Ноиби ректор оид ба тарбия

Қамбаров Ниёзалӣ Чоршанбиевич

  • Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент
  • Вазифа: ноиби ректор оид ба тарбия
  • E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Қамбаров Ниёзалӣ Чоршанбиевич 3 - юми сентябри соли 1975 дар ҷамоати деҳоти Қ. Гадолиеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1992 баъди хатми мактаби миёнаи № 3 то соли 1995 дар техникуми касбии № 77 ба ҳайси коргар кор кардааст.

Аз соли 2000 то 2003 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати ёвари мудири кафедраи забонҳои шарқ ва соли 2004 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи М. Назаршоев ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳои шарқ фаъолият намудаст.

Солҳои 2005 - 2006 дар вазифаи ҷонишини декани факултаи филология оид ба корҳои тарбиявӣ кору фаъолият дошта, аз соли 2010 то инҷониб муаллими калони кафедраи забонҳои шарқ мебошад.

Н. Қамбаров соли 2015 рисолаи илмии номзадиро таҳти унвони «Андешаҳои адабии Маликушшуаро Баҳор» сарбаландона дифоъ карда, дар ҳамин мавзӯъ, яъне китоби «Ақидахои адабии Маликушшуаро Баҳор» - ро ба табъ расонд. Худи ҳамин сол мудири кафедраи забонҳои шарқи ДДХ таъйин гардида, аз соли 2017 то инҷониб ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ мебошад.

Log in

create an account