Мақолаҳо

ТАМАЪКОРОН БА МАНФИАТИ ТОҶИКОН КОРЕ НАКАРДААНД...

(Посух ба “Ахбор.сом” ва Дориюши Раҷабиён)

Вақтҳои охир дурӯғсомонаи “Ахбор.сом” бо такя ба андешаи ба ном “рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон” Дориюши Раҷабиён маводеро таълиф намудааст, ки дар он перомуни шиори “Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан” афкору ақидаҳои фитнаангез ва дур аз ҳақиқат баён шудаанд. Яъне дар матлаб аслан нафақат ҳамаи хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшу саҳми Ҷаноби Олӣ дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон нодида гирифта шудааст, балки тӯҳмату бӯҳтони меҳнафурӯшони хориҷӣ аз ҷумлаи Дориюши Раҷабиён ҳамзамон нисбати мардуми осоиштаи Тоҷикистон ва пайравони асили Пешвои миллат равона гардидаст.

Воқеан ниёз ба таҳлили ҳар як ҳарфи душманон нест, зеро ҳамааш пучу беҷо, олудаву боғараз ва заррае ба ҳақиқат тавъам намеоянд. Зеро хосса иқдому ташааббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки давлати муосир ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар заминаи он Ваҳдати комили миллӣ сурат гирифт.

Аммо ба дурӯягону фитнаагезону ҷосусон ва душманони миллати тоҷик амсоли Муҳиддини Кабирӣ, Мирзо Салимпур, Дориюши Раҷабиён, Алим Шерзамонуф, Саидюнуси Истарафшанӣ ва ҳамтоёнаш боз мегӯем, ки пунбаи хомро аз гӯшҳояшон канда, аз воқеҳои ҳалокатбори солҳои пешин ва ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ сабақ гиранд. Дар акси ҳол худкардаро даво нест ва агар чунин маломату сангандозиҳо аз ҷониби чунин ашхос давом ёбад, онҳоро миллати тоҷик нафрину лаънат хоҳад кард. Чунки то ҳоло ягон нафар аз одамони нобаршуда ва ҳаммаслаконаш ба манфиати мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон коре накарда, баръакс хонасӯзиро пеша намуда, миллатро дар назди ҷаҳониён паст мезананд.

Барҳақ месазад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Асосгузори давлати навини тоҷикон гӯем. Зеро маҳз Президенти муҳтарами мо ҷамъи парешонгаштаро ба по рост кард, Тоҷикистонро рушд бахшид, ба иҷтимоиёти коҳишёфтаи мамлакат нерӯву тавон эҳдо намуд ва тадриҷан тамоми роҳҳоро кушоду Ватани маҳбуби моро ба назари ҷаҳониён чун диёри сулҳпарвару тамаддунгаро муаррифӣ кард.

Ӯ борҳо собит кард, ки дар арсаи талошҳо баҳри шукуфоии Ватан ва некуаҳволии мардум устувору ҷонфидост, бим аз ҳеҷ монеае надорад, рисолату маромномаи зиндагиаш бунёдкориву созандагист.

Чун инсони хирадманд ба илму фарҳангу маориф таваҷҷуҳу гаравиши вижа дорад ва ба аҳли таълиму тарбия ҳамовора арҷгузорӣ мекунад. Бо роҳбарию ҳидояту ғамхории ӯ дар соҳаи маориф ва илм таҳаввулоти куллӣ ба вуқӯъ пайваст, мазмуну муҳтавои омӯзиш такмил ёфт, таълимгоҳҳои зиёди замонавӣ бунёд гардида, бо навтарин таҷҳизоти технологӣ таҷҳизонида шуданд, китобҳои нав ба нав нашр гаштанд, бо омӯзгорон имтиёзҳо муқаррар ва музди меҳнаташон борҳо афзуда шуд.

Сокинони ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҳақшиносу ҳақиқатпарвар ва воқеиятбин ҳастанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз халқи тоҷик фарзанди фарзонаву ғамхори хешро бо камоли эътиқоду эҳтиром Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном мебаранд ва ифтихор аз он доранд, ки чунин бузургмарде ки тамоми оламиён чун сарвари муваффақ мешиносандаш, бузургмарде, ки тамоми тоҷикони ҷаҳонро ҳомиву пушту паноҳ гардидааст.

