Мақолаҳо

Ваҳдат пояи хушбахтӣ ва рушди миллат

Ваҳдат - беҳтарин неъмат, орзуву армон таҳкими давлат, наҷоти миллат ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Имрӯз итифоқ ва хамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши СММ ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллат ягона падидаест аз гузаштаи дуру пешрафтаи маънавиёти кишвар ба шумор меравад.Танҳо бо роҳи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор  карда метавонад. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат душвориҳо ва монеаҳои паси сар мешавад, рузгори мардум ру ба беҳбуди меорад. Кишвари азизамон ба шоҳрои пешрафту тараққиёт ру меорад.

 Ба ақидаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ аст, ки ҳамеша меваҳои ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.»

Он дарахте, ки Ҷаноби Олӣ басулҳу ваҳдат ташбеҳ даданд, имрузҳо меваҳои ширину шаҳдборе ба самар овардаистодааст, ки бо он мо тоҷикон мефахрем. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфони ватани мост, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат руз то руз ру ба беҳбуди меорад, иқтисодиёташ босуръат меафзояд ва аз ҷиҳати сиёсию фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кушишҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имруз дар чеҳраи ҳар як фарди тоҷик нишоту хурсандҳувайдост ва Ваҳдату сулҳ падидор аст. 

Барои дарк намудани моҳияти Ваҳдат зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар пеш аз ҳама ба саҳифаҳои таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда аз дастовардҳо ва бурду бохти он бояд ёдовар шавад, махсусан насли ҷавони имрузаву ояндаи миллат аз он ифтихор намояд, сабак гирад ба меъроси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арчгузорӣ карда, ин неъмати бебаҳо – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

Аз роҳи Оли Сомон омад паёми Ваҳдат,

Ба ёди Ҷоми Ҷамшед лабрез ҷоми ваҳдат.

Бо осмон бипайваст овои рӯшани дил,

Дар нури бомдоди ғарқин шоми Ваҳдат.

Оре ваҳдату иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошанд, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он маншаъ мегирад.Тоҷикистони азизамон дигар кишвари ҷангзада нест, балки он ҳамчун мамлакати осоиштаву осуда, ободу шукуфо ва ояндааш дурахшон дар миёни кишварҳои мутамаддини ҷаҳон мақоми шоистае ишғол менамояд.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва боифтихор метавонам гӯям.

Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Асрор Смоилбеков, муовини декани

факултети биология оид ба тарбия

Log in

create an account