Ноиби ректор оид ба таълим

Алимшоев Мамадризо Мамадасанович

  • Унвони илмӣ: номзади илмҳои таърих, дотсент
  • Вазифа: ноиби ректор оид ба таълим
  • E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Алимшоев Мамадризо Мамадасанович 17 - уми октябри соли 1956 дар деҳаи Вужи ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатии М. Алимшоев аз соли 1974 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 6 шаҳри Хоруғ аз вазифаи коргари Комитети иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оғоз мешавад.

Солҳои 1975 - 1977 дар сафи Қувваҳои  мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ  хизмат намуда, баъди адои он соли 1977 ба факултаи таърихи шуъбаи ғоибонаи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва онро соли 1983 хатм кардааст.

Соли 1989 ба  Институти иҷтимоӣ – сиёсии шаҳри Саратови Федератсияи Россия дохил шуда, соли 1991 онро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм намудааст. Моҳи ноябри соли 2003 дар Шўрои диссертатсионии институти таърихи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ) рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя кард ва аз соли 1978 то соли 1987 дар вазифаи  мудири сектори ҳисобот, котиби комитети комсомолии совхози «Ватан», инструктор, мудири сектори ҳисоботӣ, мудири шуъбаи ташкилии Комитети комсомолии шаҳри Хоруғ, муовини мудири шуъбаи ташкилии комитети комсомолии ВМКБ  кору фаъолият намудааст.

Бо қушода шудани Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, яъне аз соли 1992 то инҷониб М. Алимшоев дар кафедраи таърихи умумӣ ба ҳайси омўзгор, муовини декан, декани факултети таърих ва филология, мудири кафедраи таърихи умумӣ, декани факултети таърих ва ҳуқуқ ва аз моҳи декабри соли 2007 то июни 2012 ноиби ректор оид ба тарбия, аз соли 2012 то 2013 мудири шуъбаи таърих, археология ва этнографияи Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ  фаъолият дошта, аз моҳи апрели соли 2015 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълим кор мекунад.

Log in

create an account