Арзишмандтарин подоши ҳар амале сазовор шудан ба эҳтирому эътирофи мардум аст ва табиист, ки Пешвои миллати тоҷвари мо ба ин мукофоти олӣ сазовор гашта, ҳамагон шукрона аз омолу рафтори ватандӯстонаву сиёсати дурандешона ва хирадбунёдаш мекунанд.

Пас, чаро мо ба ҳарфи мунофиқону дурӯягон, душманони миллат, расвоён ва тамаъкорони шабакаҳои “фесбукӣ” посухи ҳакимона диҳем. Зеро онҳо чеҳраву кирдори инсонӣ надоранду танҳо бозичае дар дасти дигаронанд ва танҳо манфиатҷӯиро касб намуда, ба фоидаи хоҷагони худашон талош доранд. Аммо нигаҳ доштани тавозун, оромиву субот, ҳамдигарфаҳмӣ, якпорчагии Ватан, дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдат, тарғиби арзишу моҳияти меҳанпарастӣ бояд рисолати ҳар яки мо бошад ва дар ин ҷода лозим аст, ки аз пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва нагузорем, то касе аз хоинон ба номусии ватандории мо бирасад.

Санҷар Куканов, сокини шаҳри Хоруғ

Муфаcсал...

Эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ – эътимод ба ояндаи дурахшон

Вақте ки ҳар рӯзи мо бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад, ин барои ҳар як шаҳрванди баору номуси Ватан боиси ифтихори бузург ва фараҳмандӣ аст. Албатта дар олам ҳазорҳо намуд созу суруд сароида мешавад, аммо одамонро танҳо ягона суруд муттаҳид месозад ва он Суруди миллии кишвар аст.

Яъне Суруди миллии мо яке аз муқаддасоти миллату давлат ба ҳисоб рафта, хосса зимни сафару мулоқотҳои расмии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои гуногун бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар вазъи тантанавӣ суруда мешавад. Инчунин Суруди миллӣ дар чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ – варзишӣ, ё худ мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун ҳини баромадани варзишагарон ба зинаҳои шӯҳрат мутантан садо медиҳад.

Аммо дар бандҳои якум ва дуюми низомномаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «I. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. II. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад: 1) ҳангоми оғозу анҷоми иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки дар ҷумҳурӣ мувофиқи Қонун иди умумихалқӣ эълон гаштаанд;»

Пас, аз бандҳои болозикр бармеояд, ки агар Суруди миллӣ ифодагари иттиҳоду ягонагии давлату миллат бошад, гиромӣ доштани он барои ҳар як шаҳрванд қарзу ҳам фарз аст ва новобаста аз оне, ки аз кадом табақаи аҳолии ҷомеа бошем.

Инчунин дар банди дуюми низомномаи мазкур зикр гардидаст, ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иҷро карда мешавад: 4) ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва тадбирҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо мувофиқи иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳанд; 5) ҳангоми маросимҳои расмии пардабардорӣ аз рӯи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои ёдбуд ва дигар иншоотҳои мансуб ба муҳимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи ходимони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, қаҳрамонони халқӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарҳанг; 6) ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, маҳаллҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофоти давлатӣ; 7) ҳангоми барафроштани Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, идораҳо, муассисаю корхонаҳо мегузаронанд; 8) ҳангоми пешвозгирӣ ва гуселонидани сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ расман ташриф меоранд - баъди иҷрои Суруди Миллии давлати мехмонони хориҷӣ. Қонунгузории ҷумҳурӣ метавонад дар ҳолатҳои дигар иҷрои ҳатмии Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намояд.

Яъне манзур аз тадбирҳои дигари зербанди чоруми банди дуюм ин рамзи муқаддаси давлатӣ ҳамзамон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳам бояд мувофиқи мақсад иҷро карда шавад.

