Эълонҳо

Террориз ва экстремизм

Бо ин зуҳурот муборизаи дастаҷамъона мебояд

Мубориза бо экстремизму терроризм дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест. Аз соли 2005 то ин инҷониб дар ҷомеаи Тоҷикистон ин мавқеъ пойдор  буду ҳаст, ки такрори он заруратро талаб намекунад. Манзур аз 10 соли ахир ҳамоно муборизаҳо дар дохили худи Тоҷикистон аст, зеро ки хатари хориҷии терроризму экстремизм – «ду шарр»-и мавзуи мавриди назари мо, ҳанўз ба тамоми маъно боқӣ мондааст. Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Террористон бо таркондану оташ задани манзилҳои истиқомативу иншооти ҳаётан муҳим, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлативу сиёсӣ, ташвиқоти ғояҳои ифротӣ, созмон додани ташкилотҳои террористӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта ҳаросони меафкананд. Онҳо тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, варақаву дастурҳои иғвоангез ва ваъдаҳои дурўғин мехоҳанд сафи аъзоёни худро зиёд намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризму экстремизм як зумра санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқиро қабул намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм фароҳам овард. Ҳукумати мамлакат тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод. Тоҷикистон, ки аз байни кишварҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад, дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгирии тавсеаи терроризм ва экстремизм ба қаламрави онҳо ҳамчун сипар истодааст.

  Таҳдиди хориҷии зуҳуроти болозикр, барои кишвари мо пеш аз ҳама дар вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида мешавад. Кишвареро, ки берун аз хоҳишҳояш дар қаламраваш тамоми созмонҳои террористӣ макони амн ёфтаанд, ҳамсоягонашро ба тахдидҳои  амниятӣ рў ба рў кардаанд. Ҳамсояро интихоб намекунанд. Вазъи имрўзаи Афғонистон сахт нигаронкунанда аст. Хатар барои Тоҷикистон бештар аз дохил, аз Афғонистон таҳдид мекунад. Хатарҳои асосие, ки гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои Тоҷикистон доранд, иборатанд аз:

  • таблиғ ва ташвиқи идеологияҳои дорои характери экстремистӣ;
  • таъсиси воҳидҳои таблиғотӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳи ҷиҳодӣ дар қаламрави кишвар;
  • мусоидат ба убури ғайриқонунии марз барои эмиссарҳои гурӯҳҳои ифротӣ;
  • таъсиси тамрингоҳҳои махфии низомӣ барои гуруҳҳои ифротӣ;

Ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки солҳои тўлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи нерўҳои ифротӣ буд ва барои таъминоти онҳо, ки дар лавозимоти ҷангӣ таҷассум меёфт, хизмат мекард. Вале давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳи  онҳо шуда, барои таъмини амнияти худ ва ҷаҳон сарфи назар аз хисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари буфериро иҷро намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар боварӣ ҳосил кард, ки Тоҷикистон метавонад минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад, чунки мо ҳанўз соли 1998 дар иҷлосияи 20-уми махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили «минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон»-ро пешниҳод карда будем. Боиси қайд аст, ки аз 1400 километри марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 910 километраш ба ҳудуди ВМКБ рост меояд ва ин сокинони вилоятро водор месозад, то баробари мақомотҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм фаъол бошанду баҳри таъмини амнияти вилоят ва умуман кишвар саҳмгузор бошанд.

Таҳлилҳои солҳои сипаригашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки гуруҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ баҳри зиёд намудани сафи аъзоёнаш дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти махсусро ба ҷавонон равона намудаанд. Аз ин ҷиҳат, ҷавонони тоҷик бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва баҳри баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву донишашон саъю кўшиш намоянд, то тавонанд ҳамсолони худро аз ҳамроҳ гардидан ба гуруҳу ҳаракатҳои ифротгаро боздоранд.

    Бояд гуфт, ки мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ қисми таркибии таъмини амният дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин самт, Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» тасдиқ шудааст. Он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизму терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Имрўз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ мавҷуд буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзўр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем амнияту осоиши ватанро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва онҳоро амн нигоҳ дорем. 

 

 Соҳибназар Амрихудоев,

коршиноси соҳаи амниятӣ аз Бадахшон

Log in

create an account