Ректори донишгоҳ

Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадович

  • Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
  • Вазифа: ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
  • E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадович 19 - уми октябри соли 1957 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи раками 3 - и ба номи С.М. Кирови шаҳри Хоруғ ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1979 бомуваффақият хатм менамояд. Фаъолияти илмӣ-омўзгориаш аз соли 1979 оғоз ёфта, то соли 1981 ба ҳайси ассистент дар  кафедраи назарияи иқтисоди  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон иҷрои вазифа намудааст.

Солҳои 1981-1984 дар аспирантураи кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи молиявӣ - иқтисодии ба номи Н.А.Вознесенский шаҳри Ленинград таҳсил намуда, соли 1985 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Государственное программирование экономики и бюджет в Великобритании» бомуваффақият ҳимоя кард. Баъдан фаъолияти илмӣ - педагогиашро то  соли 1991 дар кафедраи  назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома медиҳад. Соли 1991 ба таври интиқол ба Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаи сармутахассис гузаронида шуда, соли 1992 тарики озмун сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон интихоб мегардад. Аз соли 1993 то соли 1995 вазифаи ҷонишини аввали раиси  Комитети Иҷроияи Шўрои  депутатхои халқии  ВМКБ - ро иҷро  намудааст.

Солҳои 1995 - 2002 ба ҳайси мудири кафедраи иқтисод, декани факултети иқтисоди  Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев фаъолият доштанд.

Соли 2002 ноиби ректори Донишкадаи андоз ва хуқуқ таъин гардида, аз соли 2011 ба таври интиқол ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба ҳайси ноиби ректор оид ба таълим гузаронида шуд ва то соли 2014 фаъолияташро идома дод. Дар пешбурди кору таълиму тарбия дар Донишкадаи мазкур саҳми арзанда гузоштаанд.

Соли 2011 рисолаи докториро дар мавзӯи «Развитие механизмов регулирования неформальной занятости в переходной экономике  (теория, методология, практика) ҳимоя намуда, унвони доктори илмҳои иқтисодиро соҳиб мегардад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 11. 2014 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2014,  № 2691 ректори Донишгохи Давлатии Хоруғ таъин гардида, алъон ба иҷрои вазифаи хизматӣ, илмӣ ва педагогӣ машғул аст. Ба қалами ў зиёда аз 50 таълифоти илмию  методӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ тааллуқ доранд.

Log in

create an account