Вале мутаассифона феълан талаботи иҷроиши Суруди миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар идораҳои марбути ВМКБ ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. Зеро то ҳол на ҳамаи масъулини маориф ва илму идорахои дигар дарк намудаанд, ки маҳз дар чунин муқаддасоти давлатӣ эътимоди сустнашавандаи халқу миллат инъикос ёфта, маҳз ин муқаддасот моро ба волотарин хушбахтии зиндагии ҳар соҳибватан, яъне Истиқлолияту Ваҳдат ҳидоят мекунанд. Бинобари ин, бояд гуфт, халқияте ки рамзҳои миллию давлатии хешро эҳтирому қард мекунад, ба ояндаи равшани худ эътимод дорад ва мо бояд аз ҷумлаи чунин мардумон бошем.

Назар Броимшоев, таҳлилгар аз шаҳри Хоруғ

Муфаcсал...

ТЭТ ҲНИ – аслияти худро ба ҷаҳониён нишон дод

       Ба мо маълум аст, ки ҷаҳони имрўза рў ба афзоиши ғояҳои террористию экстримистӣ гардонида, муборизаҳои шадидро алайҳи ин зуҳуротҳои номатлуб пурзўр намудааст. Тоҷикистони ҷавонбунёди мо, ки имруз қадамҳои устувори худро дар роҳи тараққиёт гузошта истодааст, аз хатари таъсири ташкилотҳои экстремистию террористӣ берун нест. Чуноне таърихи навини Тоҷикистон нишон дод, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ давлатҳои манфиатдор тариқи имкониятҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба мафкураи халқ ҷиҳати манфӣ таъсир расонида, онҳоро барои ташкил намудани гирдаҳамоиву бетартибиҳо водор сохтаанд. Боиси хотирмонист, ки дар замони чунин гуна бетартибиҳо ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик даст ба куштори чеҳраҳои шинохтаи тоҷик зада, обрўву нуфузи миллатро дар арсаи байналмиллалӣ поймол намудаанд.

        ТЭТ ҲНИ, ки имрузҳо аз мавқеи давлатҳои ғарб истифода намуда, тариқи сомонаҳои интернетӣ бо Ҳукумати кишвар ҷанги иттилоотӣ эълон кардааст, ба вайрон намудани ақидаи мардуми тоҷик нисбат ба сохти конститутсионӣ саъю кушиш намуда истодааст. Ҷавонони тоҷик, ки имруз фирефтаи ваъдаҳои роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ гардидаанд, дар сомонаҳои интернетӣ  ба чопи мақолаҳо, ки бар зидди сохти конститутсионӣ ва паст кардани обрўву нуфузи Президенти ҶТ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон равона карда шудаанд, машғул мебошанд. Мақолаҳое, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ нашр гардидаанд, мутаассифона аз чониби бархе аз сокинони кишвар дастгирӣ ёфта истодаанд. Давлатҳои хориҷӣ аз имкониятҳои ТЭТ ҲНИ истифода намуда, мехоҳанд ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд ва мардуми тоҷикро боз ба доми оташу нооромиҳо гирифтор намоянд.

         Аммо имрўз кишварҳои ғарб аллакай ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ пазируфтанд. Чунончӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ аслияти ин ташкилоти ифротиро дарк намуда, расман онро террористӣ эълон намуданд, ки дар оянда фаъолияти ин ҳизбро дар давлатҳои Ғарб ғайриимкон месозад.         

Имрўз ин маълумот барои ҳар як шаҳрванди ҶТ хушхабар аст. Чунки ватан мову шуморо ҳамеша дар оғуши худ бо тамоми нозукиҳоямон парвариш менамояд. Бинобар ин вазифаи муқаддаси ҳар ҷавон аст, ки ватану модарро аз ҳар гуна хиёнаткунандагон ҳимоя намояд. Хиёнат ба ватан дар назди халқ ҳеҷ вақт бахшиданӣ нест. Умед аст, ҷавонони мо аз ин рафтори номатлуб ҳамеша худро дар ҳазар мегиранд. 

 Наботов Замон,

сокини ш.Хоруғ

 

Муфаcсал...

