешаванд, аксарияти муҳоҷирон дар шароитҳои тоқатфарсо умр ба сар мебаранд, ба онҳо, ки бо душвориҳои зиёд вориди ин кишвар шудаанд, хориҷ шудан аз ҳудуди ин кишварҳо таҳдид мекунад. Намояндагон ва мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ бошад, ки аллакай ин шароитҳои муҳоҷирони меҳнатиро хуб омӯхтаанд, онҳоро осон ба доми худ меафтонанд.

Дуюм ин ки, ҷавонони аз қабили муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафи ташкилотҳои террористӣ шомилгардида аксаран ҷавон буда, иродаи мустаҳкам надоранд, ҳамчун “шахсият” пурра ташаккул наёфтаанд. Онҳо, ки муҳоҷирати меҳнатиро роҳи ягонаи ба даст даровардани даромад медонанд ва бо ин мақсад ба Россия ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сафар мекунанд, бо дучор гардидан ба душвориҳои муайян ноумед ва руҳафтода мешаванд. Дар сурати ба онҳо пешниҳод гардидани маблағҳои калон аз тарафи боз ҳамон намояндагони ташкилотҳои террористӣ онҳо дарҳол розигӣ дода, ба кадом амали ғайриқонунӣ даст заданашонро пайхас намекунанд.

Ба сифати омили сеюм ҳолати руҳию равонии ҷавонон хизмат мекунад, ки он ҳам дар пояи ноустувор қарор дорад. Аксарияти онҳое, ки ба чунин амалҳои нангин даст мезананд, мақсаду мароми ягона надоранд, побанди фикри ба даст даровардани маблағҳои муфт ва осон мебошанд, ҳамаи он чизе, ки аз ҷониби мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ ба онҳо пешниҳод мегардад, тез қабул мекунанд.

Чорум ин омили динӣ - этиқодӣ мебошад. Он ҳарчанд ба ҳолати руҳию равонии ҷавонон вобастагӣ дошта бошад ҳам, аммо бештар заминаи таассубгароӣ, экстремистӣ ва ҷоҳилиятро дорад. Дар ин ҷо аллакай аломатҳо ва таъсири муҳити диние, ки ҷавонон дар он тарбия ёфтаанд, яъне оилаи динӣ, масҷидҳо, мактабҳои динӣ аз худ дарак медиҳанд.

 Лозим ба ёдоварист, ки марказу мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ низ ба раванди шомилшавӣ ва ҷалб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ва фаъолияти онҳо нақши муассир бозиданд.

 Далелҳои зикргардида ва таҳқиқ дар доираи онҳо нишон доданд, ки ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ, бахусус ДИИШ фаъолияти тарғиботӣ-тахрибии худро аз хориҷи кишвар бар зидди сохти конститутсионӣ пурзӯр намудаанд. Онҳо ҷиҳати дар мафкураи аҳолии кишвар ҷо намудани ақидаҳои экстремистӣ, бадбинӣ нисбати сохти конститутсионӣ, ноором кардани суботи ҷомеа аз тамоми роҳу усулҳо истифода менамоянд. Дар ин росто онҳо асосан ҷавонон, қишри осебпазири ҷомеаро ҳадафи ҳамлаҳои иттилоотӣ бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ қарор додаанд. Дар баробари шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ, ки он ғолибан тавассути канали муҳоҷирати меҳнатӣ сурат гирифта истодааст, дар худи минтақаи контрразведкавӣ низ далелҳои зиёди шомилшавии виртуалии ҷавонон ба сафи “Давлати исломӣ” зиёд ба назар мерасад. Дастрасӣ ба сомонаҳо ва шабакаҳои зиёди интернетӣ боиси “мағзшӯӣ”-и аксарияти ҷавонон аз ҷониби мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ шуда истодааст. Аксарияти ин таблиғгарон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 Т. Қиёмиддин, таҳлилгар

 

Log in

create an account