Ворух – деҳаи дустӣ бошад…

Ворух яке аз деҳаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, дар қисмати шимолии он, ҳаммарз бо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Дар ин деҳа таърихан мардуми тоҷик бо расму русум, оини хоси миллии тоҷикона бо ҳамсояҳои дусту бародари худ қирғизҳо умр ба сар мебурданд. Лозим ба ёдоварист, ки мардуми қирғизтабор дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғобу Ҷиргатол бо миллати тоҷик умр ба сар бурда истодаанд. Ин халқ бо миллати тоҷик бар ба бар истода баҳри ободии диёри худ заҳмат кашида истодаанд. Дар ғаму шодии якдигар ҳамеша шарик буда, чунон дустона зиндагони мекунанд, кик ас пай намебарад, ки онҳ оду миллати гуогунанд. Қирғизҳои ноҳияи Мурғоб худро хушбахт меҳисобанд, ки онҳо шаҳрванди Тоҷикистонанд. Дар тули 28 соли истиқлолият ноҳияи Мурғоб ободу зебо шуда, имруз кас пай намебарад, ки ин ҳамон ноҳияи 30 сол пеш аст. Ободони, сохтмони иншоотҳои маданӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ сол то сол бештар қомат рост менамоянд, ки ин симои онро сол то сол  назарработар менамояд. Ҷиргатол низ ҳамчунон ободу зебо шуда сатҳи зиндагонии мардуми ин диёр низ боло рафта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳтат - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо аз ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоб, ки аҳолии таҳҷоии он қирғизтаборонанд,  дидан намуда баҳри пешрафти ҳаёти онҳо ғамхориҳои бешеро зоҳин намудааст. Ба истифода додани НБО- и Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб, ки солҳо аз қувваи барқ маҳрум буд, мисоли ин гуфтаҳост.

         Бар мегардем ба масъалаи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд. Масъалаи Варух имруз ба масъалаи ҷиддии миллати тоҷик табдил шуда истодааст. Дар урфият мегуянд, ки аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст. Тоҷикон аз рӯи ин матал амал намуда, тааммулро пеша намуда, хоҳони дӯстӣ ҳастанд. Таърихан миллати тоҷик бо ҳеҷ ягон халқу миллат ҷанг накардааст ва кӯшиши ҷангидан ҳам накардааст ва инро намехоҳад.  Танҳо хоҳони сулҳу дӯстист.  Тоҷикон аслан муътеи қонуни давлат ва қонуни нонавишиаи инсонӣ, эҳтиром, тааммулпазироӣ буданд ва мемонанд. Ва боз мегӯянд, бо ҳамсояи носозгор зистан дар морхона зистан аст. Нофаҳмиҳое, ки имруз дар байни тоҷикони Ворух ва қирғизтаборон боиси ташвиши ҳамагон аст. Онҳо бояд донанд, ки Тоҷикистон ҳамсояи беҳтарини  Қирғизистон буда,  зиндагии онҳо аз ҳар чиҳат аз ҳамдигар вобастагӣ дорад.  Солҳои тулонӣ муносибат байни тоҷику узбек хуб набуд ва ин ба зарари як тараф не, бар зарари ҳар ду тараф буд. Имрӯз ақли солим дастболо шу два ин ду миллат дар фазои дӯстӣ умри ба сар бурда, муносибати хуби сиёсӣ, фарҳангӣ, маданиву иқтисодӣ доранд. Мегуянд, ки даркушоӣ кун, на дарбандӣ. Баракати зиндагӣ аз дакушоист, на аз дарбандӣ.

         Мехостам деҳаи Ворух деҳаи дӯстии байни тоҷику қирғиз бошад:

                   Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

                  Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Алифбеков Замон

Муфаcсал...

Ҳар як порчаи марзу бум бароям Ватан аст

 Таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли мо, ки таҳти фишори қишрҳои гуногуни абарқудратҳо қарор гирифта буд, имрӯз дубора қадамҳои устувори худро ба сӯи оянда гузошта истодааст. Мавҷудияти давалат пеш аз ҳама ба дахлнопазирии марзу буми он вобастагии зиҷ дорад.

Албатта, маънии калимаҳои давлат ва ҷомеъаи он васеъ буда, барои ҳар як намояндаи ин ё он миллат ягона мебошад. Яъне, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз мансубият ба миллату дин, нажот, мазҳаб ва забон баробарҳуқуқ   мебошанд ва дар ҳудуди кишвар тамоми намуди шароити зиндагиро соҳиб шуда метавонанд. Мутаассифона, имрӯз сокинони қирғиз табори кишвари мо вобаста ба ҳаводиси байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯхдода, вокуниши манфи нишон дода дар сомонаҳои интернетӣ ба паст задани шаъну шарафи Ватани худ машғул мебошанд.

Адибони гузашта беҳуда нагуфтаанд: “Ватан он ҷоест, ки хуни нофат рехтааст!”. Яъне, агар ҳар як соҳибмиллати кишвар худро бегона ҳисобад, пас асаре аз давлати Тоҷикон боқи нахоҳад монд. Ба мисоли ин гуфтаҳо мо сокинони ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҶТ-ро номбар намуда, хоҳони тансиҳативу хонаободии онҳо мебошем ва умедворем, ки онҳо бори дигар аз ҳиссиётҳои ватандустию меҳанпарварӣ ёдовар ва дар пойдории дахлнопазирии кишварамон  саҳмгузор мегарданд.        

 Сокини ш.Хоруғ,

Сафоев Некмоншо

Муфаcсал...

Наҳзату гурӯҳи 24 ҷузъе аз ДИИШ-анд

 

4-уми ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалии Раҳмон ба Ҷумҳурии Конфедеративии Шветсария сафари расми доир намуданд. Дар ин сафар лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кӯҳӣ, сабук ва хурокворӣ, аз ҷумла коркади маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ, ки барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мебошад, бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ шартномаҳои дуҷониба бастанд.

Ҳангоми сафари Призиденти кишвар роҳбарон ва аъзоёни ҲНИ дар шаҳри Будорбуни Шветсария дар кӯчаҳои тангу торики ин кишвар расмгири намуда, инчунин навореро дар шабакаҳои интернети паҳн намуданд, ки аз марому мақсади нопоки ин ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ва роҳбари онҳо Муҳиддин Кабири ва дигар тарафдоронашон нисбати кишварамон дарак медоданд. Ҳамагон медонем, ки ҲНИ аз солҳои таъсисёби то ҳол зарае дар ободии кишварамон саҳм нагузоштаанд, баракс фақат қатлу ғорат, танқидро пешаи худ намудаанд. Дар ин навор онҳо худобехабарию худфурӯши, аз сару садобаландкуниҳояшон дарак медод, ки чунин шеваи гуфтори хашинашон танҳо василаи ором кардани қалби пур аз кинаи сиёҳи онҳост.

Аз сӯи дигар, бояд назди хоҷагонашон ҳар долару еврои гирифтаашонро ҳисобот диҳанд ва барои фаъолияти ояндаашон грант гиранд. ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ бо васвасаи хоҷагони хориҷиашон ва баъзе аз соҳибмулкони намакношинос, ки кулбаҳои бобоии худро оташ задаву рў ба мулкҳои бегона оварданд, худро намоиш диҳанд. Бехабар аз он, ки ин теша ба решаи худ задан буду халос. Мо ҳамагон медонем, ки ҳар як оилаи тоҷик ҳанӯз ҳам аз он рўзгор захмҳои шифонаёфтаи худ рӯйи қалбҳо доранд ва ҳеҷгоҳ иҷозати дуюмбора такрор шудани ин ҷанги хонумонсузро намедиҳанд ва ин ҳизбро дастгири намекунанд.

Бо ин амалаш ҲНИ мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳҳои куштору зӯроварӣ, тарсу ваҳм, ки дар амалҳои террористии моҳи сентябри соли 2015 аз тарафи Абдуҳали Назарзода ва аъзоёни дигари ин ҳизб содир гардида буд, амалӣ созанд. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи беамону оштинопазир алайҳи ин ҳизб ва ҳар гуна падидаҳои номатлуби диниро ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ, боқимондаҳои динӣ, хурофоти аз шуури мардум тадбирҳои гуногун андешида мешавад. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст ва намебарояд, чунки мардуми тоҷик аз азал хулосаи заруриро бедастгирии бегонагон ва бегонапарастон бароварда метавонад.

Айни ҳол байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфузу мартаба ба ин ё он минтақаи олам, сарвату захираҳои табии, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад ва онҳо дар ин корҳои касифонаи худ хиёнаткорони дохилӣ ба мисли ҲНИ-ро бо ҳамаи ҷузъиёташ истифода мебаранд.

Танҳо бо фишор ва қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан ба муқобили падидаҳои аср кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани нерў ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст ва бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғиб намоем то аз тарафи гурӯҳҳои тундрав ба мисли ҲНИ, ташкилотҳои террористӣ шомил нашаванд.

 Сокини ш.Хоруг: Назармамадов Эрик

 

Муфаcсал...

Даст дароз кардему заҳр чашидем…

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми куҳансолори тоҷик аз даврони арзи вуҷуд, мардуми сулҳпарвару ҳақиқатҷӯй буданд, агар бо ноҳақиву ноадолати ва ҳамла ба хештан рӯ ба рӯ мегардиданд, то ҷон дар бадан буданашон меҷангиданд. ..

 

           Баъди ба даст овардани соҳибистиқоли аниқтараш соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати тозаинтихобгардидаи он муносибатҳо иҷтимоиву иқтисоди ва сулҳҷуёнаи худро ба тамоми кишварҳои ҷаҳон бахусус бо давлатҳои Осиёи Маркази пурзур намуд. Ҷунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тинҷиву оромии ва шароити хуби зиндагиро барои мардуми осоишта дар муносибатҳои хуби дустиву ҳамсоягӣ медид. Дурнамоии Пешвои миллат ҳосили худро додаву моро бо давлати ҳамфарҳангу дуст, Ҷумҳурии Узбекистон, ки солҳои тулони муносибати сард доштем ба ҳам пайваст. Ҳоло муносибати Тоҷикистону Узбекистон то ба дараҷае наздик гардидааст, ки ҳамтояш дар дунё нест.

 Мутаасcифона солҳои охир яке аз проблемаҳои асосие, ки моро мардуми тоҷикро ба ваҷҳ овардааст ин муносибати ноадолатонаи  мардуми қирғиз ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон нисбати мардуми тоҷик мебошад. Аз давраи сар задани муноқишаҳо ки ташкилкунандагони онҳо ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон буд, зиёда аз 100 ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ва мардуми қирғизи ҳамсарҳад бо вилояти Суғд нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом додаанд. Дар ин ҳамлаҳои ноҷавонмардона чандин шаҳрвандон ҷароҳатҳои ҷисмони бардоштаанд. Вале ҷониби Тоҷикистон ҳамаи ин ҳамлаҳои ноҷавонмардонаро таҳамул карда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сарҳади хост онро бо роҳи маслиҳатомез ҳал намояд. Ба ин хотир Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жеенбеков Сооронбой Шарипович дар вилояти Суғд воҳӯри намуда, ӯро ҳамчун дуст ба оғуш гирифт ва бо ҳамроҳии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо аҳли ҷамоатчигии мардуми минтақаҳои ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон воҳӯриҳо гузарониданд ва умед буд,  ки ин ҳама нофаҳмоиҳо роҳи ҳали худро ёфта мардуми Тоҷикистону Қирғизистон мисли солҳои қабли ҳамчун дуст ва бародар зиндагӣ хоҳанд кард. Аммо мо надонистем, ки даст дароз мекунему заҳр мечашем. Ҳодисаи нангине, ки моҳи сентябри соли 2019 дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизситон рӯх доду талафотҳои ҷониро аз ҷониби Точикистон ба миён овард рафторе буд ноҷавонмардона. Ҳукумати Қирғизистонро мебояд муносибаташро бо Тоҷикистон дар сатҳи дипломати ба роҳ монда роҳи ин масъаларо тариқи таъсис намудани гурӯҳи кори барраси намоянд. Вагарна оқибатҳои чунин ҳаракатҳои ноадолатонааш нохушиеро бар сари мардуми қирғиз хоҳад овард.  Қитъаҳои замине, ки аз ҷониби мардуми қирғизтабор забт карда шудаанд, аслан ва дақиқан ба ҷониби Тоҷикисттон таалуқ дошта, онҳо ҳамчун иҷора аз ҷониби мардуми дилсузи мигнтақаи Хуҷан барои истифодаи муваққати ба мардуми қирғиз дода шуда буд.

Бояд донист, ки курнамаки ва курнамакон ояндаи талх доранд.

Мизроби М. сокини ш. Хоруғ                    

              

 

 

 

 

 

 

Муфаcсал...

СО ВСЕМ УВАЖЕНИЕМ К БРАТСКОМУ КИРГИЗСКОМУ НАРОДУ! Ответ на заявление депутата Шайынбека Орозалиева

Центральная Азия за последние десятилетия превратилась в регион мира и сотрудничество и в связи с этим нас очень тревожить громкие и  безосновательные заявления депутата Шайынбека Орозалиева, в котором он делает провокационные заявления о захвате земель. Обращаясь к  уважаемому депутату, хотелось бы сказать следующее: «Уважаемый депутат в том, что вы не находите общий язык со своими соседями, не виновны народы Таджикистана и Кыргызстана. Поэтому ваши заявления и  призывы являются преувеличенными и направлены только на дестабилизацию братских отношений наших народов. Мы понимаем эти выкрики не иначе как демагогию. Не надо представить себе границу в ее средневековой форме, когда соседние страны совершали набеги друг на друга. В современном мире граница это самое благоприятное место для развитие экономического сотрудничество. Если вы депутат и имеете доступ к властным структурам, стройте склады, дороги и создавайте инфраструктуру для развития приграничной торговли. Поверьте,  благополучие жителей приграничных районов будет процветать от сотрудничество, и наоборот жителей этих районов ожидает нищета если  обстановка на границе дестабилизируется. Поэтому мы призываем наших киргизских братьев последовать примеру  таджикско-узбекских отношений и больше времени уделять таким испытанным методам развития наших связей, как народная дипломатия и приграничная торговля, которые способствуют укреплению братских уз между нашими народами, увеличению  товарооборота  и экономической интеграции двух братских стран».

  Надеемся, что правоохранительные органы Кыргызстана и в дальнейшем будут пресекать подобные противоправные действия, на благо мира и спокойствия жителей приграничных районов и всех народов Таджикистана и Кыргызстана.

 Старший преподаватель Хорогского Государственного Университета

Саидасанов Ю.

Муфаcсал...

О ситуации в Боткентской области

           Преподаватели и студенты  Хорогского  государственного  университета имени  Моёншо Назаршоева  крайне  обеспокоены   ситуацией  в Боткентской  области. Мы не хотим остаться  в стороне,   и призываем всех  в обеих  республиках  не быть равнодушными к этой  серьёзной  проблеме. В  этом  заключается  наша  гражданская  позиция.

Ведь ещё  великий  Саади сказал:

                   Дети  Адамовы  - телу  сродни,

                   Из  колыбели  единой  они.

                  Если  поранился  палец один,

                  Разве остался  ты  весь  невредим?

                  Ты, кто при этом остался  беспечен,-

                  Не говори, что ты  сын человечий.

Наше  равнодушие на руку нашим врагам.  Наше  бездействие – это немедленное  действие  третьих   сил, которые  заинтересованы  в разжигании  войны  между  этими народами.

Таджикский и киргизский  народы испокон  веков  жили  душа  в душу,  между ними  всегда  были добрососедские  отношения. Ни одна  таджикская  мать и ни одна  киргизская  мать не хотят войны. Они  растили своих детей с надеждой, что  будущее  их  детей будет светлым  и  радостным. Они не хотят, чтобы их дети стали жертвами  раздора, который разжигают люди, борющиеся за  свои личные амбиции и интересы. Мы призываем киргизское правительство  и киргизский  народ вместе  с таджикским правительством и народом  сесть  за  стол переговоров и найти  пути решения  этой  проблемы.

Ещё  в  14    веке великий  Хафиз сказал:

Дерево дружбы  посади, плод благого зерна принесёт.

Ветку злобы  сорви, сто страданий  она  принесёт.

               

Муфаcсал...
Subscribe to this RSS feed

Log in

create an account